Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Овозхони ҳамҷинсгарои чеченро куштаанд?


Зелимхон Бакаев
Зелимхон Бакаев

Яке аз созмонҳои бонуфузи ҳомии ҳуқуқ дар Русия мегӯяд, аз он бисёр нигарон аст, ки як овозхони шинохтаи ҳамҷинсгаро баъди рафтан ба хонаашон ба Чеченистон кушта шуда бошад.

Дар ин бора хабаргузории Франс Пресс рӯзи 27-уми октябр хабар дод. Хешовандони Зелимхон Бакаев, ки рӯзи 8-уми август охирин бор дар шаҳри Грозний дида шудааст, мегӯянд, аз сарнавишти ӯ бисёр нигарон ҳастанд.

Зелимхон Бакаев моҳи август барои кӯмак дар ҷашни арӯсии хоҳараш ба Чеченистон баргаштааст. Олег Орлов, намояндаи созмони “Мемориал” ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, “Вақте як нафар нопадид мешавад ва маъмурони пулис қазияи бенишон шудани ӯро таҳқиқ намекунанд, мо дар бораи ҳаёти ӯ бисёр метарсем.”

Олег Орлов мегӯяд, ки модари Бакаев ба мақомоти пулис барои пайдо кардани фарзандаш муроҷиат кардааст, аммо ҳеҷ таҳқиқе дар ин замина оғоз нашудааст. Аз ин пештар гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи аққалиятҳои ҷинсӣ гуфтанд, ки Бакаеви 26-соларо баъди бозгашташ ба шаҳри Грозний куштаанд.

Дар Чеченистон дар чанд моҳи гузашта амалиёт ба зидди ҳамҷинсгароён шурӯъ шуд ва даҳҳо нафар аз онҳо дар бораи бадрафторӣ нисбат ба ҳамҷинсгароён ва ҳатто қатли онҳо хабар додаанд.

XS
SM
MD
LG