Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вай як тарсончак буд." Нақли хешовандон дар бораи як гумонбари ҳамла ба "Крокус Сити"


Фаридуни Шамсиддин
Фаридуни Шамсиддин

Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 25-уми март пайвандони Фаридуни Шамсиддин, яке аз гумонбарон ба ҳамлаи маргбор дар наздикии Маскавро барои бозпурсӣ бурдаанд.

Фаридуни Шамсиддин 25-сола ва аз деҳаи Лойоби Ҳисор аст. Як додгоҳи шаҳри Маскав шаби 24-уми март ӯро бо айби "амалиёти гурӯҳии террористӣ" ба ҳабси пешакӣ гирифт. Наздиконаш мегӯянд, ба иттиҳоми эълонкардаи мақомоти Русия бовар надоранд.

Яке аз пайвандони Фаридуни Шамсиддин, ки нахост номашро зикр кунем, рӯзи 25-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Дар рафтораш ҳеч амали шубҳаовар надида будем. Шаш моҳ пеш ба Русия рафт ва ба хонаводааш пул мефиристод."

Фаридуни Шамсиддин дар навори бозпурсии мақомоти Русия дар ҳоле ки дастонаш баста ва дар замин ба зону зада буд, гуфт, 4-уми марти имсол аз Туркия ба Русия гузашт. Ба онҷо бо ҳадафи гузаштан аз сарҳад ва тамдиди будубошаш дар Русия рафта будааст.

Вай дар ҳамин бозпурсӣ гуфт, ки барои иҷрои ҳамлаи террористӣ аз ёвари як рӯҳонӣ “500 ҳазор рубл” гирифт. Каналҳои русӣ дар Телеграм рӯзи 23-юми март акси шиканҷа шудани ӯро бо барқ нашр карданд.

"Ӯ ба мисли як муҳоҷири одӣ рафтор дошт ва касе ба ӯ шубҳа надошт. Мо хабарро шунида, дар ҳолати шок афтодем. Як гунҷишкро кушта наметавонист ва хеле тарсончак буд," – илова кард ҳамсуҳбати мо.

Фаридуни Шамсиддин
Фаридуни Шамсиддин

Фаридуни Шамсиддин соли 2022 издивоҷ карда, як писари ҳаштмоҳа дорад. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ин ҳодиса пайвандони ӯро дар ҳолати бисёр бад гузоштааст.

“Ҳоло ҳамсар, падару модар ва хушдоманашро ба Душанбе барои бозпурсӣ бурданд. Дар Маскав дар хонаи хоҳараш номнавис шуда буд. Язнааш талоқи хоҳарашро додааст. Мақомоти Русия ӯро субҳи ҳамин рӯз ба далели дар хонааш номнавис кардани Фаридун бо се кӯдакаш аз Русия ихроҷ карданд. Хоҳараш, Маҳбуба Заргарова, шоми имрӯз бояд ба Тоҷикистон бирасад,” -- гуфт ӯ.

Ба нақли ин хешованди Фаридуни Шамсиддин, ӯ то Русия рафтан дар як нонвойхонаи шаҳри Ҳисор кор мекард ва "на намоз мехонд, на рӯза медошт".

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ӯ пештар ба иттиҳоми озори ҷинсӣ дар Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум шуда, соли 2020 озод гардидааст. Ба хидмати ҳарбӣ низ нарафтааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин шаҳрванди худ ва иттиҳоми эълоншуда нисбат ба ӯ ҳарфе нагуфтаанд. Дар ҳоле ки Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 23-юми март ба нашри маълумот дар бораи чор гумонбари ҳамла аз Тоҷикистон зуд вокуниш кард ва даст доштани се нафари онҳоро дар ин қазия рад намуд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Фаридуни Шамсиддин, як гумонбари ҳамла ба "Крокус" кист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00

Ҳамла ба толори мусиқии “Crocus City Hall" дар наздикии шаҳри Маскав шоми 22-юми март сурат гирифт. 137 нафар кушта ва беш аз 180 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Мақомоти Русия гуфтанд, 11 нафарро дастгир карданд. Додгоҳи Басманнии шаҳри Маскав шаби 24-уми март чаҳор зодаи Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар ҳамла ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Навори бозпурсии онҳо, ки бо шикнаҷа сурат гирифтааст, суолҳоро дар бораи то куҷо воқеӣ будани иқрори онҳо доғ кардааст. Сарнавишти гумонбарони дигар феълан маълум нест.

XS
SM
MD
LG