Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳе дар Душанбе як зани роҳрубро барои ба мактаб нарафтани духтараш ҷарима кард


Китобу дафтар дар як мактаби Тоҷикистон
Китобу дафтар дар як мактаби Тоҷикистон

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ як зани роҳрубро барои монеъ шудан ба таҳсили духтари ноболиғаш 6800 сомонӣ ҷарима кардааст.

Додгоҳ дар сомонааш хабар додааст, ки ин зани 57-сола ба духтари 16-солааш иҷоза надодааст, ки дар мактаб таҳсилашро идома диҳад.

Назари ин зан ба ҷарима шуданаш маълум нест, вале дар бештари чунин ҳолатҳо волидон мегӯянд, аз сабаби надоштани шароити молӣ имкони фиристодани фарзандонашон ба мактабро надоранд.

Дар суҳбатҳои пеш волидоне, ки барои таҳсил накардани фарзандонашон ҷарима шуда буданд, ҳукми додгоҳро зулм номида буданд. Онҳо мегӯянд, аз надоштани шароит фарзандашон ба мактаб намеравад, вале додгоҳ болои ин онҳоро ҷаримаи берун аз тавонашон мекунад.

Таҳсил дар мактаби миёна дар Тоҷикистон ҳатмӣ аст ва барои монеи таҳсили фарзанд шудан волидонро ҷазо медиҳанд.

Ҳар сол дар додгоҳҳои Тоҷикистон даҳҳо парванда нисбат ба волидон бо иттиҳоми “монеъ шудан ба таҳсили фарзанд” баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG