Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андоз, бонкҳо ва алоқа – cе соҳаи ислоҳталаби Тоҷикистон


Дар навбати гирифтани сим-корт
Дар навбати гирифтани сим-корт

Андоз, бонкҳо ва алоқа. Се соҳае, ки ба таъкиди коршиносон дар Тоҷикистон беш аз дигар арсаҳо ба ислоҳоти сареъ ва фарогир ниёз дорад. Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Сандуқи Байналмилалии Пул ҳам дар барномаҳояшон марбут ба Тоҷикистон тавсияҳо додаанд, ки ҳукумат ба ислоҳот дар ин соҳаҳо иқдом кунад.

Барои баргузор кардани ҳама гуна ислоҳот ирода зарур аст. Дар мисоли Сингапуру Ҳонконг мебинем, ки бо иродаи сахти роҳбарон дар ин кишварҳо ислоҳот сурат гирифтанд

Даъват ба ислоҳот аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ ва таҳлилгарон аз он ҷост, ки бо афзун шудани таъсири буҳрони иқтисодӣ ба Тоҷикистон баъди соли 2014 маҳз се соҳа – андоз, алоқа ва умури бонкӣ – дучори заъф ва бӯҳрон шуданд. Шикоятҳои мардум низ дар ин давра бештар аз ин се соҳа буд. Бархе аз коршиносон мегӯянд, дар соли 2018 ҳукумати Тоҷикистон бояд дар фикри ислоҳи вазъ дар ҳамин се бахш шаванд, вагарна паёмадҳои бӯҳрон дар ин бахшҳо ва таъсири он рӯи мардум метавонад мушкилоти ҷиддӣ, аз ҷумла коҳиши даромад, афсурдагӣ ва поинравии эътимод ба ҳукуматро ба бор орад.

Ислоҳот дар бонкҳо

Дар назди яке аз банкоматҳои "Тоҷиксодиротбонк"
Дар назди яке аз банкоматҳои "Тоҷиксодиротбонк"

Хавфи камомади сармоя дар бонкҳои Тоҷикистон, ки солҳо боз зам мешуд, бо амиқтар шудани таъсири буҳрон ва коҳиши маблағҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ аз хориҷ якбора рӯ зад. Дар натиҷа, ду бонк комилан муфлис («Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк») ва ду бонки бузурги кишвар – “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк” пардохтнопазир гашта, амалан аз фаъолияти маъмулӣ бозмонданд. Кумаки беш аз 3 миллиард сомонии давлат ҳам ин бонкҳоро наҷот надод ва ҳанӯз маълум нест, ин буҳрон кай ва бо чӣ шева ба поён мерасад.

Бонкҳои Тоҷикистон соли 2017 бо мушкили эътимоди муштариҳо рӯ ба рӯ шуданд ва ин вазъ метавонад ба гузоштани пасандозҳо мардум дар бонкҳо таъсири манфӣ гузорад.

Марат Мамадшоев, як таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, низоми бонкӣ дар Тоҷикистон ба ислоҳоти сареъ ва либерализатсия ниёз дорад. Ӯ гуфт, “он хадамоте, ки бонкҳо дар Тоҷикистон ба муштариён медиҳанд, мешавад гуфт, “ғоратгарӣ” аст. Фоизҳое, ки онҳо доранд, аслан қобили таҳаммул нестанд. Бинобар ин, дари ин бозорро ба рӯйи бонкҳои байналмилалӣ бояд боз кард. То инки бонкҳои бузурги байналмилалӣ ба бозори мо оянд ва дар ин бозор рақобати воқеӣ ба вуҷуд ояд”.

Марат Мамадшоев
Марат Мамадшоев

Таҳлилгарон мегӯянд, соҳаи бонки Тоҷикистон ва кори муассисаҳои молии хусусӣ то рафт дучори мушкилот мешавад.

