Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бознигарии сохтмони ГЭС-ҳо дар Зарафшон - камобӣ ё фишор?


Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, ҳамаи тарҳҳои сохтмони нерӯгоҳҳо дар рӯдхонаи Зарафшон бознигарӣ мешавад.

Вазорати энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол дар рӯдхонаи Зарафшон сохтмони 11 нерӯгоҳ дар назар гирифта шуда буд, вале ҳоло вазорат аз пажӯҳишгоҳҳои илмии Тоҷикистон хостааст, ки бо назардошти сатҳи оби ин рӯдхона дар зимистону тобистон имконоти фаннии сохтмони ин нерӯгоҳҳоро биомӯзанд.

Ҷамшед Шодиев, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, имкон дорад, ки баъд аз омӯзиши шароит аз 11 тарҳи пешбинишуда тарҳи сохтмони 3-4 нерӯгоҳ тарҳ боқӣ бимонанд ва ҳатто дар ин тарҳҳо низ тағйирот пеш ояд. Оқои Шодиев мегӯяд, дар ин рӯдхона бояд сохтмони чанд нерӯгоҳ дар якҷоягӣ ба нақша гирифта шавад, зеро бо назардошти шароити ҷуғрофиёӣ, сохтмони як нерӯгоҳ дар алоҳидагӣ мушкил хоҳад буд.

Сабаби аслии таҷдиди назар дар сохтмони нерӯгоҳҳои рӯдхонаи Зарафшон камобӣ дар фасли зимистон арзёбӣ мешавад ва ба гуфтаи оқои Шодиев, нерӯгоҳҳо бояд бо назардошти меъёри оби зимистон сохта шаванд. Масалан, агар оби ин рӯдхона дар тобистон соате тавони тавлиди 300 мегават нируи барқро дошта бошад ва дар зимистон дар маҷмӯъ 30 мегават тавлид кунад, дар он сурат аз нуқтаи назари иқтисодӣ самарабахш нахоҳад буд. Бо кам шудани об мумкин аст чархаҳои тавлиди барқ аз гардиш бимонанд. Ба ҳамин далел, на танҳо дар рӯдхонаи Зарфшон, балки дар рӯдхонаҳои дигари кӯҳистонии кишвар низ ҳангоми ба нақша гирифтани сохтмони нерӯгоҳҳо сатҳи об дар зимистон меъёр дониста мешавад.

Нерӯгоҳи Айнӣ-1 аз бузургтарин ниругоҳ дар рӯдхонаи Зарафшон хоҳад буд, ки 150 мегават нируи барқ тавлид мекунад. Худи ноҳияи Айнӣ дар маҷмӯъ ба 15-20 мегават нируи барқ ниёз дорад. Барои ҳамин барқи ин нерӯгоҳ ба шабакаи умумии барқи кишвар пайваст хоҳад шуд ва акнун ҳукумати Тоҷикистон сохтмон ё эҳдоси хати интиқоли барқи Айнӣ-Рӯдакиро оғоз кардааст.

Иқтидори ин хати нави интиқоли барқ 220 квт-ро ташкил медиҳад. Ҳоло дар самти Панҷакент як хати нируи барқи 110 квт вуҷуд дорад ва он ҳам хеле заиф аст ва дар оянда ба эҳтиёҷот ҷавоб дода наметавонад, агар ин нукта дар назар гирифта шавад, ки дар оянда истифодаи барқ ҳам аз тарафи аҳолӣ ва ҳам дар корхонаҳои саноатӣ афзоиш меёбад.

Барқи нерӯгоҳҳои рӯдхонаи Зарафшон низ баъд аз васл шудан ба шабакаи умумӣ дар оянда бахше аз нируи барқи шабакаи CASA1000-ро ташкил хоҳад дод.

Сохтмони 11 нерӯгоҳи барқи обӣ дар рӯдхонаи Зарафшон аслан дар давраи Шӯравӣ ба нақша гирифта шуда буд. Дар даҳсолаи охир Тоҷикистон ба ин нақшаҳо рӯ овард ва ҳатто бо Чин дар бораи сохтмони ниругоҳи барқи обии Айнӣ-1 қарордод низ баст. Ин қарордодро дар ҷараёни боздиди Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Чин 17 январи соли 2007 ширкати "Сино Ҳайдро"-и Чин ва ширкати “Барқи Тоҷик” имзо карданд. Ҷониби Чин бар ӯҳда гирифта буд, ки дар муддати 36 моҳ, пеш аз мӯҳлат сохтмони ин нерӯгоҳро ба поён хоҳад расонд ва барои корҳои сохтмонӣ 200 миллион доллар ба Тоҷикистон барои 20 сол бо як дарсад баҳра қарз хоҳад дод.

Ҷониби Эрон низ барои сохтмони яке аз нерӯгоҳҳо дар рӯдхонаи Зарафшон дилгармӣ нишон дод, вале баъдтар ҳам Эрон ва ҳам ширкати "Сино Ҳайдро"-и Чин дар натиҷаи интиқодҳо аз ҷониби матбуоти Узбакистон аз сохтмони нерӯгоҳҳо худдорӣ карданд. Узбакистон иддао мекард, ки гӯё сохтмони нерӯгоҳҳо дар рӯдхонаи Зарафшон дар Узбакистон мушкили камобиро пеш меорад.

То ҳол дақиқ гуфта намешавад, ки бознигарӣ дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқи рӯдхонаи Зарафшон ба иддаоҳои Узбакистон иртибот дорад ва ё камобии рӯдхона дар фасли зимистон.

Вале вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон то охири соли 2015 Барномаи умумии рушди энергетикаи Тоҷикистонро таҳия мекунад. Дар ин барнома сохтмони ниругоҳҳо дар рӯдхонаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла дар рӯдхонаи Зарафшон, дақиқ нишон дода мешавад.

XS
SM
MD
LG