Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бо панду насиҳати президент масъала ҳал намешавад"


Мулоқоти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо додрасҳои тозатаъйин. Душанбе, 12-уми феврали 2024
Мулоқоти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо додрасҳои тозатаъйин. Душанбе, 12-уми феврали 2024

Дар як соли гузашта (2023) ба зидди панҷ додрас (судя)-и тоҷик парвандаи ҷиноӣ боз шуда, то ин дам бархе ба зиндон маҳкум гардидаанд. Дар фармони барканории онҳо аз "кирдор"-е ёд шудааст, ки "шаъну эътибори судяро паст мезанад". Масъулони Оҷонси зидди фасод ин афродро ба ришвагирӣ муттаҳам карданд.

Насриддин Низомзода, сардори як раёсати Оҷонси мубориза бо фасод, рӯзи 16-уми феврал гуфт, дар аввали имсол Бахтиёр Абдураҳмонзода, раиси Додгоҳи ноҳияи Панҷ, дастгир шуд ва ин феҳристро дарозтар кард.

"Ӯ аз сӯи Прокуратураи генералӣ (Додситонии кул)-и Тоҷикистон боздошт шуд. Нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Бар асоси моддаи 319 (порагирӣ) ва 314 (суистифода аз мансаб). Номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад," – афзуд Низомзода.

Ҳамин мавзуъ рӯзи 16-уми феврал дар нишасти матбуотии раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон низ бардошта шуд, аммо посухи Шермуҳаммади Шоҳиён аз омори пешниҳодии Оҷонсӣ фарқ дошт.

Шоҳиён гуфт: "Соли гузашта (2023) се судя (додрас) ба ҷиноят даст зада буданд. Ду нафар барои гирифтани “пора” ва як нафар барои қаллобӣ. Ду нафар маҳкум шуд ва як нафар аз мақомоти судӣ ронда шуд."

Додрасҳоро дар Тоҷикистон бештар ба вобаста буданашон ба ҳукумат ва бархе аз онҳоро ба баррасии ноодилонаи парвандаҳо танқид мекунанд. Онҳоро раиси ҷумҳур таъйин мекунад ва аз кор мегирад.

"Ба ҳар кадоми Шумо ҳангоми суҳбат таъкид кардаам, ки агар ин вазифа танҳо ба хотири як ҳадаф бошад, дағал ҳам бошад, барои қонеъ кардани нафси бади худ, хубаш, ки дар ин система кор кардан даркор нест. Соҳибкорӣ кунед, тиҷорат кунед," – гуфт президент Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта дар суҳбат бо додрасҳову додситонҳо.

Суҳбати ба ин монанд чанд бори дигар садо додааст, вале чаро бо вуҷуди танқиду таъкидҳо боздошти додрасҳо кам намешавад?

Доктори илми ҳуқуқ Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, "бо гуфтану бо панду насиҳату таъкиди президенти Тоҷикистон масъала ҳал намешавад." "То иродаи сиёсиву назорати қавӣ бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ набошад ва мақомоти амниятӣ ҷалб нашаванд, ин мушкил аз байн намеравад,” -- афзуд ӯ.

Ба қавли Шокирҷон Ҳакимов, ҷиноят дар низоми додгоҳии Тоҷикистон ду омил дорад, ки яке аз онҳо “таъйини судяҳо бо назардошти маҳалли таваллуд ва робитаҳои дӯстона бо сохторҳои дигари қудратӣ” аст. Доктор Ҳакимов бовар дорад, омори пешниҳодии мақомот дар бораи ришваситонӣ дар додгоҳҳо вазъи воқеиро нишон намедиҳад ва он дар асл бамаротиб бештар аст.

Чаро додрасҳоро боздошту зиндонӣ мекунанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:33 0:00
Линки мустақим

Ба иттилои Омбудсмени Тоҷикистон (то моҳи январи соли 2022) дар ҷумҳурӣ 431 кор мекунанд. Дар бештар аз даҳ соли гузашта зиёда аз сӣ нафари онҳо ба иттиҳоми ришвагирӣ боздошт ва бархе зиндонӣ шуда ё бо пардохти ҷарима озод гардидаанд.

Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон кам будани маоши додрасҳоро яке аз сабабҳои густариши “порагирӣ” дар низоми додгоҳӣ меноманд. Онҳо ҳамчунин мегӯянд, бар хилофи ончи дар Қонуни асосии Тоҷикистон навишта шудааст, низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон шохаи мустақил нест, балки зери назорат ва пойбанди мақомоти иҷроия аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG