Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мехоҳем гумрук боҷхона шавад, суғурта – бима, вале муҳлат даркор" ВИДЕО


Олимҷон Муҳаммадҷонзода
Олимҷон Муҳаммадҷонзода

Раиси Кумитаи забон мегӯяд, ҷонибдори истифода аз истилоҳҳои тоҷикӣ ба ҷойи русиву забонҳои дигари хориҷӣ дар қонунҳо ва номи идораҳои давлатӣ аст.

"Бояд рӯҳи истиқлол ва соҳибихтиёрии давлат дар ҳама бахшҳо эҳсос шавад," – гуфт Олимҷон Муҳаммадҷонзода рӯзи 6-уми феврал дар нишасти матбуотӣ. Мухолифони тасмим ҳам кам нестанд.

"Агар истилоҳи байнулмилалӣ бошаду муродифи он, синоними он, дар забони тоҷикӣ бошад, бояд аз он истифода барем. Бештар афзалият дода мешавад ба забони давлатӣ, яъне забони миллӣ. Агар набошад, истифода аз истилоҳоти байнулмилаӣ мушкилие надорад," – афзуд раиси Кумитаи забон.

Чанде пеш порлумони Тоҷикистон истилоҳи "гражданӣ"-ро дар номи Кодекси мурофиавӣ ба “маданӣ” иваз кард. Пеш аз ин, дар соли 2022, номи Кодекси гражданӣ ба Кодекси маданӣ иваз шуда буд.

Аз раиси Кумитаи забон пурсида шуд, ки оё зарурат ба табдили суд, прократура ва милитсия дар қонунҳо ва номи ниҳодҳо нест? Олимҷон Муҳаммадҷонзода гуфт: "Имрӯз мардум қабул доранд, ки ба ҷойи суғурта бима ва ба ҷойи истилоҳоти дигар баробари тоҷикии онҳо бошад. Ин ҳамааш вақт мехоҳад, то мардумро омода кунем."

“Вақте асноди ҳуқуқиро ташхис ва баррасӣ мекунем, ҳатман пешниҳод мекунем ба ҷойи гумрук боҷхонаро истифода баранд. Ҳисоб карда баромадем, ки барои як истилоҳро иваз кардан бештар аз 10 қонун ва асноди дигари меъёриву ҳуқуқиро иваз кардан даркор мешавад, ки ин мушкилоти зиёде ба мардум меорад,” -- таъкид кард ӯ.

Баҳси ҷойгузин кардани истилоҳу вожаҳои тоҷикӣ ба ҷойи истилоҳоти русӣ ва забонҳои дигар дар Тоҷикистон ҳанӯз аз поёни замони Шӯравӣ дар миёни донишмандон ва забоншиносон доғ аст.

Бархе бар ин назаранд, ки бояд ин истилоҳот бечунучаро иваз шаванд. Баъзеи дигар ҷонибдори мондани вожаҳои “байнулмилалӣ” ҳастанд.

Умед Ҷайҳонӣ, забонпажӯҳи тоҷик дар Маскав, чанде пештар ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "забони мо як забони байнулмилалӣ аст. Конститутсияро бояд гуфт Қонуни асосӣ, ба ҷойи президент бояд гуфт кишвардор ё раисҷумҳур, ба ҷойи маҷлис ё парлумон бояд гуфт анҷуман. Забони мо худ байнулмилалӣ аст. Барои баёни мафҳумҳои кишвардорӣ ба андозаи кофӣ истилоҳ дорад.”

Тоҷикистон аз ҷумҳуриҳои нахустини Шӯравии пешин буд, ки қонунро дар бораи мақоми забони давлатӣ пазируфт. Дар замони пас аз қабули ин қонун бархе аз ниҳодҳо, аз ҷумла прократура, суд, адвокат, судя ба додситону додгоҳу вакили мудофеву додрас иваз шуда буданд, вале дертар истилоҳоти замони шӯравӣ дигарбора ба забони коргузорӣ баргаштанд.

Ҳарчанд ҳукумати Тоҷикистон то кунун номи бисёре аз шаҳру ноҳияҳо ва маҳаллу воҳидҳои ҷуғрофиии мероси замони Шӯравиро тағйир дод, барои нигоҳ доштани калимаҳои бегона, бахусусӣ русӣ дар номи баъзе аз идораву вазоратҳо ва ҳуҷҷату қонунгузорӣ танқид мешавад.

Видеоро дар инҷо бинед:

"Мехоҳем гумрук боҷхона шавад, вале муҳлат даркор"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG