Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бист журналист Тоҷикистонро тарк кард". ВИДЕО


Муҳайё Нозимова ҳангоми суханронӣ - шаҳри Душанбе, 3 майи 2017
Муҳайё Нозимова ҳангоми суханронӣ - шаҳри Душанбе, 3 майи 2017

20 журналист бо сабабҳои мухталиф, аз ҷумла фишори аз ҳад зиёди мақомот, Тоҷикистонро тарк кардаанд. Муҳайё Нозимова раҳбари Анҷумани бонувони журналисти Тоҷикистон – рӯзи 3 май дар як нишаст дар Душанбе гуфт, ки ин рақам дар пайи таҳқиқ ва пурсуҷӯи онҳо ба даст омад. Ин барои нахустин бор аст, ки як созмони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон омори журналистони аз кишвар берунрафтаро нашр мекунад.

Гузориши видеоӣ аз таҷлили Рӯзи озодии баён дар Тоҷикистон:

Журналистонро фишори мақомот гурезонд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:08 0:00

Вақте эҳсос мекунӣ, ки ҳама чиз ба бозии “рӯйсиёҳкунӣ” табдил ёфтааст; вақте мебинӣ, ки ҳамраъйӣ намондааст; вақте журналистикаро ба майдони фаҳшу ғайбат табдил медиҳанд; вақте кори расонаҳои хусусӣ зери назорати мақомот қарор мегирад, дигар чӣ маъно дорад аз озодии сухан ҳарф задан?
Фарангис Набиева

Муҳайё Нозимова дар шарҳи сабабҳои аз Тоҷикистон рафтани журналистони расонаҳои мустақил гуфт: "Бо чанд нафар аз хабарнигороне, ки феълан дар хориҷ ба сар мебаранд, суҳбат карда, далели тарки Тоҷикистон ва кори рӯзноманигории онҳоро пурсидем. Сабаби аз журналистика дур рафтани онҳо фишори мақомот, мавҷуд набудани озодии баён, дастгирӣ нашудани журналистон аз ҷониби соҳибрасонаҳо, набудани институти ягонаи ҳимояи журналистон ва маоши пасти онҳо будааст."

Нозимова мегӯяд, "танҳо ду нафар розӣ шуданд, ки ман сабаби аз касб ва аз кишвар рафтанашонро бо номашон зикр кунам..."​

Фарангис Набиева, яке аз хабарнигорони тоҷик дар посухи катбӣ ба пурсишҳои Муҳайё Нозимова гуфтааст, “ҳеҷ журналист намехоҳад тарки касб кунад, танҳо метавонад ба худ муҳлат диҳад. Вақте эҳсос мекунӣ, ки ҳама чиз ба бозии “рӯйсиёҳкунӣ” табдил ёфтааст; вақте мебинӣ, ки ҳамраъйӣ намондааст; вақте журналистикаро ба майдони фаҳшу ғайбат табдил медиҳанд; вақте кори расонаҳои хусусӣ зери назорати мақомот қарор мегирад, дигар чӣ маъно дорад аз озодии сухан ҳарф задан?”

Адолати Мирзо
Адолати Мирзо

Ин изҳороти Муҳайё Нозимова ва, ҳамин тавр, посухи бархе аз ҳамсуҳбатони ӯ вокунишҳоеро ба вуҷуд овард. Бархе аз иштиркодорони нишасти бахшида ба рӯзи озодии баён дар Душанбе гуфтанд, зоҳиран ин иддао ҳақиқат надорад ва ба бовари онҳо бархе аз журналистон барои дарёфти кору зиндагии беҳтар худро ба Аврупо расондаанд.

Адолати Мирзо, сардабири нашрияи мустақили "Миллат" гуфт, "рӯзноманигор дар кишвар ба таври ҳаррӯза соҳиби кор нест. Зеро аксари нашрияҳо ба таври ҳафтагӣ нашр мешаванд. Маълум аст, ҳамин рӯзноманигороне, ки аз Тоҷикистон ба унвони паноҳанда рафтаанд, аксарияташон дар ҷустуҷӯи кор рафтаанд. Мисли ҳудуди 1 миллион нафаре, ки барои қути лоямут дар Русия заҳмат мекашанд."

Соли 2007. Фарангис Набиева (дар байн) ҳамроҳ бо ду ҳамкасбаш барои матлабе дар додгоҳ посух додааст
Соли 2007. Фарангис Набиева (дар байн) ҳамроҳ бо ду ҳамкасбаш барои матлабе дар додгоҳ посух додааст

Созмонҳои муҳаққиқи вазъи журналистон мегӯянд, бархе журналистоне, ки эҳсос мекунанд дар шароити кунунии Тоҷикистон дар амри иҷрои рисолатҳои худ дасткӯтаҳанд ва ё наметавонанд ҳақиқати ҳолро ошкору бепарда бигӯянд, тарки касб мекунанд. Хонум Нозимова ба унвони мисол аз сӯҳбаташ бо як журналисти мунаққиди дигар ёд кард ва гуфт: "Вақте аз Далер Шарипов, як рӯзноманигори тоҷик пурсидам: "Чаро дигар наменависӣ?" Ӯ гуфт: "Дар куҷо кор кунам? Кӣ маро ба кор мегирад?" Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори дигар низ дар мавриди кор карданаш суолгузорӣ кардааст: "Ягон ҷо бароям кор ёфтӣ?"

Созмонҳои байналмилалии муҳаққиқи озодии баён мегӯянд, ки дар Тоҷикистон баъди як қатор таҳаввулоти сиёсии назири интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2015, вақте аксар аъзои маҷлис аъзо ва ё тарафдори ҳизби ҳокими халқии демократӣ шуданду дар паи саркӯби кудатои нокоми сентябри ҳамон сол ҲНИТ мамнӯъ ва террористӣ эълон шуд, фазои сиёсӣ тағйир ёфт. Таҳлилгарон қабули қонун дар бораи "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ"-ро дар соли 2016 низ як омили дигари таъсиргузор болои ҳавои сиёсии кишвар номиданд. Дар соли 2016 бо сабабҳои мухталиф чор нашрия, аз ҷумла ду расонаи мунаққид баста шуд ва бархе журналистон гуфтанд, дигар дар фазои маҳдудшавии озодиҳои сиёсиву касбӣ ва ҳам дахолати сохторҳои давлатӣ кори худро озодона пеш бурда наметавонанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, дар журналистикаи тоҷик дигар гуногунандешии сиёсӣ намондааст ва расонаҳо ба худсонсурӣ гузаштаанд. Вай гуфт: “Маҳдуд шудани плюрализми ақида дар фазои иттилооти Тоҷикистон аст. Яке аз сабабҳои объективии кам шудани маводҳои таҳлилӣ ва танқидие, ки пештар дар мавзӯъҳои мубрам зиёдтар буданд. Худсонсурӣ миёни хабарнигорон ва соҳибрасонаҳо, ки аз бизнеси худ хавотир мешаванд. Ҳамзамон омили дигар паст будани маърифати ҳуқуқии онҳое, ки ба ин гуна қазияҳо дучор мешаванд.”

Қаршибоев, ки дар ҷаласаи рӯзи 3 май дар иҳотаи ҳамкасбон аз баҳсҳои додгоҳӣ бо иштироки журналистон сӯҳбат мекард, шумори чунин муҳокимаҳо дар муқоиса бо панҷу се соли пеш камтар шудааст. Ба гуфтаи ӯ, НАНСМИТ дар соли 2013 даҳ қазияи додгоҳиро бо иштироки намояндагони расонаҳо ба қайд гирифтааст. Соли 2014 - ҳафт қазия, соли 2015 - шаш ва дар соли 2016-2017 се қазияи додгоҳии марбут ба рӯзноманигорон пайгирӣ шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, "аз 10 нӯҳ ҳиссаи онҳо ба фаъолияти касбии хабарнигорон вобаста аст.”

Вале сабаби ин коҳиш ҳам дар он аст, ки журналистон, ба гуфтаи ӯ, назар ба панҷу даҳ соли пеш аз матраҳ шудани масоили доғу интиқодӣ худдорӣ мекунанд.

Нигарониҳо аз вазъи расонаҳои мустақил дар ҷаласаи марбут ба Рӯзи байналмилалии озодии матбуот садо дод, ки ҳамасола дар таърихи 3 май таҷлил мешавад. Аз ҷараёни ҷаласа намояндагони САҲА, Институти "Ҷамъияти кушода" ва сафоратхонаҳои ИМА ва Бритониё ҳам назорат карданд.

XS
SM
MD
LG