Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон: "Озодии динӣ дар Тоҷикистон пурра таъмин аст"


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки сокинони кишвар аз озодии виҷдону эътиқоди динӣ пурра баҳраваранд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора рӯзи 24-уми июн дар паёмаш бахшида ба Иди Рамазон изҳори назар кард ва онро натиҷаи беш аз 25-соли истиқлол номид.

Ин паёми оқои Раҳмон ду рӯз қабл аз таҷлили Иди Фитр дар вебсайти расмиаш нашр гардид ва дар он аз сокинон хоста шудааст, ки ҳангоми таҳияи дастархони идона ба харҷи зиёд роҳ надиҳанд. Ӯ, инчунин, дар ин рӯз дасти ёрӣ дароз кардан ба сокинони дармонда ва бахусус ятимонро таъкид кардааст.

«Маблағҳои аз маъракаву чорабиниҳои серхароҷоту нодаркор сарфашударо, пеш аз ҳама, барои бартараф кардани камбудии рӯзгор, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва таълиму тарбияи фарзандон, ки ояндаи мо мебошанд, сарф кардан ё дасти дармондаву муҳтоҷеро гирифтан айни савоб аст», - таъкид кардааст ӯ.

Иди Фитр ё Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи 26-уми июн фаро мерасад. Ин рӯз дар Тоҷикистон расман истироҳат эълон шудааст. Баъзе аз кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла Қирғизистони ҳамсояи Тоҷикистон эълон карданд, ки як рӯз пештар, яъне 25-уми июн, Иди Фитрро таҷлил мекунанд.

Аммо изҳороти Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъмини пурраи озоди виҷдону эътиқоди динӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки Душанбе аз соли 2009 боз дар гузоришҳои созмону кишварҳои хориҷӣ пайваста барои эҷоди маҳдудият барои диндорон танқид мешавад. Аз ҷумла, созмонҳои байналмилалӣ борҳо аз басташавии масҷиду манъи рӯсарӣ, таъқиби сокинон бо баҳонаи мубориза бо терроризм ва сабтиноми дубораи созмонҳои динӣ, аз ҷумла ибодатгоҳҳо нигаронӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG