Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории Шодӣ Ҳафиззода ва таъйини сардорони чанд раёсати ВКД


Шодӣ Ҳафиззода
Шодӣ Ҳафиззода

Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза ба зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ (УБОП), аз мақом барканор шудааст.

Ин генерали 43-соларо домоди вазир Рамазон Раҳимзода медонанд.

Мақомот хабару сабаби барканории Шодӣ Ҳафиззодаро нагуфтанд. Сомонаи ВКД рӯзи 2-юми феврал Саидаҳтам Ҳотамзодаро сардори нави Раёсат муаррифӣ кард.

Шодӣ Ҳафиззода аз соли 2017 дар ин мақом кор мекард. Намояндагони мухолифон борҳо ӯ ва раёсати зери раҳбарияшро ба боздошту шиканҷаи дигарандешон танқид кардаанд.

Аз ҷумла, худаш моҳи июли соли 2022 хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатиро "ба узвият дар Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ” муттаҳам карда буд. Дертар додгоҳ Ғурбатиро ба ҳафт сол зиндон маҳкум кард, вале худаш дар номае гуфт, ки гуноҳ надорад ва зери фишор баёнот дод.

Рӯзи дувуми феврал Сӯҳроб Рамазонзода аз мансаби Раёсати кор бо ҳайати шахсии ВКД озод шудааст. Ба ҷойи ӯ номи Ҳусейн Халилзодаро навиштанд.

Сардорони нави баъзе раёсатҳои ВКД:

  • Рустам Шафизода – сардори Раёсати корҳои дохилии ВМКБ;
  • Саидаҳмад Маҳмадҷонзода – сардори Раёсати таҳқиқи ВКД;
  • Абдуҷаббор Мирализода – сардори Раёсати таъминоти моддӣ, техникӣ ва низомии ВКД;
  • Ҳабиб Қаҳҳорӣ – сардори Раёсати ҳамкориҳои байнулмилалии ВКД;
  • Ҷомӣ Мирзозода – сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД;
  • Олимҷон Бурҳониён – сардори Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Бохтар;
  • Шералӣ Ҳайдарзода – сардори Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб;
  • Манучеҳр Назарзода – сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвон;
  • Зафар Саидзода – сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Кушониён;
  • Камолиддин Иброҳимзода – сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Дӯстӣ;
  • Абдусаттор Юсуфзода – сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Носири Хусрав;
  • Ҷамшед Шодизода – сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шуғнон;
  • Сулаймон Абдуллоев – сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рушон;
  • Раҷабалӣ Самадзода – сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шаҳристон;
  • Зокир Бурҳонзода – сардори Шуъбаи №2 ВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ.
XS
SM
MD
LG