Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба қирғизҳо тавсия доданд, ки аз сафар ба Русия худдорӣ кунанд


Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба шаҳрвандони ин кишвар тавсия додааст, ки аз сафар ба Русия худдорӣ кунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфтааст, "нишонаҳое аз худдории дастҷамъонаи сафар ба Русия мушоҳида нашудааст", аммо "аз вазъи кунунии Русия ва таъсири он ба шаҳрвандони Қирғизистон" огоҳ ҳастанд.

"Бо ин ҳол вазорат ба шаҳрвандоне, ки зарурат надоранд, тавсия медиҳад, ки муваққатан аз сафар ба Русия худдорӣ кунанд", - омадааст дар хабари Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон.

Пештар чунин тавсияро Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандон дода буд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ баъди ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" ба мавҷи нави бадбиниҳо дар Русия рӯ ба рӯ шуданд. Аксари боздоштшудаҳо дар пайи ҳамла ба "Крокус Сити Ҳол" шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG