Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду занро дар Душанбе барои паҳн кардани овоза боздошт кардаанд


Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ду занро барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи рабудани кӯдакон муҷозот кардааст.

Ин ниҳод 23-юми апрел дар хабарномае навишт, тариқи барномаи "Вотсап" овоза паҳн кардаанд, ки дар пойтахт кӯдаконро рабуда, узви баданашонро мегиранд.

Мақомот гуфтанд, ин ҳарфҳо "асоси воқеӣ надоранд". Ба гуфтаи мақомот, Хатича Амоноваи 54-сола ва Фарзона Боймадоваи 36-сола ҷазои маъмурӣ гирифтаанд.

Назари ин ду зан ба қазия маълум нест ва дақиқ нест, ки ҳадаф аз паҳн кардани сарусадо дар бораи рабудани кӯдакон чӣ аст.

XS
SM
MD
LG