Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳабса" кӯдаконро дуздид." Чаро баъзе аз занони тоҷик дар Сурия монданд?


Ин занону кӯдаконро рӯзи 25-уми апрел аз Сурия ба Тоҷикистон оварданд
Ин занону кӯдаконро рӯзи 25-уми апрел аз Сурия ба Тоҷикистон оварданд

Баъзе аз занони ҷангҷӯёни тоҷик ба сабаби "дуздида шудани фарзандонашон" дар урдугоҳҳои Сурия мондаанд. Вагарна, ба гуфтаи сафир Зубайдулло Зубайдзода, қарор буд ҳамроҳи 47 нафар рӯзи 25-уми апрел ба Душанбе баргарданд.

"Бояд навад нафарро меовардем, аммо ду рӯз пеш аз сафар "ҳабса" (гурӯҳи махсус дар урдугоҳи занон) фарзандони чанде аз занҳоро дуздидааст. Онҳо бо таассуф гуфтанд, ки баргашта наметавонанд," – гуфт сафири Тоҷикистон дар Кувайту Сурия рӯзи 27-уми апрел.

Рӯзи 25-уми апрел гурӯҳи 47-нафариро аз урдугоҳҳои "Рож" ва "Ал-Ҳавл"-и Сурия ба Тоҷикистон оварданд: 15 зан, 17 духтар ва 15 писар. Шавҳару падарони онҳо, ки пас аз соли 2014 ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” (ДОИШ) пайвастанд, кушта ё нопадид шудаанд.

Тоҷикистон дар панҷ соли гузашта зиёда аз сесад зану кӯдаки ҷангҷӯёнро аз Ироқу Сурия баргардонд. Баъзе аз онҳоро ба тарбияи пайвандонашон дода, бархеи дигарро дар марказҳои вижа нигоҳ медорад.

Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт ва Сурия, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар умум барномаи овардани занону кӯдакон аз Ироқу Сурия “тақрибан ниҳоӣ шуд”. То ҳол, ба гуфтаи ӯ, “ҳамаи хоҳишмандон баргардонда шуданд, ба ҷуз аз шахсоне, ки чунин имкон ё хоҳишро надоштанд.”

Аз ҷумла, ба қавли Зубайдзода, 37 зани тоҷик дар зиндонҳои Ироқ мемонанд, чун бо қарори додгоҳ ба ҳабси абад маҳкум шудаанд. Фарзандони онҳоро соли 2019 ба Тоҷикистон оварданд. "Тақрибан як моҳ пеш аз ҳоли ин занҳо дар зиндон хабар гирифтем. Аз шароити нигаҳдорӣ ё фишор шикоят надоранд," – мегӯяд Зубайдзода.

Ин занҳо интизори созишномаи истирдод ё мувофиқаи махсуси ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ироқ будаанд, то роҳи бозгашти онҳо ба кишвар ҳамвор шавад.

Ин занону кӯдаконро рӯзи 25-уми апрел аз Сурия ба Тоҷикистон оварданд
Ин занону кӯдаконро рӯзи 25-уми апрел аз Сурия ба Тоҷикистон оварданд

"Мақсади рафтанро намедонанд"

UNICEF, Бунёди кӯдакони Созмони Милал, рӯзи 26-уми апрел ҳукумати Тоҷикистонро барои иҷрои масъулиятҳояш ва ҳамоиши аъзои ҷангҷӯёни собиқ бо оилаву ҷомеа ситоиш кард.

Масъулони созмон гуфтаанд, бисёре аз кишварҳо, ки шаҳрвандонашон дар урдугоҳҳо дар ҳоли бад қарор доранд, омода нестанд, ки онҳоро бозпас баранд. Теъдоди умумии онҳо 57 ҳазор нафар ҳисоб шудааст.

Баъзе аз намояндагони ҳукумат дар Тоҷикистон мегӯянд, занҳо “аз ноогоҳӣ”, “ба гапи шавҳар даромада гумроҳ шудаанд” ё “бо фикри ба даст овардани пул ва даромад” ба он ҷо рафтаанд. Онҳо дар як таҳлил навиштаанд, “аз гуфтаи занҳо бармеояд, ки дар амалиёти террористӣ ширкат накарда, танҳо бо мақсади қонеъ намудани нафси шаҳвонии мардони ДОИШ истифода шудаанд.”

Созмони Милал урдугоҳи "Ал-Ҳавл"-ро дар шимоли шарқи Сурия макони "ваҳшатноктарин ва хатарноктарин" дар дунё номидааст. Ҷое, ки ҳамсарону фарзандони аъзои собиқи ДОИШ сарпаноҳ ёфтаанд ва зери фишори тарафдорони ақидаҳои ифротӣ ба “хилофати хурд” табдил мешавад.

Ба иттилои созмонҳои байнулмилалӣ дар урдугоҳи “Ал-Ҳавл” дар чанд соли гузашта 40 нафар ба иловаи ду кӯдак кушта шудаанд.

Аз замони зуҳури ДОИШ дар соли 2014 зиёда аз 2000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта, аксари онҳо зану фарзандонашонро ҳам бо худ бурданд ва ё дар он ҷо оила сохтанд.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи марти имсол дар мулоқот бо рӯҳониён гуфт, ки "зиёда аз ҳазор нафари онҳо кушта шуда", дигарон беному нишон гардидаанд.

XS
SM
MD
LG