Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокини Русия барои оташ задани парчами кишвар ба зиндон меравад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Сокини ноҳияи Серпуховои минтақаи Маскав Никита Садков, ки моҳи августи соли гузашта парчами Русияро ба нишони эътироз дар пояи деворҳои Кремлин оташ зада буд, ба таҳқири муқаддасоти давлатӣ муттаҳам мешавад. Дар ин бора вакили Садков рӯзи 25 апрел ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ба гуфтаи худи айбдоршаванда, он замон ӯ алайҳи "сиёсати ғалат"-и Русия эътироз карда буд.

Ҳоло ин сокини Серпухово дар ростои ҳукми зиндон қарор дорад. Дар баробари иттиҳоми "таҳқири муқаддасоти давлатӣ", Садков дар заминаи нашри як видео дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте", ки ба гуфтаи мақомот "нафрат ва душманиро нисбати русҳо бедор мекард", ба тундгароӣ низ муттаҳам шудааст. Аз рӯи ин иттиҳом ба ӯ панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.

Худи Никита Садков иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ки ӯро барои ақидаҳояш таъқиб мекунанд.

XS
SM
MD
LG