Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико бо тақрибан $200 000 ёдгории таърихии Панҷакентро бозсозӣ кард


Панҷакент, 25-уми апрели 2024
Панҷакент, 25-уми апрели 2024

Як мавзеи таърихӣ дар шаҳри Панҷакент, ки дар ҳоли вайрон шудан буд, бо ёрии сафорати Амрико дар Тоҷикистон бозсозӣ шуд. Ин ёдгорӣ таърихи қариб дуҳазорсола доштааст.

Тармиму бозсозии ёдгории Панҷакенти қадим баъд аз тақрибан се сол анҷом ёфт. Ин ёдгории машҳури бостонӣ ҳудуди 20 гектар масоҳат дорад ва тарҳи эҳё ва ҳифзи он дар озмуни нигаҳдории ёдгориҳои бостонии Осиёи Марказӣ аз тарафи сафорати Амрико дар Тоҷикистон пирӯз шуда буд. Барои ҳифзу барқарорсозиаш наздик ба 200 ҳазор доллар ҷудо гардид.

Мануэл Микаллер, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон, рӯзи 25-уми апрел дар маросиме гуфт, сафорат бо эҳёи ин шаҳри бостонӣ, ки дар масири "Роҳи Абрешим" қарор дорад, эҳтиром ва қадрдонии худро ба таърих ва фарҳанги ғании Тоҷикистон баён медорад.

Дар асоси ин тарҳ қисме аз шаҳри Панҷакенти қадим, ки зери хок монда буд, барқарор карда шуд. Ҳунармандон тарҳи онро аз хиштзанӣ то гилкории муносиб ба ҳамон давр сохтаанд.

Ба ғайр аз панҷарабандии атрофи ёдгорӣ, боқимондаи девори дифоӣ, толори пазироии меҳмонон бо номи "Рустамнома" ва маъбади зардуштӣ дар шакли қадима бунёд ёфтааст. Ин тарҳ дар замоне амалӣ гашт, ки панҷ ёдгории таърихии шаҳри Панҷакент ба рӯйхати мероси башарии ЮНЕСКО шомил гардид.

Видеоро дар инҷо бинед:

Ёрии Амрико барои бозсозии як ёдгорӣ дар Панҷакент
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:51 0:00

Абдухолиқ Холиқзода, раиси Панҷакент, дар ин маросим ба ҳамкории Иёлоти Муттаҳида ва ба вижа Бунёди Сафирони Амрико дар мавриди нигаҳдории мероси фарҳангӣ ишора кард. Ин Бунёд барои ҳифз ва таҷдиди ёдгориҳои таърихӣ дар Тоҷикистон аз соли 2001 то кунун 17 тарҳро ба маблағи беш аз 800 ҳазор доллар сармоягузорӣ кардааст.

Бостоншиносон мегӯянд, мавзеи қадимаи Панҷакент таърихи тақрибан дуҳазорсола дорад. Ба иллати бе нигоҳубин монданаш, чандин минтақаи он ба харобазор табдил ёфтааст.

Як мақсади дигари бозсозии мавзеи таърихӣ ҷалби бештари сайёҳон гуфта мешавад. То замони бемории Covid-19, солона ҳудуди 20 ҳазор сайёҳ ба дидани ин шаҳри қадима меомадаанд, вале дар замони бемории ҳамагир шумори ҷаҳонгардон дар ин ҷо бамаротиб коҳиш ёфт. Ҳоло мақомот умед доранд, ки бо тарҳи нав Панҷакенти қадим макони сайругашти сайёҳони зиёд мегардад.

Панҷакенти қадим баъди Саразм ёдгории дувуми таърихии инҷост, ки ба руйхати мавзеъҳои сайёҳии ҷаҳон дохил шудааст. Ҳафриёт дар Панҷакенти қадим бо ҷалби бостоншиносони дохилу хориҷ соли 1946 оғоз шуда, асосан олимони рус саҳм гузоштаанд.

Дар бештар аз сӣ соли мустақилии Тоҷикистон таҳқиқ идома кард ва чанд олимони тоҷик пайи бозёфти ёдгориҳои таърихӣ ҳастанд. Бостоншиносон дар асоси кандуковҳо ба хулосае омада буданд, ки ба ҷуз барқарор кардани девори дифоӣ, инчунин маъбади зардуштиву қасру кушкҳои қадима дар шакли асл барқарор карда шавад.

Ин тарҳро олимон ҳанӯз дар замони Шӯравӣ пешниҳод кардаанд, вале танҳо пас аз 30 соли пошхӯрии он маблағи тарҳ аз тарафи ҳукумати Амрико расиду амалӣ гашт.

XS
SM
MD
LG