Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба бозиҳо бо Саудӣ дар Қатар


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ ба ҷамъомади таълимию тамринӣ дар пойтахти Қатар шаҳри Доҳа шуруъ кард.

Дар аввалин тамрини дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки 11-уми март зери роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе доир гашт, 15 бозигар иштирок намуд.

Даҳ футболбози боқимонда дар ихтиёри бошгоҳҳои худ буда, марҳила ба марҳила ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон мепайванданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбозони тоҷик дар моҳи шарифи Рамазон рӯза мегиранд, аз ин рӯ, машқҳои даста дар Қатар шабона баргузор мешавад.

Шоми 18-уми март мунтахаби Тоҷикистон барои бозии сеюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили тими Арабистони Саудӣ аз Доҳа ба Риёз парвоз мекунад.

Ин бозии гурӯҳи “G” рӯзи 21-уми март дар варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд баргузор шуда, соати 23:59 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.

Сипас тими миллии Тоҷикистон ба Душанбе бармегардад ва дар майдони худ бо мунтахаби Арабистони Саудӣ бозии ҷавобии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро анҷом медиҳад. Ин бозӣ рӯзи 26-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:00 шуруъ хоҳад шуд.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»-и Душанбе), Далерҷон Баротов («Истаравшан»-и Истаравшан);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Нефтчӣ», Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Далер Имомназаров («Эсхата»-и Хуҷанд);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Алишер Шукуров («Динамо-Тбилиси», Гурҷистон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Алиҷони Буризод («Самгурали», Гурҷистон), Муродалӣ Акназаров («Самтредиа», Гурҷистон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Ҳамадонӣ Камолов (ҳама аз «Истиқлол»), Амирбек Ҷӯрабоев (бе бошгоҳ), Вайсиддин Сафаров (КМВА-и Душанбе);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Андиҷон», Узбекистон), Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»), Рустам Соиров (бе бошгоҳ), Нуриддин Ҳамроқулов («Ҳосилот»-и Фархор).

Сармураббӣ – Гела Шекиладзе (Гурҷистон).

Қаҳрамонии ҷаҳон-2026. Мусобиқаи интихобӣ

Марҳилаи дуюм. Гурӯҳи «G»

Даври 3-юм

21-уми март (панҷшанбе)

Оғози бозӣ – соати 23:59 бо вақти Душанбе

Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон

Риёз, варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд

Даври 4-ум

26-уми март (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 20:00

Тоҷикистон Арабистони Саудӣ

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Зимнан, тими миллии Тоҷикистон дар даври аввали марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бозиро дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими миллии Урдун бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дода, дар даври дуюм дар меҳмонӣ дастаи Покистонро бо ҳисоби бузурги 6:1 шикаст дода буд.

Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи G мунтахаби Арабистони Саудӣ бо касби 6 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад.

Мунтахаби Тоҷикистон бо касби 4 имтиёз дар зинаи дуюм аст. Дастаи Урдун бо касби як имтиёз дар ҷои сеюм мебошад. Тими Покистон бидуни имтиёз дар ҷойи охирин қарор гирифтааст.

Марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё бо иштироки 36 дастаи мунтахаб дар нӯҳ гурӯҳ ҷараён дорад.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба марҳилаи сеюми мусобиқот роҳ меёбанд ва ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG