Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дафни Давлатманди Хол, ҳунарманде, ки "Фалак"-ро то ЮНЕСКО бурд


Маросими видоъ бо Давлатманди Хол, шаҳри Душанбе, рӯзи 19-уми феврали 2024
Маросими видоъ бо Давлатманди Хол, шаҳри Душанбе, рӯзи 19-уми феврали 2024

Давлатманди Хол (Давлатманд Холов), ҳунарманди саршинос ва фалаксарои маъруфи Тоҷикистонро, ки бар асари бемории саратони ҷигар даргузашт, дар оромгоҳи “Лучоб”-и Душанбе дафн карданд. Маросим рӯзи 19-уми феврал баргузор шуд. Ӯ 74 сол дошт.

Саид Хол, бародари Давлатманди Хол, гуфт, ӯ як сол боз аз беморӣ ранҷ мекашид ва барои муолиҷа ба Эрону Ҳиндустон рафт.

“Ҳамагӣ ду моҳ пеш ҷарроҳии талхадонро пушти сар гузошт. Ба Маскав рафта буд. Дар онҷо чаҳор рӯз истод. Гуфтанд, ки саратони ҷигар аст, беморияш вазнин. Омад, инҷо, дар бемористони Қарияи Боло хоб рафт. Аз рӯзи аввал то охир ҳамроҳаш будам. Мегуфтам, ягон ҷоят дард мекунад, мегуфт, не. Нолиш ҳам намекард,” – нақл кард ӯ.

Ҳунарманди саршиносро дар ормогоҳи "Лучоб" дафн карданд
Ҳунарманди саршиносро дар ормогоҳи "Лучоб" дафн карданд

Давлатманди Хол дар Доғистони Шӯрообод (ноҳияи Шамсиддин Шоҳини ҳозира) ба дунё омадааст. Дар 13-солагӣ дар марги падараш фалаксароиро оғоз кард ва онро то саҳнаҳои бузурги ҳунари ҷаҳонӣ расонд.

Маросими видоъ бо Давлатманди Хол, сарфи назар аз барфрези шадид, бо ҳузури густурдаи ҳаводорони ҳунараш, чеҳраҳои сиёсӣ, намояндагони порлумон ва аҳли ҳунару адаб дар саҳни ҳавлии хонааш дар хиёбони Панҷрӯди Душанбе баргузор шуд. Даргузашти овозхонро дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон фоҷиаи бузурге барои ҳунару мусиқӣ донистанд.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдардие ба хонавода ва наздикони ҳунарманд таъкид кардааст, ки “саҳми Давлатманд Холов дар рушди овозхонӣ, махсусан, сурудҳои халқӣ ва жанри фалак бисёр арзишманд аст”.

Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири собиқи Эрон дар Душанбе, дар паёме нигоштааст, ки “на танҳо ҷомеаи ҳунарии Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҳунарии форсизабонон яке аз шахсиятҳои бузург ва ҳунарманди шаҳири худро аз даст дод.”

Ӯ борҳо дар бораи "Фалак" ва ашъори Ҷалолуддини Балхӣ бо Радиои Озодӣ суҳбат кардааст
Ӯ борҳо дар бораи "Фалак" ва ашъори Ҷалолуддини Балхӣ бо Радиои Озодӣ суҳбат кардааст

“Симои воқеии фалак эътироз аст”

Нозим Нурзода, муҳаққиқи фалсафаи фарҳанг мегӯяд, Давлатманди Хол фалакро аз як мусиқии ҷоуфтода дар деҳкадаҳои кӯҳистон ба як мусиқии ҳамаписанд табдил кард.

“Симои воқеии фалак натанҳо арзу дод аст, бечоранолӣ аст, балки эътироз аст. Эътироз бо фалак, барои тағйир додани вазъи ҳолу ҳавои мардум. Инро устод Давлатманд тавонист ба сатҳи хеле баланд расонад ва ба дуриҳои дур бибарад,” -- гуфт Нурзода.

Низом Қосим, раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, яке аз хислатҳои эҷодии Давлатманди Холро чунин арзёбӣ кард: “Дар тарғиби ашъори ҷовидонаи Мавлоно, Ҳофиз, Саъдӣ, аз шоирони муосир дар тарғиби ашъори устод Лоиқ Шералӣ саҳми бисёр арзанда дорад.”

Дар маросими видоъ аз Давлатманди Хол ба унвони касе ёд шуд, ки дар ваҳдати форсзабонҳо саҳми чашмгир дорад. Ҳунарпеша Ортиқи Қодир гуфт: “Ёдам ҳаст, дар Эрон шомгоҳе ба як дӯкон даромадем. Садои Давлатманд аз телевизион баланд шуд: “Дур машав, дур машав”. Гуфтам, баландаш кун, оқо. Пурсиданд, ки аз куҷо ҳастед? Гуфтем, тоҷикему ин ҳунарманд аз Тоҷикистон. Бо як муҳаббат гуфтанд, ки эшон бародари мо ҳам ҳаст.”

“Кори нотамом хеле зиёд дошт

Давлатманди Холро ҳунарманде медонанд, ки фалакхониро рушд дод, балки муассиси дастаи “Фалак” буду дар парвариши шогирдон нақши бориз дошт. Амрибеки Мӯсо, раиси Иттиҳоди оҳангсозони Тоҷикистон, гуфт: “Як китоберо ҳам ба адвор, яъне нота рӯи чоп оварданд, ки унвони фалакро дорад.”

“Кори нотамом хеле зиёд дошт. Ният ният дошт, ки Академияи Фалакро таъсис диҳад. Китобҳои навбатӣ дар сабки фалак омода буданд. Умр вафо накард, аммо бовар дорам, ки шогирдонаш ва ҳайати илмиву эҷодии Консерваторияи миллӣ корҳои устодро ба сомон мерасонанд,” -- изҳори умед кард овозхон Файзалӣ Ҳасан.

Давлатманди Хол баъд аз хатми риштаи меъморӣ шомили Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон шуд. Пас аз он дар вилояти Кӯлоби собиқ дастаи ҳунарии хонаводагии “Фалак”-ро таъсис дод. Ин даста сипас ба дастаи ҷумҳуриявии “Фалак” дар Кумитаи телевизион ва радио табдил шуд.

Ҳунари овозхонии фалак 15-уми декабри 2021 дар Пориси Фаронса аз сӯйи ЮНЕСКО шомили мероси фарҳангии ғайримоддӣ (номалмус)-и башарӣ шуд, ки ба ин поя расидани ин риштаро ҷузъе аз талошҳои Давлатманди Хол медонанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Маросими видоъ ва дафни Давлатманди Хол дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:21 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG