Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони тоҷик сиёсиянд, ғайрисиёсӣ ё интихобан сиёсӣ? Гапи Озод. ВИДЕО


Gapi Ozod, cover
Gapi Ozod, cover

Ақидае ҷой дорад, ки ҷавонони тоҷик дар масъалаҳои саҳлу сабуку ғавғоӣ ва масоили хориҷӣ фаъоланду назар медиҳанд, аммо дар масъалаҳои мушкилу ҷиддию амиқ сокит. Барои Фаластин ё Русия зидди Исроил ё Украина садо баланд мекунанд, нисбат ба мушкилоти дохилии ҷомеаи худ хомӯшанд. Оё дарвоқеъ чунин аст?

Меҳмонони барнома:

Абдуқодири Абдуқаҳор, рӯзноманигор ва фаъоли маданӣ

Муҳаммадҷон Кабирӣ, мудири “Аздо ТВ”, расонаи наздик ба мухолифон

Баъзе аз суолҳо:

  • Ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар воқеаҳои охири Исроилу Фаластин садо баланд карданд. Ангезаашон чӣ буд?
  • Оё мешавад, чунин натиҷа гирифт, ки ҷавонони тоҷик зидди зулм ва тарафдори адлу адолатанд?
  • Чаро дар мавридҳои дигар ҷавонони мо сукут ихтиёр мекунанд. Масалан, зулм ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ё вокуниш ба воқеаҳои хунине, ки дар Хоруғу Рӯшон сар заданд?
  • Ҷавонони тоҷик сиёсиянд, ғайрисиёсӣ ё интихобан сиёсӣ?

Чанд иқтибос аз барнома:

“Ҳувияти динии ҷавонони мо аз ҳувияти миллиашон бештар аст. Аз каммаърифатӣ ва мағзшӯйӣ шуданашон дарак медиҳад. Мебинем, ки дар ҳама шабакаҳо боэҳсос ва бо ҳақорат алайҳи Исроил ҳарф мезананд. Ба ин хусусан ҷавонони Ҳизби наҳзати исломӣ ва “Гуруҳи 24” ангеза дода истодаанд.”

***

“Ба назари ман, ҷавонони мо мехоҳанд ҳам дар масъалаҳои дохилӣ фаъол бошанд ва ҳам дар масъалаҳои берун аз Тоҷикистон. Дар айни замон тааллуқоте дорем, таалуқоти динӣ ва инсонӣ. Вақте мебинем тарафе қурбонӣ мешавад, наметавонем бетараф бошем.”

***

“Чаро ҷавонони мо дар дохил хомӯш ҳастанд? Ин тарс аз саркӯб шудан ва хафақон аст. Блогерони зиёдеро дидем, ки масъалаҳои ҷиддиро мегуфтанд, чун Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ, блогерони Бадахшон. Камбудиҳоро мегуфтанд, вале боздошт шуданд.”

***

“Воқеан, хомӯш нестанд. Гузоришҳоро дар бораи бедодгариҳои пулиси Русия дар Фейсбук мебинам. Албатта, режими Путин сахт аст, тазоҳурот кардан намемонад. Вазъияти бачаҳои тоҷик бад аст. Ҳуқуқи бачаҳои мо нақз мешавад. Камтар обрӯ дорем. Нисбат ба намояндаҳои миллатҳои дигар бештар тоҷикҳо таҳқир мешаванд. Ҷавонони мо забон намедонанд, ҳуқуқи худро намедонанд, хеле тарсу ҳастанд. Бубинед, муносибати Русия бо гурҷиҳо хуб нест, вале намебинем ҳуқуқи як гурҷӣ поймол шавад.”

***

“Расонаҳо ва ҳукумат ба ҷойи он ки ҷомеаро дуруст тарбият кунанд, шабу рӯз машғули рақсу таронахонӣ ҳастанд. Ман мувофиқ нестам, ки ҷавонон динзада бошанд. Мо ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳиди рақсу бозиҳо ҳастем. Вазъи ҷавонони мо баёнгари тарбияи 30-солаи ҳукумат аст.”

***

“Ҳоло обрӯи шабакаҳои иҷтимоӣ аз расонаҳои давлатӣ бештар аст ва тамошобинаш ҳам зиёдтар. Дар ҳама масъала, дар мавриди ҳодисаи Ваҳдат гуфтанду навистанд. Ҳамин ҳукумат як чиз мехоҳад, қонунро вайрон накун, туҳмат накун. Ман дар ҳама масъалае, ки камбудӣ дорад, менависам ё як намояндаи ҳукумат мутаҳаммӣ кард, менависам.”

***

“Чаро ҷавонони мо дар мавзуъҳои ҳассос дар дохил суҳбат намекунанд? Суҳбат мекунанд, агар ба шарте ки ҳукумат ичозат диҳад. Масалан, дар даргирии аввал бо Қирғизистон ҳукумат иҷоза дод ва ҳама дар дохил ва дар берун дар шабакаҳо менавиштанд. Ё вақте дар садамае, ки дар Кӯлоб рух доду чанд нафар кушта ва захмӣ шуданд, иҷоза доданд ва наворҳову навиштаҳо дар шабакаҳо пахш мешуданд. Вале дар Ваҳдат ҷавоне, ки гуфт пиразани 84-соларо мақомот латукӯб карданд, ин ҷавонро дастгир карданд.”

Барномаро дар инҷо бинед:

Чаро ҷавонон аз мушкили дохили Тоҷикистон намегӯянд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:38:41 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG