Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навбатпоӣ, номуайянӣ... Дарёфти патент дар Русия мушкил шудааст


Баъди ҳамла ба толори консертии “Крокус сити ҳолл”,  низоми додани патенти корӣ ба муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бисёр суст шудааст.

Дар марказҳои муҳоҷират навбатҳои тӯлонӣ мушоҳида мешаванд, баъзеҳо барои гирифтани патент, ки баробар бо ҳақи расмии будубош дар Русия дониста мешавад, ҳафтаҳо интизор мондаанд.

Мавлон, як муҳоҷири корӣ аз Узбекистон барои гирифтани патент ба маркази муҳоҷирати шаҳри Ростови лаби Дон рафт. Аз шумори зиёди муштариҳо дар ҳайрат монд. Ӯ мегӯяд, шумори мардуме, ки дар навбат истодаанд, фавқулода зиёд аст.

Вазъ дар маркази муҳоҷирати Ростов ду ҳафтаи ахир ҳамингуна аст. Навбатпоиҳо на танҳо дар дохили бино, балки дар берун ҳам зиёд аст. Баъзеҳо чанд ҳафта шуд, ки интизоранд ва мардум то рафт бештар мешавад.

Музаффар, як марди узбекистонии дигар мегӯяд:

“Баъзеҳо 3-4 рӯз, дигарҳо 10 рӯз ҳуҷҷат гирифта наметавонанд. Одамони нав меоянд. Ҳамингуна шабу рӯз ҷамъ мешаванд. Навбат кам намешавад. Дар як рӯз фақат 50 то 100 нафар патент гирифта метавонаду тамом”

Музаффар мегӯяд, ки суръати кори маркази муҳоҷирати Ростов хеле суст шудааст. Як марди дигари узбек мегӯяд, се рӯз интизор шуда фақат тавонист, ки барои патенти корӣ ариза супорад, акнун як моҳ аст, ки барои гирифтани худи патент мунтазир мондааст.

Бахтиёр, муҳоҷире аз Узбекистон барои кор дар шаҳри Ростови лаби Дон қарор дорад. Ӯ гуфт:

“Ман вақте навбат гирифтам, 3836-ум будам. Баъди ман ҳам одам бисёр буд. Вақте навбати ман расид, ногаҳон онро бекор карданд. Аз нав навбат гирифтем. Ин дафъа 500-ум шудам”

Муҳоҷирон мегӯянд, дар маркази Сахарово ҳам айнан ҳамин ҳолат аст. Дар саҳифаҳои Телеграм навори мардуми зиёд нашр мешавад. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки ин наворҳои ду ҳафта пеш аст, вале муҳоҷирон мегӯянд, вазъ дар Сахарово дигар нашудааст.

Дарёфти патент барои муҳоҷирон дар Русия мушкил шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

Бектур як муҳоҷир аз Қирғизистон аст. Ӯ гуфт:

“Навбат хеле калон аст, асосан шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон истодаанд. Пештар кор зуд анҷом мешуд. Масалан, соатҳои ҳафтуним-ҳашт медаромадӣ ва нӯҳуним корро буд карда мебаромадӣ. Ҳамагӣ якуним соат даркор буд. Ҳоло соати 8 медароӣ, баъди пешин берун мешавӣ”

Бахтиёр гуфт онҳое, ки бо сабаби навбатпоӣ саривақт патент гирифта наметавонанд, ғайриқонунӣ эълон ва аз хоки Русия ихроҷ мешаванд. “Дар берун полис қапида мебарад, мегӯяд “ҳуҷҷат надорӣ”. Ягон гапро қабул намекунад. Бурдан мегиранд. Агар патент надорӣ – ғайриқонунӣ ҳастӣ. Ҳама ҷо муҳоҷиронро боздошт мекунанд. Ду-се моҳ дар марказҳои депоратсионӣ нигоҳ медоранд”, гуфт ӯ.

Дар вазорати корҳои дохилии Русия гуфтанд, ки афзоиши шумори муҳоҷирон як хусусияти мавсимӣ дорад, чун баҳор шумори корҷӯён зиёд мешавад. Вале ҳомии ҳуқуқ Валентина Чупик инро беасос номид. Ӯ мегӯяд, аз ин роҳ фишорро болои муҳоҷирон бештар мекунанд. “Шумори муҳоҷирон зиёд нашудааст, дурӯғ мегӯянд. Онҳо шумори даричаҳои қабулкунандаро кам карданд. Чаро? Мехоҳанд нишон диҳанд, ки гӯё мавҷи муҳоҷирон зиёд асту бо онҳо муборизаи беамон мебаранд. Ин барои телевизионҳои марказӣ карда мешавад, то ки муҳоҷиронро як анбӯҳи хатарноке намоиш дода саҳнаҳои латукӯбу боздошти онҳоро нишон дода бигӯянд, ки кори хубе мекунанд”, гуфт Чупик.

Ба гуфтаи ӯ, баъди ҳамла ба Крокус фишор болои муҳоҷирон зиёд шуд ва ҳар рӯз танҳо ба ӯ беш аз ҳазор нафар муроҷиат мекунад. Бисёриҳо аз боздошту ихроҷи ғайриқонунӣ шикоят мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG