Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз талоши ширкатҳои мобилӣ бобати нархҳо ҳимоят кард. ВИДЕО


Акс аз соли 2018
Акс аз соли 2018

Хадамоти зиддиинҳисорӣ тасдиқ кардааст, ки ширкатҳои мобилии Тоҷикистон бо чанд далел мехоҳанд нархи тарофаҳо боло бурда шавад. Гаронтар шудани нерӯи барқ, қимат шудани сӯзишворӣ, беқурбшавии пул ва зиёд шудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз далели барои боло бурдани нархи хадамоташон будааст.

Охири моҳи январи имсол се ширкати мобилии Тоҷикистон “Мегафон”, Тселл ва Вавилон хабар доданд, ки аз 1-уми феврали соли 2024 нархи хадамоти худро боло мебаранд. Аммо дар пайи шикояти корбарон ва норозигии Хадамоти алоқа, ширкатҳо аз ин тасмими худ даст кашиданд.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ниҳоди назораткунанда дар бахши нархгузорӣ дар посух ба номаи Радиои Озодӣ навиштааст, баъди соли 2020 нархи барқ 33 дарсад, нишондиҳанда барои ҳисобҳо 24 дарсад зиёд шуда, пули миллӣ ҳам 13 дарсад қурбашро аз даст дод.

“Бинобар сабаби тағйир ёфтани андозаи нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо аз 1 январи соли 2024 маблағи иҷори макон ва ҷойҳои истеҳсолӣ барои истгоҳҳои базавӣ нисбат ба солҳои қаблӣ афзоиш ёфтааст,” - навиштааст Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

Хадамот дар посух ба Радиои Озодӣ навиштааст, “дар сурати бетағйир мондани тарофаҳои хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ... муфлисшавии ширкатҳо аз эҳтимол дур набуда, ҳамзамон таъсири манфии худро ба қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби пардохтҳои андозӣ мерасонад.”

Ҳафтаи гузашта Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқа дар суҳбати ҳузурӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфта буд, ширкатҳои мухобиротӣ худсарона нархи тарофаҳоро боло бурдаанд. Радиои Озодӣ ба баъзе ин ширкатҳо аз ҷумла Мегафон нома навишт, аммо ширкат аз посух худдорӣ кард.

Сабабҳои қимат кардани интернетро шарҳ доданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:26 0:00

Хадамоти зиддиинҳисорӣ низ дар посухи расмиаш нагуфтааст, ки оё нархҳои нави тарофаҳои мобилӣ қаблан бо ин ниҳод мувофиқа шуда буд ё не? Дар посухи Хадамоти зиддиинҳисорӣ танҳо омадааст, масъалаи тағйир додани нархи хадамоти ширкатҳои мобилӣ “дар баррасӣ қарор дорад.”

Ширкатҳои калони мобилии Тоҷикистон танҳо баъд аз мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳақ доранд нархи хидматрасониашро боло баранд.

Хабари гаронтар шудани хадамоти мухобиротӣ норозигии даҳҳо корбарро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Баъзе аз коршиносон мегӯянд, бозор бо дастур кор намекунад ва барои поён бурдани нархи гуфтугӯ ва интернет бояд ислоҳот гузаронда шавад.

Солҳои ахир сокинон аз суръати паст ва нархи баланди интернет дар кишвар норозигӣ кардаанд. Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар як соли ахир чанд маротиба аз ин бахш интиқод кард ва дастури ислоҳи вазъро дод. Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президент дар ҷавоб ба баъзе иқдомот даст зад, вале тағйири ҷиддӣ нашуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG