Ҳокими вилояти Курган Вадим Шумков рӯзи 14-уми апрел дар Телеграм навишт, суръати болоравии сатҳи об дар дарёи Тобол торафт меафзояд.
Вай ҳушдор додааст, ки интиқоли нерӯйи барқ ва гази табиӣ метавонад ба зудӣ бас шавад.
Нашрияи русии "Коммерсант" навишт, ки 62 маҳалла бо тақрибан 19 ҳазор аҳолӣ (нуфус) дар минтақаи зери хатар ҳастанд.
Беш аз як ҳафта боз мардуми зиёде дар Қазоқистону Русия ҷабри обхезиҳоеро мекашанд, ки аз саввумин рӯдхонаи дарози Аврупо сар зад. Рӯдхонаи Урал, ки аз соҳилҳояш берун шуд, то кунун қисме аз шаҳри Оренбурги Русиро зери об гузошта даҳҳо ҳазор касро ба тарки хонаҳояшон кардааст.
Ба гуфтаи мақомоти Қазоқистон, беш аз 12 ҳазор хона ва зиёда аз 17 ҳазор қитъаи замин зери об мондаанд. Дар 10 вилояти ин кишвар вазъи фавқулода эълон шудааст.
Видеоро дар инҷо бинед: