Пайвандҳои дастрасӣ

Трамп таҳдид кард, барои "ахбори дурӯғин" расонаҳоро мебандад


Доналд Трамп

Доналд Трамп, президенти Амрико гуфт, расонаҳое, ки бо вай ҳамақида нестанд, мумкин аст, баста шаванд. Трамп рӯзи 11-уми октябр дар мулоқоти кӯтоҳ бо рӯзноманигорон ба расонаҳо ҳамла кард.

Хашми президентро иттилои телевизони NBC News ба бор овард.

Телевизиони мазкур хабар дод, ки президент мехоҳад кӯлоҳақҳои ҳастаиро бештар кунад ва ба гузориши телевизион, дар пайи баҳсҳои мазкур котиби давлатии Амрико Рекс Тиллерсон гӯё дар ҷаласаи Пентагон Трампро "аҳмақ" номидааст.

Трамп дар саҳифаи шабакаи иҷтимоии Твиттер иттилоъ дар бораи кӯлоҳакҳои ҳастаӣ ва баҳс бо Тиллерсонро "бофта" номид, ки барои "беобрӯ" кардани вай равона шудааст. Ӯ афзуд, имкон дорад, иҷозатномаи фаъолияти телевизионҳое, ки "хабари бардурӯғ" нашр мекунанд, бозхонд шавад. Ҳомиёни ҳуқуқ аз ҳамлаҳои лафзии президент ба озодии баён, изҳори нигаронӣ мекунанд.

Дар посух ба таҳқиқоти давомкунанда дар бораи робитаҳои эҳтимолии ситоди интихоботии президент бо Русия, Трамп ба кумитаи иктишофии сенат пешниҳод кард, паҳн кардани "хабарҳои бардурӯғ"-ро аз сӯи расонаҳо тафтиш кунад. Вай ҳамчунин пешниҳод кард, тартиби қадимие, ки соли 1987 бекор шуд, дигарбора эҳё гардад. То соли 1987 расонаҳои ИМА вазифадор буданд, дар масъалаҳои баҳсбарангези сиёсӣ нуқтаи назарҳои мухталифро ҷамъ оранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG