Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии ҳамраъйӣ бо қурбониёни таркиш дар Маскав


Дар маркази шаҳри Маскав шоми 6 апрел раҳпаймоии ҳамраъйӣ бо қурбониёни таркиш дар метрои Санкт-Петербург баргузор мешавад, ки рӯзи 3 апрел боис ба марги 14 ва ҷароҳати 50 нафари дигар шуд. Баъзе кӯчаҳои марказии пойтахти Русия баста шудааст.

Тахмин меравад, ки дар ин раҳпаймоӣ 25 ҳазор нафар иштирок кунанд. Дар шаҳрдории Маскав гуфтанд, ки ин маърака хусусияти сиёсӣ надорад ва зарурате барои мувофиқа бо мақомот ҳам нест. Ташаббускори расмии раҳпаймоӣ Федератсияи Иттифоқҳои касабаи Маскав мебошад, вале дар дасти мардум шиору овезаҳои пуштибонӣ аз Кремлин ва ҳам ҳизбҳои тарафдори ҳукумат ба чашм мерасанд.

Аз ин пеш, чунин як раҳпаймоӣ дар шаҳри Владивосток ҳам баргузор шуд. Нашрияи “Коммерсант” навишт, ки Кремлин ба минтақаҳои кишвар амр дод, рӯзи 8 апрел митингҳои зидди терроризмро барпо кунанд ва ба вижа мардумро дар маконҳое сарҷамъ оранд, ки рӯзи 26 март шоҳиди эътирозҳои мухолифон шуданд. Дар Кремлин ин хабарро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG