Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти ду сокини Тоҷикистон – барои қасди фиреби сафорати Амрико


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шодиёр Нарқулов ва Моҳира Раҳимова – ду сокини кишварро барои муҳрҳои қалбакӣ ва қасди фиреби масъулони сафорати Амрико дар Тоҷикистон муҷозот кардааст. Мақомоти додгоҳ гуфтанд, ки ин ду нафар соли 2016 барои осон ба даст овардани визаи Амрико ва, ҳамин тавр, эътимоди мақомоти сафорат аз муҳрҳои қалбакӣ истифода кардаанд.

Ҳар сол тавассути барномаи “Грин Кард” ба ҳисоби миёна беш аз 500 нафар аз Тоҷикистон барандаи ин лотерея шуда, ба Амрико мекӯчанд.

Додгоҳ моҳи марти имсол шурӯъ шуда қарори додгоҳ дар моҳи апрел содир шудааст, вале нусхааш рӯзи 30-юми ноябр ба дасти Радиои Озодӣ расид. Бино ба ин қарор, ҳарду сокини кишвар, дар маҷмуъ, ба пардохти 30 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф шуда, аз боздошт раҳо гардидаанд.

Як манбаъ дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи панҷшанбе гуфт, яке аз онҳо раҳбари ширкати “Ҷаҳони дониш” ва дигаре ошпази “Чойхонаи Самарқанд”-и шаҳри Душанбе буд. “Онҳо мехостанд, ки осон визаи Амрикоро бигиранд ва ба ин хотир дар шиноснома чанд муҳри қалбакӣ гузоштаанд. Мақомоти сафорати Амрико аз ин кор огоҳ шуда, мақомоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро дар ҷараён гузоштаанд”, - афзуд манбаъ. Ӯ дар айни замон гуфт, ки “ҳоло онҳо дар озодиянд. Танҳо муваззаф ҳастанд, ҷаримаро супоранд.”

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ

То ба ҳол муттаҳмон ва вакилони дифои онҳо дар бораи ин қазия ҳарфе нагуфтаанд. Инчунин маълум нест, ки то куҷо айбдоршудаҳо ба гуноҳи худ дар додгоҳ иқрор шудаанд. Аммо бар асоси қарори додгоҳ, дар ин қазия пойи нафари севум бо номи Бахтиёр низ дар миён аст.

Додгоҳ мегӯяд, гӯё Бахтиёр ба онҳо машварат додааст, ки барои ба даст овардани эътимоди кормандони сафорати Амрико ва осон гирифтани визаи он кишвар бояд дар шиносномаашон чанд муҳри хориҷ ва ворид шудан аз (ба) Душанберо дошта бошанд.

Дар қарори додгоҳ таъкид шудааст, ки нафари севум дар ивази чиҳил доллари амрикоӣ, аз ҷумла ба шиносномаи Шодиёр Нарқулов муҳри қалбакии нуқтаи назорати гузаргоҳҳои Озарбойҷон (Azerbaycan Respudlikasi), Беларус (Рэспублика Беларусь) ва КПП “Душанбе”-ро гузоштааст.

“Раҳимова ба Нарқулов гуфтааст, ба сафири Амрико худро тоҷир муаррифӣ карда, ҳадафи сафарашро тиҷорат баён кунад. Вай ба сафорати Амрико дар Тоҷикистон рафта, шиносномаашро пешниҳод намудааст. Сафир шиносномаи Нарқулов Ш.A.-po аз назар гузаронда, қалбакӣ будани муҳрҳои дар он зикршударо пай бурдааст”, - омадааст дар қарори Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ.

Навор аз бойгонии Озодӣ:

Тоҷикистон: Аз хурд то бузург Green Card мехоҳад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

Дар идома гуфта шудааст, ки ин шиноснома баъдан барои ташхис ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва сипас Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фиристода шуд. Дар Раёсати назорати сарҳадии нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтаанд, ки муҳрҳо ғайриқонунӣ гузошта шудаанд.

Солҳои ахир даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо нияти кору таҳсил ба Амрико рафтаанд. Агар бархе аз мардум тақдири худро дар лотереяи “Грин Кард” бисанҷанд, бархеи дигар аз тариқи муроҷиат ба сафорати Амрико дар Душанбе мехоҳанд, роҳхати сафарро ба даст биоранд.

Аммо баъзе аз сокинон мегӯянд, ки талаботи сафорати Амрико дар мавриди додани визаи он кишвар “сахтгирона аст”. Як сокини Душанбе, ки чанд дафъа барои гирифтани визаи Амрико кӯшиш кардааст, гуфт, “онҳо бештар ба одамоне бартарӣ медиҳанд, ки дар Тоҷикистон соҳиби тиҷоратанд, ё моликият доранд, зану фарзандашон ҳаст ва дар бонк амонат ё пасандоз гузоштаанд. Инчунин, агар аз Амрико, бахусус донишгоҳҳо даъватнома дошта бошанд. Ин зоҳиран гаравест, ки дар сафорати Амрико бовар доранд, шаҳрванди Тоҷикистон баъди адои муҳлати визааш ба кишвар бармегардад ё ҳадди ақал онҳоро фиреб намекунад. Аммо хуб медонед, ки на ҳамаи мардуми мо чунин имкониятро доранд. Аз ин сабаб, баъзеҳо роҳҳои дигарро таҷруба мекунанд”, - гуфт ин ҳамсуҳбати мо.

Ҳар сол тавассути барномаи “Грин Кард” ба ҳисоби миёна беш аз 500 нафар аз Тоҷикистон барандаи ин лотерея шуда, ба Амрико мекӯчанд. Тибқи иттиллои расмии сафорати Амрико дар Душанбе дар мавсими озмуни лотореяи “грин-кард” барои солҳои 2015-2016 аз Тоҷикистон 528 нафар раводиди сафарро ба даст овардаанд.

Тибқи арзёбиҳои расмӣ, танҳо бар асоси корти сабз дар давоми панҷ соли охир ба Амрико аз Тоҷикистон 2 ҳазору 760 шаҳрванди ин кишвар ворид шудааст. Садҳо нафари дигар аз роҳи барномаҳои таълимӣ ва ҳам пешниҳоди кор ба он сӯи уқёнус роҳ ёфтаанд. Аксари ин шаҳрвандон соҳиби маълумот ва ихтисос мебошанд, забони англисиро медонанд ва на таваккал, балки бо ҳадафи муайян ба ин кишвар ворид шудаанд.

XS
SM
MD
LG