Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду ҷавон бо гумони қасди ҳамла ба идораи полис дар Хатлон


Мақомоти интизомии Хатлон мегӯянд, ду ҷавони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иттиҳоми талоши интиқом гирифтан аз Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия боздошт шуданд.

Як мақом дар ҳукумати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рӯзи 25-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Усмон Бухориеви 18-сола ва Толибҷони Юнусови 20-соларо шомгоҳи ҷумъа 19-уми вақте боздошт карданд, ки мехостанд, бо зарфҳои шишагии пур аз сӯзишворӣ ба бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия ҳамла кунанд.

Мақомот мегӯянд, ҳарду ҷавон сокинони шаҳраки Балхӣ ҳастанд ва мехостанд, бо ҳамла ба идораи милиса аз барои боздошти мошинашон қасд гиранд. Зоҳиран ин мошинро нозирони милиса барои он дастгир карда ва ба боздоштгоҳ бурдаанд, ки иҷоза барои сиёҳ кардани шишаҳояш надоштааст.

Бар асоси қонун сиёҳ кардани шишаи мошинҳо дар Тоҷикистон барои мардуми оддӣ танҳо дар сурати гирифтани иҷоза ва пардохти ҳаққи муайян мумкин аст.

Ифротгароӣ матраҳ нест

Як мақоми дигар аз ҳукумати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар қазияи боздошти ҷавонҳо дар заминаи "талоши анҷоми таркиш дар бинои пулис" мавзӯи ифротгароӣ матраҳ нест. Дар ҳоли ҳозир алайҳи Усмон Бухориев бар пояи ду модда ва дар нисбати Толибҷон Юнусов бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба Радиои Озодӣ, муяссар нашуд, назари вакилони дифоъ ва ё хешовандони афроди боздоштшударо бигирад. Маълум ҳам нест, ки ин афрод иттиҳомотро мепазиранд, ё не?

​Усмон Бухориев, хонандаи мактаби рақами 1 дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буда Толибҷон Юнусов чанд соли пеш мактабро хатм кардааст. Мошине, ки дар бинои шӯъбаи корҳои дохилӣ нигоҳ дошта мешуд, ба Толибҷон Юнусов тааллуқ доштааст.

Ҳодисаи ҳамла ба бинои бинои пулиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сару садоеро ба миён овард ва гуфта мешуд, ки шояд такрори ҳодисаи таркиш дар маркази вилояти Хатлон бошад.

Таркиш дар маркази вилояти Хатлон шаби 12 ба 13-уми март рух дод ва дар ин ҳодиса як нафар ҷон дод. Мақомот гуфтанд, ки таркиш кори дасти тарафдорони гурӯҳи "Давлати исломӣ" будааст.

XS
SM
MD
LG