Мизони баланди андоз

Кишвар соли 2012 Кодекси нави андозро қабул кард, аммо баръакси интизориҳо мизони андоз дар Тоҷикистон кам нашуд. Натиҷа ин шуд, ки Тоҷикистон дар қатори се кишвари мизони андозҳояш аз ҳама баланд дар ҷаҳон қарор гирифт.

Бино ба эътирофи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, мизони андозҳои Тоҷикистон пас аз Аргентинаву Боливия, баландтарин дар ҷаҳон аст. Таҷрубаи пешопеш ситондани андоз як мояи дигари нигаронии соҳибкорону ширкатҳост. Бархе соҳибкорон ин таҷрибаро “ғайримантиқӣ” ва ҳам хилоф бо қонун медонанд, чунки андоз бояд аз маҳсулоти истеҳсолшуда ё хадамоти ироашуда ва баъди дарёфти даромад аз он ситонда шавад.

Бонки Ҷаҳонӣ: Андозситонӣ бояд танҳо дар доираи қонун бошад

Кодекси андози Тоҷикистон бояд тарзе ислоҳ шавад, ки дар меҳвари он манфиати соҳибкорон - хусусан соҳибкорони хурду миёна қарор дошта бошад. Он ҷаримаҳои сангине, ки қонуни андоз пешбинӣ мекунад, низ ба фикрам таҷдиди назар шавад.

Яке аз созмонҳои кумакрасони Тоҷикистон, ки маъмулан ба ивази пулҳои грант талаби ислоҳотро мекунанд, Бонки Ҷаҳонӣ аст. Дар як тамоси хаттӣ дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе дар робита ба суоли Радиои Озодӣ марбут ба мушкилоти ин арсаҳо гуфт, дар шароити кунунӣ давлати Тоҷикистонро зарур аст, барои бахши хусусӣ шароитеро фароҳам кунад, ки “андозситонӣ танҳо дар доираи қонун ва қоидаҳо сурат гирад”. Ин принсип, ба гуфтаи иқтисоддонҳои Бонки Ҷаҳонӣ, эътимоди бахши хусусиро ба ояндаи дарозмуддат меафзояд ва боис ба ҳавасмандии соҳибкорон ба сармоягузорӣ ва роҳандозии навгониҳо мешавад.

Дилшод Муллоев, як пажӯҳишгари тоҷик, ки ҷараёни ҳодисаҳоро дар Тоҷикистон аз наздик мушоҳида мекунад, мегӯяд, ислоҳот нахуст бояд аз соҳаи андоз шурӯъ шавад, то ки дили соҳибкорон ба тиҷорату бизнес гарм шавад ва иқтисоди кишвар беҳтар фаъолият кунад. Соли 2017 беш аз 200 ҳазор соҳибкори тоҷик тарки пеша карда ширкатҳои зиёд баста шуданд.

Ӯ гуфт, “Кодекси андози Тоҷикистон бояд тарзе ислоҳ шавад, ки дар меҳвари он манфиати соҳибкорон - хусусан соҳибкорони хурду миёна қарор дошта бошад. Он ҷаримаҳои сангине, ки қонуни андоз пешбинӣ мекунад, низ ба фикрам таҷдиди назар шаванд. Чун вақте соҳибкор имкони пардохти худи андозро надорад, аз куҷо ҷаримаи онро месупорад? Ба андешаи ман соҳибкории хурду миёна дар пардохти андоз бояд имтиёзи бештар бигиранд. Аммо дар иваз мақомот супордани андозро аз ҳама талаб кунанд ва онҳое, ки ҳоло аз чашми андоз пинҳон мондаанд ба андозсупорӣ ҷалб шаванд”.

Дилшод Муллоев
Дилшод Муллоев

Бархе аз коршиносон мегӯянд, парвандаҳои ҷиноии зидди баъзе ширкатҳои номдору маъруф ва боздошти раҳбарони онҳо ҳолати тарсу навмедиро дар миёни дигар соҳибкорон ба бор меорад, чун бисёриҳо ба баррасии одилонаи қазияҳои онҳо бо шубҳа менигаранд.

