Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаби гузашта бо даҳҳо бесарнишин ба Русия ҳамла шудааст


Ҳавопаймои бесарнишин сохти Украина
Ҳавопаймои бесарнишин сохти Украина

Вазорати мудофиаи Русия эълон кард, ки шаби гузашта дар осмони ин кишвар 50 ҳавопаймои бесарнишинро сарнагун кардаанд. Ин ниҳод ҳамларо кори Украина номидааст.

Ба гуфтаи Вазорати мудофиа, ин бесарнишинҳо дар Белгород, Курск, Тула, Смоленск, Рязан, Калуга ва навоҳии Маскав дида шудаанд.

Ҳамлаи дронҳо дар бархе минтақаҳои Русия харобӣ бар ҷой гузоштааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, дар вилояти Калуга сохтори барқрасонӣ осеб дидааст.

Нашрияи "Украинская правда" бо такя ба манобеи худ хабар додааст, ки ин ҳамларо Хадамоти иктишофии Вазорати мудофиа ва Кумитаи амнияти Украина роҳандозӣ кард.

Ҳадаф осеб расондан ба сохтори барқрасонии Русия номида шудааст.

Тасдиқи ин иддао дар шароити ҷангӣ мушкил аст.

Ҳамарӯза Русия бо даҳҳо бесарнишин ба вилоятҳои Украина ҳамла мекунад ва сохторҳои барқрасонӣ дар ин кишварро хароб месозад. Украина чанд моҳи ахир ба Русия бо шеваи худаш посух медиҳад.

XS
SM
MD
LG