Пайвандҳои дастрасӣ

Меваҳои хушки Тоҷикистон куҷо гум шуд? ИНФОГРАФИКА, АКС


Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, тайи тақрибан се соли ахир ҳосили мева дар кишвар коҳиш наёфт, содироти он ба хориҷ якбора кам шудааст. Агар дар соли 2014 аз Тоҷикистон ба хориҷа беш аз 100 ҳазор тонна меваи хушк содир шуда буд, ин рақам дар соли 2016 то 56 ҳазор тонна поин омад.

Содироти меваи хушк аз Тоҷикистон ба хориҷа, аз ҷумла Қирғизистон, дар се соли ахир 50 ҳазор тонна кам шудааст. Оё, воқеан, содирот кам гардид ваё ин миқдор меваи хушк қочоқ шуд? Агар ин миқдор меваи хушк қочоқ шуда бошад, буҷети кишвар 1,75 миллион доллар фоидаро аз даст додааст.

Бархе аз сокинону тоҷирон мегӯянд, ки баъди пайвастани Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё қочоқи молу маҳсулот, аз ҷумла меваи хушк аз Тоҷикистон ба ин кишвари ҳамсоя афзудааст. Аммо мақомоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфтанд, тайи тақрибан се соли ахир ҳеч мавриди аз кишвар ба хориҷ қочоқ шудани меваи хушкро сабт накарданд.

Луқмониддин Қурбонов, мудири ширкати “Кимиё-сервис”-и шаҳри Исфара аз соли 1998 ба содироти меваи машғул аст. Қурбонов нақл мекунад, ки то соли 2015 моҳе то 10 вагон меваи хушки тоҷиронро ба Қазоқистон ва Русия содир мекард. Ӯ дар ин тиҷорат танҳо набуд. Дар баробари вай чандин тоҷири дигар ба ин кор машғул буданд.

“Ҳар вагон то 60 тонна бор мебарад. Одамоне, ки дар Русия тиҷорат доштанд, барои бурдани меваи хушк ба мо муроҷиат мекарданд. Мо борашонро то ҷои даркорӣ мерасонидем. Аз соли 2015 муроҷиатҳо кам шудан гирифтанд. Рафта-рафта дар тобистон ва аввали тирамоҳи соли 2017 комилан аз байн рафт”, - мегӯяд Луқмониддин Қурбонов.

Иқтидори “бедоршудаи” Қирғизистон

Дар моҳи сентябри соли 2017 Владимир Путин, президенти Русия дар мусоҳиба бо хабарнигори қирғиз Сиягул Караман гуфт, баъд аз ворид шудани Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё содироти маҳсулот аз ин кишвар ба Русия афзудааст. “Танҳо дар соли 2016 ҳаҷми воридоти меваи Қирғизистон ба Русия 2,5 баробар зиёд шуд”, - гуфт Путин. Суоле ба миён меояд: то шомил шудани Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ин миқдор мева дар куҷо истеҳсол мешуд ва ба куҷо мерафт?

Дар ҳамин ҳол, Қазоқистон - яке аз дигар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – даъво дорад, ки аз Қирғизистон ба кишварҳои дигари узви ин созмон моли қочоқӣ ворид мешавад.

Муносибатҳои Қазоқистону Қирғизистон аз 10-уми октябр каме сард шуд. Албатта, ҷониби Қазоқистон бештар маҳсулоти чиниро дар назар дорад, аммо баъди сардӣ миёни ду кишвар, дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон чанд дафъа меваи хушк ва меваи тар боздошт ва дубора ба Қирғизистон баргардонда шуд. Мо мустақим собит карда наметавонем, ки ҳамон меваи хушки боздоштшуда маҳз маҳсулоти Тоҷикистон буд, ки тариқи Қирғизистон бояд ба кишварҳои севум мерафт. Аммо далелҳои дигар дорем, ки дар соли 2016 то 50 ҳазор тонна меваи хушки Тоҷикистон ба Қирғизистон қочоқ шуда, аз онҷо ба кишварҳои дигар рафтааст.

Сешанбебозор - кони меваи хушки Тоҷикистон

Ин калонтарин бозори хушкмеваест, ки ҳафтае як бор рӯзҳои сешанбе дар деҳаи Сурхи ноҳияи Исфара - дар шимолтарин нуқтаи Тоҷикистон баргузор мешавад. Моҳҳои август-сентябр - баробар бо ҷамъоварии ҳосили мева гармтарин мавсими ин бозор аст. Дар моҳи сентябр дар ин бозор як кило зардолуи хушк вобаста ба навъаш аз 10-12 то 50 сомонӣ (аз 1,5 доллар то тақрибан 5 доллар) нарх дошт. Олу, олуча, себ, шафтолу, ноки хушк ва омехтаи ин маҳсулот барои шарбатпазӣ низ аз 10-12 сомонӣ шуруъ мешуд.

Ҳар ҳафта рӯзи сешанбе садҳо тонна меваи хушк дар ин бозор хариду фурӯш мешавад. Ба ҷуз аз Сурхбозор дар бозори марказии шаҳри Исфара низ меваи хушк мефурӯшанд. Рӯзҳои дигари ҳафта дар минтақаҳои мухталифи ноҳия бозори меваи хушк баргузор мегардад. Дар ин бозорҳо на танҳо маҳсули деҳқонони Исфара, балки аз ноҳияҳои Конибодому Ашт низ ба савдо медарояд.

Бесабаб нест, ки дар маркази ноҳия ҳайкали зардолу гузошта шудааст: рамзи боғдориву деҳқонӣ. Овозаи зардолупарварӣ ва таҳияи меваи хушки сокинони Исфара на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам паҳн гардидааст. Аммо ин ноҳия ҳамзамон ба рамз ё сарҳади қочоқ низ табдил шудааст. Ба далели инки бо Қирғизистони ҳамсоя ҳамсарҳад аст ва марзи ду тараф то кунун муайяну аломатгузорӣ нашудааст, ин ноҳия барои қочоқи молу маҳсулот хеле “мувофиқ” аст.

Вазорати кишоварзӣ: Ҳосил бад набуд

Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растании Вазорати кишоварзӣ иттилоъ медиҳад:

Соли 2014 аз қаламрави ҷумҳурӣ 101 ҳазору 273 тонна;

2015 - 72 ҳазору 812 тонна

2016 - 56 ҳазору 178 тонна

8 моҳи 2017 - 21 ҳазору 660 тонна меваи хушк содирот шудааст.

Дар ҷумҳурӣ ҳосили мева ва буттамевагиҳо чунин будааст:

соли 2014 - 341 ҳазору 268 тонна

соли 2015 - 299 ҳазору 277 тонна

соли 2016 - 364 ҳазору 060 тонна

то 1 октябри соли 2017 - 292 ҳазору 786 тонна.

Ин омор нишон медиҳад, ки пеш аз ворид шудани Қирғизистони ҳамсоя ба созмони Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё содироти меваи хушк ба хориҷ зиёд буд. Ҳарчанд дар соли 2015 ҳосили мева дар Тоҷикистон кам шуд, роҳи нави содироти он ба хориҷ пайдо гардид; роҳи бе боҷу арзон. Соли 2015 дар охирҳои моҳи март якбора барф рехт ва ҳарорати ҳаво аз сифр поён шуд. Ин боис гардид, ки зардолуҳои ғарқи гули кишварро сармо бизанад.

