Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар обхезии Қазоқистон 297 хона осеб дида, 3 кас бедарак шудааст


Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон субҳи 28 март хабар дод, ки давоми 24 соати ахир 1431 кас, аз ҷумла 312 кудак аз минтақаҳои хатарнок ба ҷойҳои бехавф кучонида шуд.

Аз ҷумла, сокинони деҳаҳои Екидин, Аккисӣ, Кизилжулдиз, Жанакала ва баъзе аз минтақаҳои вилояти Костанай дар натиҷаи омадани сел кучонида шудаанд.

Ба иттилои вазорат, 297 хона зери об монда, чандин роҳ ва ду пули мошингузар тахриб гаштааст. Хатари омадани сел дар вилоятҳои Қазоқистони Ғарбӣ, Костанай, Акмолин ва Абайи Қазоқистон ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад.

Ҷустуҷӯи бедаракшудаҳо дар натиҷаи омадани сел дар ноҳияи Аягози Қазоқистон идома дорад. Ба иттилои Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Абай, сокинони Карагаш барои кутоҳ кардани роҳи худ хостаанд, бо трактор аз рудхона гузаранд, вале дармондаанд. Наҷотдиҳандагон то ҳол онҳоро пайдо накардаанд.

Ҳамчунин ҷустуҷӯи ҷасади як марди дигар, соли таваллудаш 1977 дар Аягоз идома дорад. Ӯ 23 март бо асп дар рудхона ғарқ шудааст.

XS
SM
MD
LG