Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз Внуково пас гардонданд." Нақли муҳоҷирони рондашудаи тоҷик аз Русия


Зикрулло Саидов мегӯяд, ӯро аз фурудгоҳи “Внуково”-и Маскав ба Душанбе пас гардонданд
Зикрулло Саидов мегӯяд, ӯро аз фурудгоҳи “Внуково”-и Маскав ба Душанбе пас гардонданд

Садҳо муҳоҷир аз 70 минтақаи Русия ронда шуда, нисбат ба қариб чоруним ҳазор нафари онҳо парвандаи ҷиноӣ ва маъмурӣ боз гаштааст. Дар ин бора расонаи русии "Агентство" хабар дод. Як қисми ин муҳоҷирон ба Тоҷикистон бозпас фиристода шудаанд ва ҳаққи сафар ба Русияро нахоҳанд дошт.

Зикрулло Саидов 31-уми март аз Душанбе ба шаҳри Маскав парвоз кард, вале ӯро аз фурудгоҳи “Внуково” пас гардонданд. Мегӯяд, дар гузашта ҳангоми сафар ба Русия мушкиле надошт. Санаи 2-юми апрел ӯ ва 8 шаҳрванди дигари Тоҷикистонро ба Русия роҳ надодаанд.

Ин сокини 21-солаи шаҳри Душанбе дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, маъмури гумруки фурудгоҳи Внуково баъди дидани муҳри Туркия дар шиносномааш, дар бораи сафар ба ин кишвар пурсид.

“Гуфтам, ки семоҳа барои кор ба Туркия рафта будам. Баъди ин дар бораи мақсади сафар ба Русия пурсиданд, Посух додам, ки барои кор омадам ва суроғаи ҷойи кор ва корфарморо гуфтам. Гуфтанд, мунтазир шав. Моро қариб ду рӯз дар фурудгоҳ маҳкам карда, баъд ба Тоҷикистон фиристоданд,” – нақл кард ӯ рӯзи 3-юми апрел.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, дар Русия барояш нагуфтанд, ки сабаби ронда шуданаш чист. Ба сафорати ин кишвар дар Душанбе ҳам муроҷиат кард, аммо бенатиҷа. Дар санади ихроҷаш навиштаанд, ӯ дар бораи сабаби вурудаш ба Русия маълумоти нодуруст пешниҳод кард. Иддаое, ки ҷавон онро қабул надорад.

“Мепурсем, ки сабаби депорт шудани мо чӣ аст, моро чандсола депорт кардед, намегӯянд," -- афзуд Зикрулло Саидов.

“Маъмурони ФСБ бозпурсӣ карданд”

Қиёмиддин Фахриддинов, муҳоҷири дигари тоҷикро низ ба Русия роҳ надоданд ва 2-юми апрел аз фурудгоҳи “Внуково” ба Душанбе бозпас фиристоданд. Вай 22 сол аст, ки ба Маскав равуо дошт. Мегӯяд, дар ин муддат ҳаргиз қонунеро поймол накардааст. Марзбонони Русия инро ба назар нагирифтанд.

Ин сокини шаҳри Роғун ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ва ҳашт шаҳрванди дигари Тоҷикистонро маъмурони Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) бозпурсӣ карданд.

"Моро ба таҳхона бурда, як-як бозпурсӣ карданд. Пурсиданд, ки чаро одам куштед? Шахсан худамро пурсиданд, ки ту барои пул шуда одам мекушӣ? Бо мушташ ба миз зада гуфт, ки ҳамватанҳоят куштанд-ку. 26 соат дар фурудгоҳ нигоҳ дошта, баъд ба Тоҷикистон фиристоданд. Бе ягон сабаб, бе ягон асос," -- гуфт Қиёмиддин Фахриддинов.

Видеоро дар инҷо бинед:

Нақли муҳоҷироне, ки аз Русия ба Душанбе ронда шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:52 0:00

“Патент супориданд, аммо депорт шуданд”

Пас аз ҳамлаи террористии рӯзи 22-юми март дар Маскав, ки мақомоти Русия муҳоҷирони тоҷикро дар он муттаҳам карданд, амалиёти зидди муҳоҷирон дар Русия сахттар шуд. Ба навиштаи бунгоҳи хабарии “Агентство”, пулис тақрибан дар 70 минтақаи Русия алайҳи муҳоҷирон “рейд” гузарондааст.

Ин нашрия менависад, наздик ба ду ҳазор хориҷӣ аз Русия ронда шудаанд. Маълум нест, ки чӣ қадарашон тоҷикистонӣ ҳастанд. Вале аз суҳбати сарироҳӣ бо мардум маълум аст, ки дар миёни ихроҷшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон кам нестанд. Аз ҷумла Нурмуҳаммад Дӯстмаҳмадов дар Душанбе гуфт, панҷ ҳамсояи ӯро аз Русия депорт карданд.

Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе
Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе

"Онҳо бо мошини рақами Тоҷикистон 20-уми март ба Русия расиданд. Барои гирифтани патент ҳуҷҷат супориданд ва ҳоло ҳуҷҷатро нагирифта буданд. Патент надорӣ гуфта, онҳоро аз Русия ихроҷ карданд," -- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Сарфи назар аз ин вазъ, Нурмуҳаммад ба Русия равон аст. Умед дорад, ки сарнавишти ҳамсояҳо ба сари ӯ намеояд.

Мақомдор: бо муҳоҷир мубориза набаред

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои ҳамлаи “Крокус” бастани роҳи муҳоҷирон ба Русия нодуруст аст. Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири кору муҳоҷират, рӯзи 29-уми март дар Анҷумани байнулмилалии иқтисодии ИДМ хост, душманӣ нисбат ба ҳамдигар афзоиш наёбад.

Нодирӣ ҳамчунин хоҳони он шуд, ки бояд бо фармоишгарони ҳамла ба “Крокус” мубориза бурд, на бо муҳоҷирони меҳнатӣ.

Муҳоҷирони бозгашта аз Русия ҳозир нестанд дар назди дурбин суҳбат кунанд. Ҳадди ақал ду нафари онҳо дар суҳбати бидуни сабт гуфтанд, рейдҳо дар Русия сахт шудааст ва маҷбур шуданд ба Тоҷикистон баргарданд.

Сарфи назар аз бад шудани вазъ, муҳоҷирони тоҷик Русияро раҳо карданӣ нестанд. Аксари онҳо мегӯянд, барои пеш бурдани зиндагӣ маҷбуранд ба Русия раванд. “Ҷанг шуда истодааст, сел бурда истодааст фарқаш чӣ. Зиндагӣ бояд кард,” – гуфт Норбобо Гулмирзоев, сокини вилояти Хатлон.

Фасли баҳор мавсими сафари муҳоҷирон ба Русия аст. Мавсиме, ки муҳоҷирон аз идомаи он нигаронанд, аммо боз ҳам маҷбуранд, ба Русия раванд. Ҳарчанд акнун бо теъдоди камтар.

XS
SM
MD
LG