Вале дар соли 2016 ҳосили мева нисбат ба соли 2014 (соли муътадили кишоварзӣ) зиёдтар шуд: деҳқонон то 364 ҳазор тонна мева ҳосил гирифтанд. Аз ин миқдор расман ҳамагӣ 56 ҳазору 178 тонна меваи хушк ба хориҷ рафтааст. Аз 101 ҳазор тоннаи соли 2014 якбора дар соли 2016 ба 56 ҳазор тонна расидани содироти меваи хушк суолҳои зеёдеро эҷод мекунад: ҳосили мева зиёд шуд, аммо чаро содироти он кам гардид?

Пеш аз ворид шудани Қирғизистони ҳамсоя ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тамоми маҳсулоти Тоҷикистон, аз ҷумла меваи хушк тариқи роҳи оҳан содир мешуд. Зеро бо мошин бурдани маҳсулот фоидаовар набуд. Омори Роҳи оҳани Тоҷикистон низ далолат мекунад, ки пеш аз шомилшавии Қирғизистон ба иттиҳод содироти меваи хушк зиёд буд.

Ҳамлу нақли хушкмева дар

Соли 2014 - 1253 вагон ё 84 824 тонна

соли 2015 - 1030 вагон ё 69 588 тонна

соли 2016 - 683 вагон ё 46 095 тонна

10 моҳи 2017 - 269 вагон ё 18 185 тонна

Дар моҳи сентябри соли ҷорӣ мақомоти Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфтанд, ки қаторҳои ин ширкат дар ноҳияи Исфара бекор хобидаанд.

Пайраҳаҳои қочоқбарони меваи хушк

Пушти қочоқи меваи хушк кӣ меистад? Ҳама. Яъне, ҳар кӣ майл дорад, метавонад молашро ба таври қочоқ ба хориҷ барад. Фаразан агар мехоҳед, ба Маскав бор баред, нахуст борро омода мекунед, ронандаи қирғизро пайдо месозед ва бар ивази ҳар кило бор 8 рубли русӣ ($0,12) мепардозед. Ҳеч ҳуҷҷате омода намекунед ва ҳеч маблағи иловагӣ ҳам намепардозед. Баъд аз 5-6 рӯз боратонро дар Маскав мегиред.

Як тоҷир аз ноҳияи Исфара, ки ба содироти меваи хушк машғул аст, харҷу дахли содироти қочоқӣ ва қонуниро чунин баҳо медиҳад: «Як мошини боркаш то 20 тонна бор мегирад. Барои ин, дар марзи Тоҷикистон $700 мепардозад, дар марзи Қирғизистон $1,5 ҳазор, расондани бор $2300-и дигар - дар маҷмуъ $4,5 ҳазор ё тақрибан 261 ҳазор рубли русӣ сарф мешавад. Ба ин тартиб, як кило хушкмевае, ки қонунӣ содир мешавад, 12,7-13 рубли русӣ харҷ хоҳад дошт. Аммо бо роҳи қочоқӣ 20 тонна молро мешавад бо харҷи 174,5 ҳазор рубли русӣ ($3,1 ҳазор) то шаҳри Маскав расонд. Аз ин ҳисоб соҳиби мол 80 ҳазор рубл ё наздики 1300 доллар сарфа мекунад.»

Ҳуҷҷатгузорӣ - дарёфти сертификат ва ҳуҷҷатҳои карантин бар дӯши ронандаи қирғиз аст. Ин маблағи гарон нест. Дар муқоиса бо арзиши он дар Тоҷикистон мешавад хулоса кард, ки дар Қирғизистон низ пардохти он тақрибан ҳамин миқдор аст: Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ - 1 сомонӣ ($0,13) барои 1 тонна,

Барасмиятдарории сертификати фитосанитарӣ 1 дона барои содирот - 15 сомонӣ ($1,7),

азназаргузаронии воситаи нақлиёт 1 адад - 14 сомонӣ ($1,6),

санади назорати фитосанитарии маводҳои таҳти карантинӣ 1 адад - 4 сомонӣ ($0,43) - дар маҷмуъ барои 20 тона бор 53 сомонӣ ($6).

