Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз даҳ шаҳрванди Тоҷикистонро ба Гурҷистон роҳ надодаанд


Беш аз даҳ тоҷикро ба Гурҷистон роҳ надодаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:34 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Беш аз даҳ шаҳрванди Тоҷикистон дар наворе ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки марзбонҳои Гурҷистон онҳоро ба ҳудуди ин кишвар роҳ надода, аз фурудгоҳи Тбилиси (Тифлис) пас гардонданд. Навор рӯзи 14-уми апрел дастрас шуд.

Маълум нест, сабаби чунин рафтори марзбонони Гурҷистон чист. Дар матбуоти расмӣ ҳам ҳеч хабаре дар бораи эҳтимоли ҷорӣ шудани маҳдудиятҳое барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвари Қафқози Ҷанубӣ нашр нашудааст.

“Ба Гурҷистон омадам, то ҳуҷҷатҳоямро ба як сафорат супорам. Ҳама санадҳоро нишон додам, вале роҳ надоданд," – гуфтааст яке шаҳрвандони Тоҷикистон дар навор.

Як маъмури Хадамоти марзбонии Гурҷистон дар навор ба суоли шаҳрвандони Тоҷикистон гуфтааст, “мавзуъро шарҳ намедиҳад”.

Шикояти ба ин монанд дар охири моҳи марти имсол низ расонаӣ гашта буд, вале то ҳол мақомоти Тоҷикистон вокунише накардаанд.

Хабарнигори тоҷик Анӯшервон Орипов рӯзи 26-уми марти имсол ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ӯ ва чанд шаҳрванди дигари Тоҷикистон натавонистанд ба хоки Гурҷистон ворид шаванд.

Орипов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ӯ бо ҳамсару ду фарзандаш мехостанд бо мақсади ҷаҳонгардӣ аз Русия ба Гурҷистон гузаранд, аммо дар гузаргоҳи байнулмилалии сарҳадии Дариалӣ дармонданд. Ӯ маҷбур шудааст дубора ба шаҳри Владикавкази Русия баргардад. Ба гуфтаи ин хабарнигор, ҳамроҳи ӯ ҳашт шаҳрванди дигари Тоҷикистон низ ба Гурҷистон роҳ наёфтанд.

Пас аз ҳамлаи маргбор дар Маскав, ки гумонбарони онро шаҳрвандони Тоҷикистон эълон карданд, дар аксар кишварҳо бархӯрд бо тоҷикон тағйир ёфтааст. Аз ҷумла, Туркия низоми бераводидро бо Тоҷикистон бекор кард.

XS
SM
MD
LG