Чӣ гуна хонадони Абдуқодир миллионҳо долларро ба хориҷ кашонданд?

8-уми декабри соли 2019
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Kloop ва OCCRP

Хонадони Абдуқодир, як оилаи бонуфузи уйғур дар Қирғизистон, барои ба берун баровардани миллионҳо доллар аз ин кишвари Осиёи Марказӣ аз хадамоти “пулкашон”-ҳо истифода кардааст. Зоҳиран бисёре аз тоҷирони қирғиз ин шабакаи махфии пулкашонҳоро медонистанд ва ба ин восита маблағи зиёдеро ба Туркия ва кишварҳои дигар бурдаанд.

Бино ба гуфтаи Айеркен Саймаити, тоҷири уйғур, ки худро яке пулшӯёни хонадони Абдуқодир медонист ва моҳи гузашта дар Туркия кушта шуд, "пулкашон"-ҳо аз Бишкек ба Истанбул асосан барои тоҷирони хурд пули нақд мебурданд.

Аммо пулҳои хонадони Абдуқодир барои хариди матоъ ва ё маҳсулоти дигар истифода намешуд, балки аз Истанбул ба воситаи бонкҳо ба гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон интиқол меёфт. Саймаити қаблан дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфта буд, “ман пулҳоро ба Олмону Бритониё ва Дубай фиристодаам.”

Ин пулҳо ба империяи пинҳонии боркашоние вобаста буд, ки ба хонаводаи Абдуқодир тааллуқ дошт ва ба қавли мақомоти тафтишот бахше аз он андозу боҷи гумрукии солҳо пардохтнашуда аст.

Нақлҳои Саймаити ба журналистон маълум кард, ки аъзои хонаводаи Абдуқодир чӣ гуна тиҷорати пинҳонии худро идора мекарданд. Борҳое, ки бе санад ё бо санадҳои сохта аз Чин ба Қирғизистон меомад, аз онҷо ба бозорҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия тақсим мешуд.

Қисме аз ин пулҳои хонаводаи Абдуқодир дубора ба Қирғизистон бармегашт ва яке аз дастраскунандагони он Бунёди хайрияи хонаводаи Раимбек Матраимов, аз муттаҳидони Абдуқодир ва “муаллифи нақшаи коррупсионӣ дар Хадамоти гумруки Қирғизистон” будааст.

Матраимов расман ин иттиҳомро рад мекунад, вале ба ин мақола шарҳи худро пешниҳод накард. Хонаводаи Абдуқодир низ ба дархости журналистон барои шарҳи масъала ҷавоб надоданд.

Эъломияҳои гӯё

Дар миёни ҳуҷҷатҳое, ки Саймаити пешниҳод кард, 48 эъломияи интиқоли пули нақд вуҷуд дорад. Беш аз 30 эъломияро "пулкашон"-ҳо пур кардаанд, ки дар замони ҳамкории Саймаити бо хонаводаи Абдуқодир барои ӯ кор мекарданд.

Бино ба ин эъломияҳо, пулкашонҳо дар моҳи сентябр ва октябри соли 2016 беш аз 27 миллион долларро ба Истанбул бурдаанд. Дар 22 ҳолат пулкашонҳо гуфтаанд, пулҳо ба Palvan, ширкати мутаалиқ ба хонаводаи Абдуқодир марбут аст. Ин ширкат дар Туркия сабтином шудааст.

“Palvan” ва оилаи Абдуқодир

Санадҳои расмӣ низ тасдиқ мекунанд, ки дар Туркия ширкати Palvan Insaat Turizm Lojistik Sanayi Ticaret LTD вуҷуд дорад. Бино ба маълумоти расмӣ, ин ширкатро дар замонҳои гуногун Ҳабибулло, сардори хонаводаи Абдуқодир ва ду писараш идора кардаанд.

Мария Палван, ҳамсари Ҳабибулло аст.

Вақте пулкашонҳо барои Абдуқодир ба Истанбул маблағ мебурданд, онҳоро Саймаити дар фурудгоҳ пешвоз мегирифт. Қисме аз пули нақдро дар бонк мегузошт, ё ба ҳисоби ширкатҳое ба мисли Palvan мегузаронд.

Саймаити тасдиқ карда буд, барои онки кормандони бонк бовар ҳосил кунанд, пул қонунӣ ҳаст, аз эъломияи гумрукии пулкашонҳо истифода кардааст. "Ман эъломияе доштам, ки нишон медод, пулҳо аз Қирғизистон омадаанд", -- гуфта буд Саймаити.

Баъди он ки пул дар бонкҳои Туркия ҷойгир мешуд, хонаводаи Абдуқодир метавонист онро истифода кунад. Барои мисол, бино ба санадҳои воридоту содирот, ширкати Palvan имсол ба ширкати дигари марбут ба хонаводаи Абдуқодир дар Амрико 29 таҷҳизоти хона ё мебел фиристодааст. Борро ба Балтимор бурдаанд.

