Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон Марияро ҳанӯз нашинохтанд. САДО


Акс аз видео-гузориши телевизиони Russia Today гирифта шудааст. Духтарча худро Марияи 8-сола ва волидонашро аз Тоҷикистон муаррифӣ кард
Акс аз видео-гузориши телевизиони Russia Today гирифта шудааст. Духтарча худро Марияи 8-сола ва волидонашро аз Тоҷикистон муаррифӣ кард

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, баъди дидани гузориши видеоии шабакаи телевизионии “Russia Today”, ки аз сарнавишти гурӯҳи ятимони ҷангиёни русзабони гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз як ятимхонаи Бағдод нақл мекард, тоҷику тоҷикистонӣ будани яке аз ин қаҳрамонҳои хурдсолро феълан тасдиқ карда наметавонад.

Дипломатҳои тоҷик мегӯянд, феълан тасдиқ кардани ҳуввияти ин кӯдак барои онҳо душвор аст ва бо гузашти як рӯз аз пахши ин гузориш дар интернет, ҳанӯз имкони санҷиши ҳуввияти ин духтараки ноболиғ дааст надодааст.

Мушакборон хонаи моро хароб кард, ҳама аъзои оила кушта шуданд

Як масъули вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин мавзӯъ мавриди омӯзиши онҳо қарор мегирад.

Дар ҳамин ҳол масъулони Ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки Тоҷикистон мегӯянд, сарнавишти ин ва дигар кӯдакони тоҷике, ки дар қаламравҳои зери назари ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” қарор доранд, онҳоро ба ташвиш гузоштааст. Ва ин ниҳод низ талош мекунад бо дарёфти ҳақиқати ҳол ба сарнавишти ин кӯдакон расидагӣ кунад.

Гузориши шабакаи байналмилалии ТВ “Russia Today”, ки дар вебсайташ рӯзи 8 август нашр шуд, аз сарнавишти чанд фарзанди ятиммондаи аъзои собиқи “Гурӯҳи исломӣ” нақл мекунад. Аз ин кӯдакон, ки то 8-сола мебошанд, ҳамчун русзабон ва зодаи хонаводаҳои шаҳрвандони Шӯравии пешин ёд шудааст. Зоҳиран волидони ҳамаи онҳо кушта шудаанд.

Дар Тоҷикистон Марияро ҳанӯз нашинохтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:12 0:00
Линки мустақим

Яке аз кӯдакони маҷрӯҳ дар ин навор, ки зоҳиран 8-сола буда, худро бо исми Мария муаррифӣ кардааст, бо забони шикастаи русӣ гуфтааст: “Мушакборон хонаи моро хароб кард, ҳама аъзои оила кушта шуданд”. Мария дар сӯҳбат бо хабарнигор гуфтааст, ки волидонаш “аз Тоҷикистон ба Миср рафта”, худи ӯ дар ҳамин кишвар таваллуд шудааст. Баъди ин волидонаш ба Ироқ рафта, дар он ҷо боз соҳиби ду хоҳару як бародар шудаанд. Вале дар ниҳоят ҳамаи онҳо кушта шудаанд.

Масъулони Ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки Тоҷикистон мегӯянд, баъди пахши ин гузориш талош доранд дар бораи шахсияти духтарак маълумот ба даст оранд ва пеш аз ҳама, тоҷикистонӣ будани ӯро мушаххас кунанд.

Полковники собиқи ОМОН Гулмурод Ҳалимов ҳам ба қаламравҳои ҷангӣ ҳамсару 4 фарзандашро бурдааст
Полковники собиқи ОМОН Гулмурод Ҳалимов ҳам ба қаламравҳои ҷангӣ ҳамсару 4 фарзандашро бурдааст

Азиз Солиев, ёвари Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак, рӯзи 9 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки яке аз талошҳои онҳо – кӯшиши пайдо кардани хешовандони эҳтимолии ин духтарча дар Тоҷикистон мешавад.

Вай гуфт: “Ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки Тоҷикистон аз ин ҳодиса дар ҷараён буда ва роҳҳои баргардондани ин кӯдакро ҷустуҷӯ мекунад. Мо дар Ироқ сафорат надорем. Мумкин аст дар ин росто Сафорати Тоҷикистон дар Миср ва созмонҳои хайрияи байналмилалӣ кумак кунанд”.

Аз дафтари намояндагии Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират (IOM) дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар Ироқ намояндагии ин созмон фаъолият мекунад ва дар муддати ҷангҳо ва дар ин охирҳо ҳеҷ як шаҳрванди Тоҷикистон барои кӯмак ба ин сохтор муроҷиат накардааст. Ин созмон гуфт, ки дар Ироқ созмонҳои дигари байналмилалӣ бо шумули ЮНИСЕФ фаъолият мекунанд, ки ба ҳалли мушкилоти кӯдакон машғул ҳастанд.

