Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйирот. Раиси Палатаи ҳисоб барои 2 давраи 7-солӣ таъин мешавад


Бинои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон
Бинои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон тағйиру иловаҳои наве ба қонун “Дар бораи Палатаи ҳисоб” ба ҳукми иҷро даромад, ки тибқи он як нафар наметавонад беш аз ду давраи ҳафтсолӣ ба унвони раис ва муовинони раиси Палатаи ҳисоб таъин карда шавад. Бинобар муқаррароти ин қонун, ки нусхааш рӯзи 17-уми июн ба дасти мо расид, раис ва муовинони Палатаи ҳисобро президент таъин мекунад.

Ҳамин тариқ, давраи масъулияти сараудитрони палата низ то ду давраи 7-солӣ маҳдуд карда шуданд. Аммо сараудиторонро ба фарқ аз раиси палата на президент, балки Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди президент таъин мекунад.

Дар миёни мансабҳои баландпояи давлати Тоҷикистон мақоми Додситони кул ва ё прокурори генералӣ низ муҳлат дорад, ки мувофиқи қонун 5 сол муқаррар шудааст. Аммо қонунгузории Тоҷикистон чанд дафъа таъин шудани як нафарро ба ин мақом маҳдуд накардааст. Додситони кулли Тоҷикистон бо пешниҳоди раиси ҷумҳур ва бо ризоияти Маҷлиси миллӣ ба ин мақом таъин карда мешавад.

Палатаи ҳисоб ниҳоди олии санҷиши молиявӣ дар Тоҷикистон буда, танҳо ба раиси ҷумҳур ва порлумон гузориш медиҳад ва тобеи ниҳоди дигаре нест. Аммо бо ин вуҷуд, ин Палата ҳаққи мустақилона боз кардани парванда ва ба ҷавобгари ҷиноӣ кашиданро надорад.

Ин ниҳод натиҷаҳои санҷишҳоро барои қазоват ба мақомоти қудратӣ ирсол мекунад. Дар соли 2016 Палатаи ҳисоб ба мақомоти интизомӣ 160 маводро фиристодааст, ки аз рӯи он мақомот 59 парванда боз карда, афроди ба буҷа зиён расонидаро ба ҷавобгарӣ кашидаанд.

XS
SM
MD
LG