Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: Соле, ки дар Тоҷикистон вазъи ҳуқуқи башар якбора бад шуд


Дар гузориши нави созмони мудофеи ҳуқуқи башар Human Rights Watch, ки шоми 12 январ нашр шуд, омадааст, вазъи Тоҷикистон дар соли 2016 якбора бад шуд. Муҳаққиқони ин созмон менависанд, ки сабаби ин вазъ дар басташавии Ҳизби наҳзати исломӣ, зиндонӣ шудани вакилони дифоъ ва мунаққидони давлат ва тағйири Қонуни асосӣ аст, ки дар натиҷаи он, президент Эмомалӣ Раҳмон тамоми умр дар сари қудрат боқӣ мемонад. Дар гузашта мақомот аз вазъи ҳуқуқи башар ҳимоят карда гуфтаанд, ки дар кишвар зиндониҳои сиёсӣ вуҷуд надоранд ва ҳукумат меъёрҳои қонун ва ҳам озодии шаҳрвандонро эҳтиром мекунад.

Ин созмон мегӯяд, ки дар Тоҷикистон аз миёнаҳои соли 2015 150 фаъол бо қазияҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ боздошт шудаанд. Зери фишори гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ва ҳукуматҳои мухталиф, мақомоти Ҷумҳурии Беларус фаъоли “Гурӯҳи 24” Шабнам Худойдодоваро баъди 8 моҳи боздошт раҳо карданд. Худойдодова барои пахши шарҳу матолиби интиқодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди пайгарди байналмилалӣ қарор дошт.

Абӯбакр Азизхоҷаев
Абӯбакр Азизхоҷаев

Моҳи май додгоҳе дар Душанбе Абӯбакр Азизхоҷаев, як соҳибкор ва мунаққиди ҳукуматро ба 2,5 соли зиндон маҳкум кард. HRW мегӯяд, айби Азизхоҷаев ин буд, ки намояндагони ҳукуматро дар фасод айбдор мекард. Вале мақомоти додгоҳӣ гуфтанд, ки гуноҳҳои Азизхоҷаев аз рӯи моддаи “таҳқири милливу нажодӣ ва мазҳабӣ” собит шудааст.

"Муҳокимаи ҲНИТ пӯшидаву ноодилона буд"

Моҳи июн ҳукми додгоҳи аъзои раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон содир шуд, ки дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ айбдор шуданд. Созмони HRW мегӯяд, мурофиа “ноодилона”, “пӯшида ва бо нақзи қонун” сурат гирифт ва “қассос барои фаъолиятҳои сулҳомези оппозитсионии” онҳо буд. Ду муовини раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадии Ҳаит ба ҳабси абад ва 11 нафари дигар ба мӯҳлати аз 2 то 28 соли зиндон маҳкум шуданд.

Моҳи сентябр танҳо зан дар миёни маҳкумшудаҳо ҳуқуқшиноси ҳизб Зарафо Раҳмонӣ аз ҷониби президент афв ва озод шуд. Моҳи сентябри соли 2016 як таҷаммӯи эътирозии фаъолони мухолифин дар нишасти САҲА дар Варшава боиси хашми мақомоти тоҷик шуд ва онҳо ин нишастро тарк карданд. Баъдан мақомот гуфтанд, ки “САҲа набояд ба ин нишаст ҷинояткоронро роҳ медод”. Аз рӯи қарорҳои додгоҳи олии Тоҷикистон, созмонҳои мухолифини мисли “Гурӯҳи 24”, ҲНИТ ва дигарҳо мамнӯъ ва экстремистӣ эълон шудаанд.

Аз соли 2014 ба ин сӯ, ба қавли ин созмони ҳуқуқи башар, дар Тоҷикистон 6 вакили дифоъ боздошт ва маҳкум ба зиндон шудаанд. Қазияи пурсарусадои соли 2016 марбут ба ҳукми 23 соли зиндони Бузургмеҳр Ёров ва 21 соли зиндони Нуриддин Маҳкамов аст, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи боздоштшудаҳои ҲНИТ пушти панҷара рафтаанд.

Дар давоми соли гузашта ҳам, ба қавли муҳаққиқони HRW, дар Тоҷикистон расонаву шабакаҳои хабаррасони мисли Фейсбук, Радиои Озодӣ масдуд шуда, нашрияи “Нигоҳ” барои чопи иштибоҳии вожаи “президент” баста шуд. Моҳи ноябр хабаргузории “Тоҷнюс” ҳам, ба қавли муаллифони гузориш, дар паи фишори сиёсӣ баста шуд.

Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

Мавқеи Тоҷикистон: Зиндониҳои сиёсӣ надорем

Дар гузашта мақомоти Тоҷикистон вуҷуди зиндониҳои сиёсӣ дар кишварро рад карда гуфтаанд, ки интиқоди созмонҳои ҳуқуқи башар дуруст нест. Аз ҷумла, сентябри соли 2016 мақомоти тоҷик дар посух ба аъзои Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар робита ба нигарониҳои ҳамсон посух дода аз тарзи бархӯрд бо аъзои ҲНИТ ҳимоят кардаанд.

Мақомоти тоҷик гуфтанд, ки ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода дар сентябри соли 2015 аз ҷониби ҲНИТ маблағгузорӣ шудааст ва ҳадафи он - табаддуллоти давлатӣ буд, ки аз он ҷилавгирӣ шуд. Худи ҳамон моҳ 14 узви раёсати ҳизб боздошт шуда, моҳи июни соли 2016 ҳукми онҳо содир шуд.

Аз ҷумла, дар гузориши ҳукумати Тоҷикистон гуфта шуд, ки: "мурофиаи додгоҳии аъзои ҲНИТ аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон ҷараён гирифт ва ин қонунҳо ҷавобгӯи меъёрҳои додгустарии байналмилалӣ аст". Дар посух ба тақозои "озодии билофосила ва бидуни шарти зиндониҳое, ки аз рӯи ангезаҳои сиёсӣ маҳкум шудаанд, аз ҷумла аъзои ҲНИТ, "Гурӯҳи 24" ва ҳуқуқшиносони онҳо", ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст: "Ин машваратро қабул надорад, ба он хотир, ки парвандаҳои маҳкумшудаҳои зикршуда ангезаҳои сиёсӣ надоранд".

Дар робита бо боздошту зиндонӣ шудани адвокатҳои мустақил, мақомоти тоҷик гуфтаанд, ки фаъолияти мудофеони ҳуқуқ дар “шароити боз” ҷараён мегирад ва ҳеҷ нафаре аз онҳо аз рӯи ангезаҳои сиёсӣ ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд.

Мақомот ҳамингуна исрор меварзанд, ки фаъолияти матбуоти мустақил дар Тоҷикистон ҳам дар шароити боз сурат мегирад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG