Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дӯсти стратегӣ" ва "Намунаи бад". Вокуниши мақомот ва мухолифони тоҷик ба пирӯзии Путин


Владимир Путин бисту панҷ сол боз дар мансаби президент - сарвазир - президент зимоми қудратро дар Русия ба даст дорад
Владимир Путин бисту панҷ сол боз дар мансаби президент - сарвазир - президент зимоми қудратро дар Русия ба даст дорад

Ҳамон тавр, ки бардоштҳо аз интихоботи Русия ва дидгоҳҳо ба пирӯзии Владимир Путин дар ҷаҳон яксон нест, тоҷикон ҳам ба он нигоҳу мавқеъҳои гуногун доранд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар баробари раҳбарони Чин ва Эрон пирӯзии Путинро зуд табрик гуфт ва онро "ғолибияти баҳснопазир" номид. Баъзе аз намояндагони мухолифон интихоботи Русияро намунаи бад барои раҳбарони кишварҳои пасошӯравӣ ва қадами дигар барои худкоматар шудани онҳо донистанд.

Чӣ таъсир хоҳад дошт?

Баъзе аз сокинон дар хиёбонҳои Душанбе ба эҳтимоли “хубтар шудани муносибатҳо”, “соддатар шудани рафтуо”, “беҳтар шудани вазъи муҳоҷирон” ва “оромӣ дар Украина” таъкид карданд.

Қосими Бекмуҳаммад
Қосими Бекмуҳаммад

"Интихоби дигарбораи Путин ба равобити Русия бо Тоҷикистон таъсири хос нахоҳад гузошт," – гуфт таҳлилгар Қосими Бекмуҳаммад.

Ба бовари ӯ, "нигоҳи Кремл ба минтақаи мо фақат маҳдуд ба ин ё он кишвар нест, балки як нигоҳи минтақаӣ вуҷуд дорад. Чигунагии ин нигоҳ бештар ба он рабт пайдо мекунад, ки буҳрони Украина дар ниҳоят ба куҷо хоҳад расид. Агар ин буҳрон ба нафъи Русия ҳал шавад, нигоҳи калони Русия ба Осиёи Марказӣ нисбатан дигаргунатар хоҳад шуд."

Қосими Бекмуҳаммад дар идома афзуд, Афғонистон ба унвони таҳдид барои кишварҳои минтақа хоҳад монд ва ин фурсатеро барои Русия дар ҷиҳати тақвияти нуфузи низомии худ фароҳам хоҳад кард.

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, бо ишора ба нуфузи Путин дар Русия гуфт, "аз қабл маълум буд, ки ин бор ҳам ӯ интихоб мешавад". Ҳарчанд, ба гуфтаи Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, "ин интихобот бар пояи фишор ва таҳдид сурат гирифт."

"Русия барои мо яке аз давлатҳои асосӣ дар масъалаи амният ва рушди иқтисод ба шумор меравад. Дар он ҷо муҳоҷирони кории зиёд дорем. Гардиши мол ҳам аз Русия вобаста аст. Шарики стратегӣ ҳастем ва 100 соли охир бисёр муносибатҳои наздик дорем. Аз ҳама варианти беҳтарин барои мо Путин буд, ки ба сари қудрат омад,” – гуфт Саидҷаъфар Усмонзода.

Дар Тоҷикистон доир ба "пирӯзӣ"-и Путин чӣ мегӯянд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00

“Путин намунаи хубе нест”

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, раиси Кумитаи иҷроияи “Гурӯҳи 24”, як ҷунбиши мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, мегӯяд, аз ислоҳи Қонуни Асосии Русия дар соли 2021 маълум буд, ки роҳро барои Путин ҳамвор кардаанд.

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор
Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор

“Ӯ рақиби асосӣ надошт. Яке аз рақибонаш Алексей Навалний буд, ки кушта шуд ва дигаронро ба рӯйхати номзадҳо ворид накарданд. Мутаассифона, дар кишварҳои диктаторӣ онҳое пирӯз мешаванд, ки дар қудрат ҳастанд," -- мегӯяд ин намояндаи мухолифон.

Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, Путин намунаи хубе барои сарони кишварҳои худкомаи пасошӯравӣ нест, чун ҳамаи қудратро ба даст гирифта, назди ҳеч ниҳод ва ё шохаи қудрат ҷавобгӯ нест ва ҳарчӣ хоҳад мекунад. Рӯзноманигор Исфандиёри Одина саҳнаи сиёсии Русияро ба майдони футболе монанд кард, ки “фақат як тим дар он бозӣ мекунад ва ҳама тӯбро ба пеши пои Путин меандозанд, то ба ҳар дарвозаи холӣ, ки бихоҳад бизанад”.

Исфандиёри Одина
Исфандиёри Одина

Ӯ афзуд: “Ҷамоҳири дигари шӯравии собиқ ҳам, ба истиснои кишварҳои каронаи Балтик ва Украина ҳамингунаанд, албатта, баъзе аз онҳо аз Путин улгӯ намегиранд, чун пештар аз омадани Путин ҳам чунин рафторе доштанд. Бархе аз онҳо албатта баъд аз истибдоди Русия бо азму ҷазми бештаре ба диктотурӣ табдил ёфтаанд, мисли Тоҷикистон, ки дар даҳаи 90 ва авоили 2000 фазои сиёсӣ дар он нисбатан озодтар буд.”

Ба назари Исфандиёри Одина, интихоботи охири Русия боз як бори дигар собит мекунад, ки “ҳаргиз дар зери сояи ҳеч диктотуре тағйире аз тариқи интихобот қарор нест иттифоқ биуфтад ва мардум баночор ба фикри роҳҳо ва чораҳои дигаре хоҳанд буд ё мунтазир хоҳанд буд, то замоне ки ин диктотур бимирад ва каси дигаре ҷойгузини ӯ шавад.”

Тоҷикистону Русия ҳамдигарро шарики асосии стратегӣ медонанд. Тоҷикистон дар доираи чанд созмони минтақаӣ яке аз кишварҳои ҳамкору ҳампаймони Русия аст ва дар бештари маврид аз иқдомҳои ин кишвар ҷонибдорӣ мекунад.

Владимир Путин дигарбора раиси ҷумҳури Русия шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

Дар интихоботи Русия дар баробари Путин 3 номзади начандон шинохта ширкат карданд. Бино бар натиҷаҳои пешакӣ, Путин беш аз 87 дарсади раъйро ба даст овардааст. Рақибони дигари Путин ҳеч кадоме то чор дар сад раъй ба даст наоварданд. Ба ин тартиб, Путини 71-сола, ки 25 соли охир дар қудрат буд, боз ба ҳукуматдории худ идома медиҳад.

Аммо Иёлоти Муттаҳида интихоботро дар Русия ноозоду ноодилона хонад. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина хост, ки Путинро дар Додгоҳи Гаага муҳокима кунанд.

XS
SM
MD
LG