Соҳаи мухобирот – мудохилаи давлат, масдудкуниҳо ва рукуди нишондодҳо

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳам тайи ду соли ахир як зумра тасмимҳоеро рӯи даст гирифт, ки ба гуфтаи нозирон, боис ба кунд шудани рушди соҳа ва аз байн рафтани рақобат шуд. Таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионӣ, ки ҳама гуна иртиботи телефонӣ ва интернетии тоҷикистониҳоро бо ҷаҳони атроф назорат мекунад, аз ҷумлаи тасмимҳои баҳсбарангези ин хадамот буд. Муҷаввизи ширкатҳои хаткашони байналмилалие ба мисли DHL, UPS, Pony Express ва TNT дар соли 2017 тамдид нашуд. Ҷои онҳоро ширкати миллии “Почтаи тоҷик” гиирфт, вале ин амр боис ба эҷод шудани мушкилот дар хаткашонии зудрас ва дастрас кардани муросилот аз хориҷа шуд. Дар охири сол ва оғози соли 2018 хадамоти телефонии NGN дучори мушкил шуд ва хатари масдудшави паёмрасонҳо ҳам пеш омад.

Баҳриддин Наҷмиддинов, раиси собиқи ширкати мобилии Тселл, мегӯяд, пешрафти воситаҳои нави алоқа бозори мухобиротро комилан дигар кард ва ширкатҳо дигар он даромадеро, ки 8-10 сол пеш доштанд, надоранд. Ӯ гуфт, “ҳоло аксарият тариқи мессенҷерҳое ба мисли Вайберу Вотсап гап мезананд, ки албатта даромади ширкатҳоро назар ба замони зиёд будани гуфтугӯҳои бевоситаи мобилӣ кам кард. Дар ин шароит даромади ширкатҳо танҳо аз ҳисоби бастаҳои интернетӣ метавонад бошад, чунки ҳама технологияҳои навин тавассути интернет аст. Сартфон, Смарт ТВ, смарт мошинҳо. Аммо ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон ҳаққи мустақилона аз хориҷа пайваст кардани хатти интернетро надоранд ва бинобар ин нархи интернет дар мо гарону суръаташ суст мебошад”.

Баҳриддин Наҷмиддинов
Баҳриддин Наҷмиддинов

Наҷмиддинов афзуд, агар ҳукумат ба ширкатҳои мобилӣ иҷозат медод, ки онҳо мустақилона аз кишварҳои хориҷӣ бо ноқили оптикӣ интернетро васл мекарданд, дар он сурат ҳам нархи интернет арзон ва ҳам суръати он баланд мешуд.

“Иродаи сиёсии ҳукумат зарур аст”

Аммо Марат Мамадшоев, таҳлилгари тоҷик, гуфт, айни замон ба назар намерасад, ки мақомот дар фикри ислоҳот бошанд ва бо заиф шудани кори матбуоти мустақил ва фазои гуногунандешии сиёсӣ ҳеч фишанги таъсиррасоне ба ҳукумат вуҷуд надорад.

“Барои баргузор кардани ҳама гуна ислоҳот ирода зарур аст. Дар мисоли Сингапуру Ҳонконг мебинем, ки бо иродаи сахти роҳбарон дар ин кишварҳо ислоҳот сурат гирифтанд. Дар мо чунин ирода мушоҳида намешавад”, - афзуд ӯ.

Мамадшоев мегӯяд, бахши аъзами аҳолии қобили меҳнат дар хориҷ аз кишвар ҳастанд ва онҳо ба он чизе, ки дар дохили Тоҷикистон мегузарад, таваҷҷӯҳи зиёд надоранд. Тамаркузи мақомот ҳам, ба гуфтаи ӯ, болои таъмини амнияту суботи сиёсӣ дар кишвар аст ва вазъе, ки пеш омад, ҳалқаи сарбастае мемонад, ки бурунрафт аз он мушкил ба назар мерасад.

XS
SM
MD
LG