Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин Узбакистонро кишвари муҳим дар ОМ номид. ВИДЕО


Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар мулоқоти нахустинаш бо раҳбари Русия Владимир Путин дар Маскав муборизаи муштарак зидди терроризмро баррасӣ ва истифода аз «шадидтарин шева» дар амри решакан кардани ин зуҳуротро пешниҳод кард. Мулоқоти нахустини расмии ду раҳбар ду рӯз баъди таркиш дар метрои шаҳри Санкт-Петербург сурат гирифт ва тафтишот бовар дорад, ки ин амал кори дасти як зодаи Қирғизистон будааст. Мирзиёев дар мулоқот бо Путин аз ҳодисаи рӯзи 3 апрел изҳори таассуф кард.

Дар нахустин дидори Путину Мирзиёев дар Кремлин ҷонибҳо ба чолишу таҳдидҳои амниятӣ, ҳамкориҳои низомӣ ва иқтисодиву тиҷоратӣ муроҷиат карданд. Мирзиёев гуфт, ки умедвор аст дар соли 2017 мизони тиҷорат миёни ду кишвар 5 миллиард долларро ташкил хоҳад дод.

Владимир Путин дар ин мулоқот Узбакистонро як кишвари муҳим дар минтақаи Осиёи Марказӣ номид ва гуфт: ​"Барои мо мавқеи Узбакистон дар минтақа хеле муҳим аст, манзурам бо назардошти таниши афзоянда аз кишварҳои ҳамсоя, пеш аз ҳама Афғонистон."

Мирзиёев дар ин мулоқот гуфт, ки Узбакистон аз мавқеи Русия дар масоили Афғонистон пуштибонӣ мекунад. Аз ин пеш Мирзиёев бо Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия дидору гуфтугӯ кард. Медведев изҳори умедворӣ кард, ки сафари нахустини Мирзиёев ба Маскав дар мақоми президенти Узбакистон саҳифаи наверо дар ҳамкориҳои ду кишвар боз мекунад ва аз Узбакистон ба ҳайси шарики стратегии Русия ёд кард.

Дар остонаи сафари Мирзиёев ба Русия гуфта шуд, ки 55 санади ҳамкорӣ ба маблағи 16 миллиард доллар барои тасвиб омода шудаанд. Бахше аз ин санадҳо рӯзи 3 апрел дар сафорати Узбакистон дар Маскав имзо шуд.

Владимир Путин дар Маскав бо Шавкат Мирзиёв вохӯрд (бидуни таҳрир)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:29 0:00

XS
SM
MD
LG