Фуд-ситии Маскав: растаҳои меваи хушки Исфара

Дар бозори Фуд-ситии Маскав растаҳои махсуси фурӯши меваи хушки Исфара мавҷуд аст. Як кило зардолуи хушк ба таври яклухт дар ин бозор аз 200 то 400 рубл (мутаносибан 30 ва 60 сомонӣ ё $3,4 ва $6,8) арзиш дорад. Тоҷирони бозор иқрор карданд, ки маҳсулоташон тариқи Қирғизистон мерасад. Дар посух ба суоли инки дар куҷо ҳуҷҷатгузорӣ мешавад, аксари онҳо гуфтанд, “намедонанд”. Аммо як тоҷир бо номи Фирдавс аз бозори “Солово”-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия на танҳо иқрор шуд, ки молаш тариқи Қирғизистон меояд, балки сертификати фитосаниртариашро дар ихтиёри мо гузошт. Фирдавс иқрор кард, ки тариқи Қирғизистон ва ба таври қочоқӣ овардани меваи хушк ба Русия арзон меафтад.

Чаро мақомот қочоқи меваи хушкро надиданд?

Дар як посухи катбӣ Хадамоти гумруки Тоҷикистон навишт, ки аз соли 2014 то 9 моҳи соли 2017 ягон далели қочоқи хушкмеваро аз Тоҷикистон ба хориҷ сабт накардааст. Аммо Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар соли 2015:

Зардолу - 550 кило

Олу - 3295 кило

Гелос - 250 кило

Хурмо - 8000 кило

Соли 2016 - 17 500 кило

9 моҳи соли 2017 - 29 650 кило меваи хушки қочоқӣ ошкор шудааст.

Аз ин бар меояд, ки ба ҳар сурат қочоқи хушкмева ҷой дорад. Мақомоти Тоҷикистон ба таври мушаххас иттилоъ надоданд, ки дар кишвар дар солҳои 2014-15-16 ва нуҳ моҳи соли ҷорӣ чӣ қадар хушкмева истеҳсол шудааст. Танҳо содироти ин навъи маҳсулот дар солҳои 2014 ва 2015 далолат мекунад, ки ҳамасола на камтар аз 100 ҳазор тонна меваи хушк истеҳсол мешавад. Бо назардошти ин омор мешавад гуфт, ки дар соли 2016 то 50 ҳазор тонна хушкмева аз Тоҷикистон қочоқ шудааст. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ (то замони сардии робитаҳои Қирғизистону Қазоқистон дар санаи 10 октябри соли ҷорӣ) мумкин аст, ҳамин миқдори дигар меваи хушки Тоҷикистон ба таври қочоқ ба хориҷ рафта бошад.

Хадамоти гумрук ба ҳайси ниҳоди масъул аз мусоҳибаи рӯ ба рӯ бо мо худдорӣ варзид. Биноан суолҳоро инҷо мегузорем: ​Чӣ гуна шуд, ки берун рафтани 2,5 ҳазор мошини борбарро надидед?

Ношаффофӣ дар "Роҳи оҳан" - сабаби дигари қочоқи хушкмева

Яке аз сабабҳои дигари қочоқи хушкмеваи Тоҷикистон ба хориҷ шаффоф набудани хидматрасонӣ ва гаронии нарх дар Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” аст. Ба гуфтаи соҳибкорон, ҳамаи ин ба нафъи қочоқбарон аст. «Роҳи оҳани Тоҷикистон рамзҳои боркашонии ширкатҳои дигари экспедиториро қабул надорад. Роҳи оҳан талаб мекунад, ки рамзҳои боркашонӣ танҳо аз ширкати “Экспедитсияи роҳи оҳан” дарёфт карда шаванд. Дар ҳоле ки ширкатҳои дигар, барои мисол, дар Хуҷанд, метавонанд рамзҳои боркашониро арзонтар пешниҳод кунанд», - мегӯяд Луқмониддин Қурбонов.

