Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти беш аз 150 мансабдори тоҷик


Бинои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон
Бинои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон гузориш додааст, ки дар натиҷаи санҷишҳои аудиторонаш дар вазорату идораҳо 153 мансабдор ҷазои “моддиву маъмурӣ” гирифта, 6 нафар аз вазифа сабукдӯш шудаанд. Ин мансабдорон, ба гуфтаи мақомоти Палатаи ҳисоб, барои роҳ додан “ба камбудиву норасоиҳои молиявӣ” ҷазо гирифтаанд.

"Бо ин мулоиматӣ намешавад бо коррупсия мубориза бурд"

Вақте як масъул ин пулро мегирад ва ба мақсади худ истифода мекунад, дар ниҳоят фақат танбеҳ мегирад. Бо ин мулоиматӣ намешавад бо коррупсия мубориза бурд

Дар шаш моҳи кораш дар соли 2017 Палатаи ҳисоб шеваи харҷи пулҳои буҷетро дар ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Айнӣ, Шуғнон ва 126 ташкилоти давлатӣ санҷидааст. Ин санҷишҳо наздик ба 7 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор кардаанд.

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси Намояндагон, рӯзи 6-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷазоҳои маъмурӣ ва сабукдӯш кардан аз вазифа барои истифодаи нодурусти пулҳои буҷет хеле ҷазои сабук аст. Ӯ гуфт, “маблағи буҷет ин пулест, ки мардуми Тоҷикистон онро пардохт кардаанд. Чанд идораи дигар заҳмат кашида, онро ба буҷет ворид намудаанд. Вақте як масъул ин пули муфтро мегирад ва ба мақсади худ истифода мекунад, дар ниҳоят фақат танбеҳ мегирад. Бо ин мулоиматӣ намешавад бо коррупсия мубориза бурд”.

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

Усмонзода афзуд, бинобар фаҳмиши поёни сиёсӣ бархе аз қишрҳои ҷомеа ҳама мушкилиҳое, ки сар мезанад аз раиси ҷумҳур мебинанд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, “президент ҳамаи вазифаҳояшро сад дарсад иҷро мекунад ва мақомоти зиддахл ҳам вазифадоранд, ки ба таври бояду шояд вазифаи худро ба пуррагӣ иҷро кунанд”.

Ниҳоди "бедандон"

Палатаи ҳисоб дар баробари Оҷонси давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия истифодаи маблағҳои буҷети Тоҷикистонро санҷиш мекунад. Аммо ба фарқ аз Оҷонсӣ, Палатаи ҳисоб мустақилона ҳаққи боз кардани парванда ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани мансабдоронеро, ки дар истифодаи маблағи буҷет хилофкорӣ кардаанд, надорад. Аз ин рӯ, бархе аз коршиносон Палатаи ҳисобро ҳангоми таъсисаш як ниҳоди “бедандон” унвон карда буданд, ки дар мубориза бо фасод фишангҳои пурзӯре надорад ва қисман салоҳиятҳои Оҷонси мубориза бо фасодро такрор мекунад.

Аммо Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд дар гузориши тозаи хеш дар робита ба “Ислоҳот дар амри мубориза бо фасод дар Тоҷикистон” гуфтааст, дар муқоиса бо ниҳодҳои дигар кори Палатаи ҳисоб дар мубориза бо фасод муассир аст. Барои мисол, ин созмон гуфтааст, дар ним соли 2017 нисбат ба 39 мансабдор ба Оҷонси мубориза бо фасод мавод ирсол кардааст, ки маблағҳои буҷетро аз худ кардаанд.

Дар асоси ин гузоришҳо Оҷонси мубориза бо фасод 4 парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи моддаҳои “Азхудкунӣ ва исрофкорӣ”, “Таҳия ва фурӯши ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ” боз кардааст.

ОБХСС

Дар баробари ин, Палатаи ҳисоб дар соли 2017 аз натиҷаи санҷишҳои аудиториаш 38 мавод ба Додситонии кулл фиристодааст. Ин 38 баста ҳуҷҷатҳои исрослкардаи Палатаи ҳисоб боиси боз гаштани 8 парванда шудаанд.

Исмоил Ҳоҷиев, як кормандони собиқадори ОБХСС – идораи санҷиши молиявӣ дар замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон – мегӯяд, дар аксар маврид ҷиноятҳои иқтисодӣ ва молиявиро муҳосибон ва ё ревизорони касбӣ метавонанд ошкор кунанд. Ӯ гуфт, “соҳаи молия хеле мураккабу печида аст. Вақте як муфаттиш меояд, ӯ шояд ба хубӣ аз нозукиҳои молия ва ҳисобдорӣ бохаббар нест ва масъулон моҳирона метавонанд ҳиллаҳои худро аз чашми ӯ пинҳон кунанд. Аммо ревизор, ки ҳоло имрӯзиҳо аудитор мегӯянд, молияро хуб медонанд ва хилофкориҳои молиявро зуд ошкор мекунанд”.

Фармони таъсиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон соли 2011 содир шуд, аммо амалан ин ниҳод фаъолияти худро аз моҳи сентябри соли 2012 шурӯъ кард.

Яке аз ҳодисаҳои нодири фошкардаи ин ниҳод марбут ба Бонки миллӣ буд. Палатаи ҳисоб расо ду сол қабл дар моҳи январи соли 2015 эълон кард, ки дар Бонки миллӣ факти непотизм ва ё ҷо ба ҷогузории кадрҳо бар асоси хешу табориро ошкор кардааст. Пас аз ин фошкории палата 8 корманди Бонки миллӣ аз вазифа сабукдӯш ва ё ба вазифаи дигар гузаронда шуданд.

Раиси Палатаи ҳисоб ва сараудиторони он дар Тоҷикистон ба мисли президент, вакилони порлумон ва додрасҳо аз масуният ва ё иммунитет бархӯрдоранд.

XS
SM
MD
LG