Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дари баста ва хонаи холии Исломовҳо, гумонбарони ҳамлаи "Крокус"


Хонаи Исроил Исломов ва фарзандонаш
Хонаи Исроил Исломов ва фарзандонаш

Радиои Озодӣ дар бораи Исроил Исломови 62-сола ва писаронаш Аминҷону Диловар, ки дар робита ба ҳодисаи "Крокус" боздошт шудаанд, баъзе ҷузъиёт пайдо кард. Хоҳари Фаридуни Шамсиддин, гумонбари дигари ҳамла, ҳамсари Аминҷон Исломов буда, хонаи онҳо дар маҳаллаи Арбобхотун, канораи Душанбе воқеъст.

Ҳамсояҳо гуфтанд, дар ин манзил Дилшод Исломов, писари дигари оила, зиндагӣ мекунад, вале рӯзи 28-уми март касе дарро боз накард. Ду бародари Исроил Исломов низ дар маҳаллаи “Арбобхотун” хонаву дар доранд. Онҳо рӯзи панҷшанбе дар манзили худ набуданд.

Раиси маҳаллаи Арбобхотун дар канораи Душанбе аз Исроил Исломов "инсони хушмуомила" ном бурд ва гуфт, ба иттиҳоме, ки нисбат ба ӯ ва ду фарзандаш эълон шудааст, бовар надоранд. Додгоҳи Басманнийи шаҳри Маскав рӯзи 25-уми март Исроил Исломов ва ду писарашро ба гумони "амали террористӣ" то охири моҳи май ба ҳабс гирифт.

Табаралӣ Восидов, раиси маҳаллаи Арбобхотун
Табаралӣ Восидов, раиси маҳаллаи Арбобхотун

Табаралӣ Восидов рӯзи панҷшанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "На бой ҳастанд, на камбағал. Оилаи миёнаҳол. Исроил Исломов ҳамеша дар байни мардум буд. Коргари одӣ буд, таксӣ меронд, замоне посбон буд."

Ба нақли ҳамсуҳбати мо, Исроил Исломов як сол пеш ба назди писаронаш ба Русия кӯчидааст. "Ҳамсараш касалии қанд буд, инҷо дастёр надошт, гирифта ба Русия бурд. Дар онҷо як қисми бадани ҳамсараш фалаҷ шудааст, баъд дар ҳамонҷо монд. Дигар омада натавонистанд," – афзуд Табаралӣ Восидов.

Қаблан баъзе аз манбаъҳои Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ин оила дар солҳои 90-ум аз ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш барои кор ва зиндагӣ ба вилояти Твери Русия рафта, ба тиҷорати мошин машғул буданд.

Исроил Исломов бо писаронаш Аминҷон ва Диловар
Исроил Исломов бо писаронаш Аминҷон ва Диловар

Мақомоти Русия мегӯянд, Аминҷон Исломови 33-сола соҳиби охирини мошине аст, ки дар ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити" истифода шудааст. Ба нақли онҳо, мошинро ба гумонбарони ҳамла бародари ӯ, Диловари 24-сола, фурӯхтааст.

Кумитаи тафтишотии Русия ба ин бовар аст, ки ин афрод дар ҳамлаи толори мусиқӣ нақш доштанд ва гуё онҳоро гумонбари дигар Фаридуни Шамсиддин дар моҳҳои январ ва марти имсол ҷалб кардааст. Ба иттилои ёфтаи Радиои Озодӣ, хоҳари Фаридуни Шамсиддин, яке аз гумонбарони дигари ҳамла, ҳамсари Аминҷон Исломов, аст.

Аминҷон Исломов ва Исроил Исломов рӯзи 28-уми март хоҳони бозбинии қарори Додгоҳ шудаанд. Онҳо иттиҳомро напазируфта, иддао доранд, ки аз ҳамлаи террористӣ дар толори мусиқӣ хабар надоштанд. Тафтишот мегӯяд, Исроил Исломов ва ду писараш узви гурӯҳи ҷиноӣ буда, ба ҳамлаварон мадад расондаанд.

Ин шикояти аввалини гумонбарони ҳамла ба толори мусиқии "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав нисбат ба қарори боздошт ва ҳабсашон аст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Хонаи холии оилаи Исломовҳо, гумонбарони ҳамлаи Крокус
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00
Ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав шаби 22-юми март сурат гирифт. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия рӯзи 28-уми март гуфт, дар ин ҳодиса 143 нафар ҷон бохта, даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.
Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ ё ДОИШ масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт.
Мақомоти Русия гуфтанд, 12 нафарро дар робита ба тирандозӣ дастгир карданд. Додгоҳ то кунун ҳашт нафари онҳоро ба ҳабс гирифт. Ҳафт нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд ва як нафар аз Қирғизистон.
Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, пас аз ин ҳодиса санҷишу боздошт ва ихроҷ афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо дар Русия тағйир ёфтааст. Бо гузашти шаш рӯз аз ҳодиса мақомоти Тоҷикистон ҳеч шарҳ надоданд.
XS
SM
MD
LG