Ба гуфтаи ин соҳибкор, ширкати “Экспедитсияи роҳи оҳан” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хидматрасониро гарон ба роҳ мондааст ва аз ин рӯ соҳибкорони вилояти Суғд, ки ба содироти хушкмева машғуланд, аз хизматрасонии роҳи оҳан даст кашидаанд. «Барои интиқоли як вагон меваи хушк (68 тонна) дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбакистон аз истгоҳи Исфара то истгоҳи Сариоғош (вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ) “Экспедитсияи роҳи оҳан” маблағеро талаб мекунад, ки аз нархгузории расмӣ зиёдтар аст. Барои мисол, ин ширкат барои интиқоли як вагон хушкмеваи 23 ҳазору 985 сомонӣ талаб мекунад. Ин нархро кӣ муайян кардааст ва чаро рақобати солим вуҷуд надораду ҳуқуқи соҳибкорон, сарфи назар аз қонун “дар бораи соҳибкорӣ”, поймол мешавад?» - суол мегузорад соҳибкор.

Мо бо роҳбари истгоҳи роҳи оҳан дар ноҳияи Исфара - Абдулазиз Почоев тамос гирифтем ва пурсидем, ки оё имкони дастрас кардани рамзҳои боркашонӣ аз ширкатҳои дигар ҳаст? Вай гуфт: “Рамзҳои боркашониро бояд аз ширкати “Экспедитсияи роҳи оҳан” бигиред. Рамзҳои ширкати дигарро мо қабул намекунем, ин фармони роҳбари мост”.

Аммо КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар як мактуби расмӣ вуҷуди чунин талаботро рад кард. КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” мегӯяд, дар 10 моҳи соли ҷорӣ тариқи роҳи оҳан 18 ҳазору 319 тонна хушкмева ба хориҷ интиқол дода шудааст. “Пардохти ҳаққи истифодаи як вагони рӯпӯш бо вазни 68 тонна барои меваҳои хушк мувофиқи сиёсати тарифии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ва Балтия аз истгоҳи Исфара то истгоҳи Сариоғош 2649,28 франки швейтсарӣ ($2,612, ё 23,063 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад. Арзиши боркашонӣ дар ҳудуди Тоҷикистон - 814,64 франки швейтсарӣ ($803), Узбакистон - 1666,00 франки швейтсарӣ (наздики $1643), Қазоқистон - 168,64 франки швейтсарӣ ($166) аст, ки дар маҷмуъ 2649,28 франки швейтсарӣ ($2,612, ё 23,063 сомонӣ) мешавад”, - омадааст дар мактуби “Роҳи оҳани Тоҷикистон”.

Дар қисмати дувуми мактуб мақомоти “Роҳи оҳан» менависанд: “Дар ҳудуди Тоҷикистон кодҳои боркашонии ҳамаи ширкатҳои экспедитсионӣ, ки пардохт карда шудаанд, бе мамониат қабул карда мешаванд”.

Ба ҷои хулоса

Аз вазъияти мавҷуда ба ҷуз аз қочоқчиён тақрибан ҳама ҷонибҳои дигар зиён мебинанд: ҳам онҳое, ки ба таври расмӣ хушкмева содир мекунанд, ҳам роҳи оҳан ва ҳам буҷаи давлат. Аз Луқмониддин Қурбонов, тоҷир аз шаҳри Исфара пурсидем, ки чӣ гуна мешавад аз қочоқи хушкмева пешгирӣ кард, посух дод: “Мо сарҳадбон дорем, гумрук дорем, дигар мақомот дорем. Қочоқро ҳамон гумруку сарҳадбонон сахт бидоранд, масъала ҳал мешавад”

Ёқуби Саид,

Акмал Маннонов

Таҳқиқоти журналистӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаҳои "Интернюс" таҳия шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG