Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радди номзадии Аҳмадинажод дар интихоботи президентии Эрон. ВИДЕО


Маҳмуди Аҳмадинажод ду давра - аз соли 2005 то 2013 - раёсати ҷумҳури Эронро бар уҳда дошт.
Маҳмуди Аҳмадинажод ду давра - аз соли 2005 то 2013 - раёсати ҷумҳури Эронро бар уҳда дошт.

Шӯрои нигаҳбон номзадии Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури собиқи Эронро барои сабқат дар интихоботи президентии рӯзи 19 май рад кард. Ситоди интихоботии Эрон рӯзи 20-уми апрел номи довталабони таъйидшуда аз тарафи Шӯрои нигаҳбонро эълон намуд, ки аз 6 нафар иборатанд ва дар миёнашон исми Маҳмуди Аҳмадинажод нест.

Телевизиони Эрон ба нақл аз ситоди интихоботӣ гуфт, ин номзадҳо аз Саид Мустафооқо Мирсалим, Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, Ҳасан Рӯҳонӣ, Саид Иброҳим Раисӣ, Муҳаммадбоқир Қолибоф ва Саид Мустафо Ҳошимӣ иборатанд. Дар ин феҳрист ба Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури собиқи Эрон ҳеҷ ишорае нарафтааст ва ин баёнгари радди салоҳияти ӯ аз тарафи Шӯрои нигаҳбон аст.​

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Маҳмуди Аҳмадинажодро аз сабқат дар интихоботи Эрон маҳрум карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:07 0:00

Инчунин, номзадии Ҳамид Бақоӣ – муовини пешини Маҳмуди Аҳмадинажод, Алиризо Зоконӣ – намояндаи собиқи Маҷлис, Ҳамидризо Ҳоҷибобоӣ – вазири пешини омӯзишу парвариш ва Муҳаммад Ҳошимӣ – раиси собиқи Садову Симо рад шудааст.

Қаблан бархе аз чеҳраҳои усулгаро, аз ҷумла Аҳмад Таваккалӣ аз Шӯрои нигаҳбон хоста буданд, ки номзадии Аҳмадинажодро рад кунад. Вале раиси ҷумҳури пешин ахиран дар мусоҳибааш бо як шабакаи телевизионии Чин гуфта буд, далеле барои радди салоҳияти ӯ вуҷуд надорад. Ҳанӯз вокуниши Маҳмуди Аҳмадинажод дар робита ба хабари маҳрум шуданаш аз сабқат дар интихоботи навбатии президентӣ дастрас нашудааст.

Хоманаӣ гуфта буд, “ширкат накарданаш ба нафъи худи ӯст ва агар дар интихобот иштирок кунад, боис ба эҷоди фазои дуқутбӣ дар Эрон хоҳад шуд”

Аҳмадинажод рӯзи 12 апрел дар ҳоле барои иштирок дар интихоботи ояндаи президентӣ дар Эрон худро сабти ном кард, ки соли гузашта раҳбари олии Ҷумҳурии Исломӣ Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ аз ӯ хоста буд, то номзадиашро дар ин интихобот нагузорад. Хоманаӣ гуфта буд, “ширкат накарданаш ба нафъи худи ӯст ва агар дар интихобот иштирок кунад, боис ба эҷоди фазои дуқутбӣ дар Эрон хоҳад шуд”. Баъдан Аҳмадинажод гуфт, ки ин танҳо як тавсия буд ва рӯзи 6 апрел дар як нишасти хабарӣ дар Теҳрон расман эълон кард, ки нияти президентшавӣ надорад.

Ӯ ғайриинтизор рӯзи 13 апрел ҳамроҳи Ҳамид Бақоӣ барои номзад шудан худро номнавис кард. Талоши Маҳмуди Аҳмадинажод барои иштирок дар интихоботи навбатӣ бар хилофи тавсияи раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ, вокунишҳои ҷиноҳи усулгароёнро дар пай дошт. Аббос Алӣ Кадхудоӣ, сухангӯи Шӯрои нигаҳбон пеш аз ин дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи "Мусаллас" гуфта буд, ки "тавсия"-и раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ба оқои Аҳмадинажод метавонад ба унвони "амри қонунӣ" ба шумор равад.

Маҳмуди Аҳмадинажод бо Ҳамид Бақоӣ
Маҳмуди Аҳмадинажод бо Ҳамид Бақоӣ

Аммо рӯзи 14 апрел Абдуризо Доварӣ, аз наздикони оқои Аҳмадинажод дар "Твиттер"-и худ навишт, ки гирифтани ҳаққи номзадӣ аз Аҳмадинажод бо такя ба "тавсия"-и раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ, "нақзи Қонуни асосӣ" аст.

Маҳмуди Аҳмадинажод дар тобистони соли 2005 дар ҳоле раиси ҷумҳури Эрон интихоб шуд, ки мири шаҳри Теҳрон ва фарди начандон шинохта буд. Ӯ дар интихоботи ҷанҷолбарангези соли 2009 низ бори дигар барои чаҳор сол ба курсии раёсати ҷумҳури Эрон нишаст, вале бар хилофи давраи қаблӣ, бо мухолифатҳои зиёде чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ рӯ ба рӯ шуд. Маҳмуди Аҳмадинажод аз ҷумла аз минбари Созмони Милали Муттаҳид қазияи Ҳолокост ё қатли оми яҳудиёнро “афсона” ва омилҳои ҷанг дар Афғонистону Ироқро “мармузу торик” хонд.​

Аҳмадинажоди 59-сола баъд аз хатми давраи президентиаш барои тадрис ба донишгоҳ баргашт. Ӯ унвони номзади илм дар арсаи нақлиётро дорад ва қабл аз карйераи сиёсиаш ҳам дар донишгоҳ дарс мегуфт.

Барои интихоботи дувоздаҳуми раёсати ҷумҳурии Эрон дар маҷмуъ 1636 кас худро сабт карда буданд. Сухангӯи Шӯрои нигаҳбон гуфт, ки парвандаи ин афрод дар муддати шаш рӯз баррасӣ шудааст. Интихоботи навбатии президентии Эрон рӯзи 19 май баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG