Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе исми беҳтарин падарҳо эълон мешавад


Акс аз озмуни порсолаи "Ман бо духтарам ифтихор мекунам" аст
Акс аз озмуни порсолаи "Ман бо духтарам ифтихор мекунам" аст

Рӯзи 24 ноябр дар шаҳри Душанбе дар чаҳорчӯби маъракаи умумиҷаҳонии “16 рӯз бар зидди хушунат” ғолибони озмунҳои иншо ва суратҳои беҳтарин дар мавзӯи “Ман бо духтарам ифтихор дорам” мушаххас мешаванд.

Сандуқи нуфусшумории Созмони Миллали Мутаҳҳид дар Тоҷикистон аз мубтакирони аслии ин чорабинӣ аст. Муаллифони ташаббус мегӯянд, имрӯз ғолибони озмуни иншои беҳтарин ва суратҳои беҳтарин дар мавзӯи “Ман бо духтарам ифтихор мекунам” мушаххас мешаванд. Ҳамаи ширкатдорони озмун падарҳо мебошанд.

Ба гуфтаи муаллифон, озмуни мазкур дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон нақши муҳим дорад, чунки мардони ҷомеаро ташвиқ мекунад, ки дар пуштибониву дастгирии духтаронашон дар таҳсилу кор фаъолтар бошанд: “Падарон дар ҳаёти духтарон мавқеи бузург доранд. Онҳо дар фаҳмидани фарзанди худ ва дастгирии онҳо барои дар амал татбиқ гардидани орзуҳо ва ноил шудан ба мақсадҳои духтарон кӯмак мерасонад”.

Ба ин далел ин масъулон таъкид мекунанд, ки “мақсади озмун - намоиши мавқеи мусбати падарон дар кӯмак ба амалисозии имкониятҳои рушди духтарон ва ҳалли мушкилоти онҳо мебошад". Падари беҳтарин аз миёни 70 ширкатдори озмун муайян мешавад.

Зимнан, чорабиниҳои марбут ба “16 рӯз алайҳи хушунат” дар ҷанд соли ахир дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон аз 25 ноябр шурӯъ шуда то 11 декабр идома пайдо мекунад.

XS
SM
MD
LG