Саймаити ба журналистон ҳуҷҷатҳои бонкҳои Туркияро нишон дод, ки чӣ гуна миллион фунтро ба Бритониё интиқол додаанд. Дар ду ҳуҷҷат нишонӣ ва номи "Ҳабибулло Нуермаймаити" навишта шудааст. Нуермаймаити номи яке аз писарони Ҳабибулло Абдуқодир, сардори 55-солаи хонаводаи Абдуқодир аст.

Пайвандони Абдуқодир насабҳои гуногунро истифода мекунанд, ба монандаи Хадир, Палван ва Ҳабибулло.

Аз чап ба рост: Олимҷон Хадир, Набӣ Хадир, Маҳмадалӣ Хадир ва сардори оила Ҳабибулло Абдуқодир.
Аз чап ба рост: Олимҷон Хадир, Набӣ Хадир, Маҳмадалӣ Хадир ва сардори оила Ҳабибулло Абдуқодир.

Саймаити ҳамчунин санадҳои бонкиеро пешниҳод кард, ки бино ба он ӯ ва ҳамсараш аз Туркия ба ширкатҳои Абдуқодир дар Қазоқистону Олмон пул фиристодаанд.

Санадҳои дигар далели он ҳастанд, ки Саймаити аз Туркия ба Бунёди хайрияи Матраимовҳо дар Қирғизистон 2,4 миллион доллар гузарондааст.

"Онҳо ба ман гуфтанд, ки пулҳоро ҳамчун кумак ба Бунёди хайрия фиристам. Мо онҳоро аз номи ҳамсарам фиристодем. Ҳабибулло Абдуқодир гуфт, пулро як дафъа ба номи худам ва баъдан аз номи дигарон фиристам, то нишон диҳад, ки ёрии ихтиёрӣ аст,” -- нақл карда буд Саймаити.

Хонаводаи Матраимовҳо гирифтани 2,4 миллион долларро рад мекунанд. Онҳо танҳо иқрор карданд, ки 200 ҳазоор доллар гирифтаанд. Пуле, ки ба бунёди онҳо ҳамсари Саймаити аз номи кумакрасоне гузарондааст ва Матраимовҳо шахсияти ӯро ошкор намекунанд.

Инҷоро пахш кунед, то рақамҳоро бубинед. Акс аз OCCRP

Афсари гумрук ё “пулкашон”?

Яке аз “пулкашон”-ҳое, ки Саймаити ном бурда буд, Эркинбек Айдарови 36-сола ва корманди идораи гумрук дар ҷануби Қирғизистон аст. Бародари калонии ӯ Зафарбек Айдаров подполковники Хадамоти гумрук аст.

Бино ба яке аз эъломияҳои гумрукӣ, ки Саймаити пешниҳод карда буд, Эркинбек Айдаров рӯзи 25-уми марти соли 2016 ҳангоми сафар ба Туркия аз Қирғизистон 715 200 долларро баровардааст. Айдаров дар эъломия зикр кардааст, ки ин миқдор пул даромади ӯст. Аммо бино ба маъмулоти расмӣ Эркинбек Айдаров дар Қирғизистон ягон ширкат надорад, ки ба ӯ ин миқдор фоида орад. Маоши расмиаш камтар аз 200 доллар аст.

Дар суҳбати кӯтоҳ Эркинбек Айдаров рад кард, ки кадом вақт ҳамчун “пулкашон” кор кардааст. “Ман дар ин бора чизе нашунидаам ва чизе намедонам”, -- гуфт ӯ ва гӯширо гузошт.

Аммо Саймаити ӯро ҳамчун яке аз “пулкашон”-ҳои доимии худ номида буд.

Эъломияи гумрукии Айдаров. Инҷоро пахш кунед

Саймаити инчунин гуфта буд, пулкашонҳои ӯ ба ҷуз аз расондани маблағҳои нақд, ба Дубай ва Туркия тило ҳам мебурданд. Вай ба унвони далел ду эъломияи гумрукӣ ва даҳҳо аксро нишон дод.

Бахше аз ин тилоро, ба қавли Саймаити, одамони наздик ба Матраимовҳо кашондааст, ки ба дархостҳо дар бораи шарҳи масъала ҷавоб надод. Бахши дигари тилоро яке аз пулкашонҳои Саймаити бурдааст, ки ҳамчунон ба кашондани пул барои хонадони Абдуқодир машғул буд.

Ин аксҳоро Саймаити дар ихтиёри хабарнигорон гузоштааст.
Ин аксҳоро Саймаити дар ихтиёри хабарнигорон гузоштааст.

Чӣ гуна садҳо миллион $ ба берун рафт?