Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон ба Путин гуфтааст, террористон миллату ватан надоранд


Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин телефонӣ гап задааст.
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин телефонӣ гап задааст.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Владимир Путин, президенти Русия пас аз ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” телефонӣ гап задааст.

Дар ҳамлаи рӯзи 22-юми март, ки беш аз 130 нафар кушта шудааст, расонаҳои Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро гумонбар эълон кардаанд.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 24-уми март хабар додааст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо Путин ҳамла ба маҷмааи “Крокус Сити Ҳолл”-ро маҳкум карда, таъкид кардааст, ки “террористон на миллат доранду на ватан ва на эътиқод”.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм бо Русия “ҳамкории зич” мекунад.

Ба навиштаи дафтари матбуоти президент, Раҳмон ва Путин гуфтаанд, ки минбаъд ҳамкории хадамотҳои ду кишварро бо ҳадафи аксуламали фаврӣ ва “муборизаи муштарак аллайҳи ин хатарҳо” қавӣ хоҳанд кард.

Мақомоти Русия эълон карданд, ки дар ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл" 11 гумонбар боздошт шудааст, вале ҳуввияти онҳоро зикр накардаанд.

Матбуоти Русия боздоштшудаҳоро шаҳрванди Тоҷикистон номиданд.

Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, аз таъқибу фишори мақомоти рус, ки ҳоло оғоз шудааст, ҳарос доранд.

XS
SM
MD
LG