Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовири пешини Трамп ба ироаи шаҳодати бардурӯғ айбдор шуд


Майкл Флинн - собиқ мушовири амниятии Кохи сафед
Майкл Флинн - собиқ мушовири амниятии Кохи сафед

Додгоҳи Амрико собиқ мушовири амнияти миллӣ Майкл Флиннро ба пешниҳоди шаҳодати бардурӯғ ба Хадамоти федеролии амният -FBI айбдор кард.

Бинобар иттиҳом, Флинн "дидаву дониста" ба FBI дурӯғ гуфт, ки ҳеҷ гоҳ масъалаи таҳримҳои зидди Русияро дар марҳилаи гузариши 8 ноябр то маросими савганди Трамп, бо Сергей Кисляк- сафири пешини Русия дар Вашингтон матраҳ накардааст.

Майкл Флинн аз мақоми мушовири амниятии милии маъмурияти Доналд Трамп моҳи феврал, баъди 24 рӯзи фаъолият истеъфо дод. Ӯ дар ҳоле аз мақом рафт, ки оиди робитааш бо Кисляк ноиби раиси ҷумҳур Майкл Пенсро гул зад.

Таҳқиқи робитаи эҳтимолии намояндагони Трамп бо агентҳои Русияро мушовири вежаи Департаменти адлия Роберт Мюллер пеш мебарад.

Баъди Пол Манафорт, раҳбари ситоди интихоботии Трамп, шарики тиҷоратии Манафорт -Рик Гейтс ва мушовири сиёсати хориҷии Трамп Ҷорҷ Пападопулос, Флинн чаҳорумин нафарест, ки дар чаҳорчӯби таҳқиқи ин парванда айбдор шудааст.

Моҳи январ, ҷомеаи истихбороти ИМА хулосаи худро дар бораи дахолати Русия ба умури интихоботи президентӣ ироа кард, ки бар поияи он ҷиҳати таъсигузорӣ ба интихоботи президентии соли 2016 ба фоидаи Трамп, ҳукумати Русия маъракаи муташакилро ба роҳ монд.

XS
SM
MD
LG