252 кӯдаки тоҷик дар Сурия ва Ироқ

Пахши гузориши телевизиони русӣ аз ятимхонае дар Бағдод дар ҳолест, ки моҳҳои охир доираи ҳузури ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар қаламравҳои Сурияву Ироқ шадидан танг шуда, нирӯҳои байналмилалӣ талош доранд охирин истеҳкоми ин гурӯҳи даҳшатафканро нобуд созад. Дар ин амр пешгӯӣ мешавад, ки аксари ҷангиёни зиндамонда талош мекунанд ин қаламравро тарк карда ба кишварҳои сеюм роҳ ёбанд.

Хонаводаҳои аъзои ДИИШ дар қароргоҳҳои муҳоҷирон ҳам зиндагӣ мекунанд. Ироқ, октябри соли 2016
Хонаводаҳои аъзои ДИИШ дар қароргоҳҳои муҳоҷирон ҳам зиндагӣ мекунанд. Ироқ, октябри соли 2016

Дар гузашта мақомоти тоҷик вуҷуди ҷангиёнро дар ин қаламравҳо ҳамроҳ бо аъзои оилаву фарзандонашон тасдиқ кардаанд. Дар як гузориши ҳукумати Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид, ки рӯзи 30-юми июл ба дасти Радиои Озодӣ расид, дар бораи ҳузури беш аз 250 тифли тоҷик дар қаламравҳои ҷангӣ хабар дода шудааст. Дар ин гузориш, аз ҷумла, омадааст:

"Ҳоло дар қаламрави Сурия, Ироқ ва дигар кишварҳое, ки гирифтори ҷанг ҳастанд, 234 оила иборат аз 840 нафар аз Тоҷикистон қарор доранд. Дар байни онҳо 309 мард, 279 зан ва 110 духтару 142 писар ҳастанд.”

Дар ин гузориш инчунин гуфта шудааст, ки мақомоти Тоҷикистон тавонистаанд, дар муддати ду соли ахир, аз соли 2015 то моҳи майи имсол, 19 хонавода ва дар маҷмӯъ 61 нафарро аз манотиқи ҷангзада ва аз роҳ ба сӯи Сурияву Ироқ баргардонанд. Ба гуфтаи мақомот, дар миёни ин 61 нафар, 21 нафарашон духтар ва 20 нафар писар будаанд. Дар гузориш омадааст, ки ҳукумат саъй дорад, онҳоеро, ки дар Сурияву Ироқ дармондаанд ва мехоҳанд, баргарданд, ба Тоҷикистон бозпас биёрад.

"Амнияти кӯдакону занони баргашта таъмин мешавад"

Дар Тоҷикистон барои ҷалби кӯдакон ба ҷанг ҷазо муқаррар нашудааст, аммо мақомот мегӯянд, онҳое, ки ҳамин корро мекунанд, бар асоси моддаи 401-уми Кодекси ҷиноӣ, яъне ҷалби шаҳрвандон ба ҷангҳои хориҷӣ ҷазои сахт мегиранд.

Ҳоло саволи матраҳ ин аст, ки давлати Тоҷикистон аз кадом тариқ кӯдакони тоҷикро аз манотиқи ҷангзадаи Ироқу Сурия ба ватан бозмегардонад?

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар нишасти хабариаш дар Душанбе рӯзи 3 август ба ин саволи Радиои Озодӣ гуфт, занону кӯдакон ба ҳангоми бозгашт ба Тоҷикистон аз ҳама гуна ҷавобгарӣ озод хоҳанд шуд. Аммо ин тарзи муносибат нисбати мардҳо татбиқ нахоҳад шуд.

“Ҳамаи онҳое, ки ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, бар асоси қонунҳои Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд”, - гуфт ӯ.

Аксар мақомоти интизомӣ бовар доранд, ки занону кӯдаконе, ки ба қаламравҳои ДИИШ афтодаанд, қурбони тасмимҳои иштибоҳиву фоҷеабори мардони хона – падару бародарҳои худ шудаанд ва дар ин манотиқи ноамн бо хатари воқеии аз даст додани ҷонашон рӯбарӯ шудаанд.

Баъди зуҳури гурӯҳи ифротгарои ба ном "Давлати исломӣ" дар Сурияву Ироқ, аз соли 2014 то кунун беш аз 1100 шаҳрванди Тоҷикистон ба ин кишварҳо рафта ва ба сафи гурӯҳҳои тундраву террористӣ пайвастаанд ва на камтар аз 300 нафарашон ҳам кушта шудаанд. Шумори воқеии қурбониёни ҷангҳои ДИИШ аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дар тамоми муддати ҷангҳо дар даст нест, ҳамчунон ки маълум нест, оё вазъи зану фарзандони онҳо чӣ шуд ва то куҷо шонси зинда баргаштани онҳо ба ватан боқӣ мондааст, ё на.

XS
SM
MD
LG