Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор аз омадани сел дар 9 ноҳияи Узбекистон


Маркази ҳавошиносии "Узгидромет" аз омадани сел дар 9 минтақаи ин кишвар ҳушдор додааст.

Ба иттилои марказ, рӯзҳои 25-28 апрел дар баъзе аз минтақаҳои Узбекистон боридани борони сахт, ки боиси омадани сел хоҳад шуд, пешбинӣ шудааст.

Аз шаҳрвандоне, ки дар минтақаҳои куҳӣ ба сар мебаранд ё мусофирон ва ронандагоне, ки ба он ҷойҳо сафар карданӣ ҳастанд, даъват шудааст, то эҳтиёткор бошанд.

Қаблан аз омадани сел дар чандин ноҳияҳои Узбекистон хабар дода буданд.

XS
SM
MD
LG