Пайвандҳои дастрасӣ

Хешовандон аз аҳволи Наимҷон Самиев хабар надоранд


Наздикони Наимҷон Самиев, раҳбари пешини дафтари Ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд мегӯянд, бо гузашти наздики се ҳафта аз боздошту истирдоди ӯ аз Русия ба Тоҷикистон, аз аҳволаш хабар надоранд ва намедонанд, ки дар кадом боздоштгоҳ ва бо чӣ ҷурм дастгир шудааст.

Наимҷон Самиев рӯзи 1-уми декабр дар як гузаргоҳи Грозний, пойтахти Чеченистони Қафқози Шимолӣ боздошт ва сипас ба идораи пулиси Ставропол бурда шуд. Рӯзи 4-уми декабр аз фурудгоҳи “Домодедово”-и Маскав ба Душанбе истирдод шуд.

Наздикони Наимҷон Самиев, сокини маҳаллаи Чакалаки ҷамоати Чоркуҳи Исфара рӯзи 20 декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳафтаи гузашта падари Наимҷон - Абубакр Самиев ба Душанбе рафт, то дараки писари боздоштшудаашро аз мақомот суол кунад, вале ӯ ҳам натавонист хабаре пайдо кунад. Онҳо мегӯянд, ки аз аҳволи Самиев нигарон ҳастанд. Масъулини вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳам дар ин замина изҳори бехабарӣ карданд.

Аҳмадулло Самиев, писари Наимҷон Самиев, як рӯз баъди интиқол додани Наимҷон Самиев ба Душанбе рӯзи 5 декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “хешовандон дар Исфара низ аз дастгир шудани падарам огоҳ ҳастанд”. Аҳмадулло гуфт, ки дар бораи ба чӣ муттаҳам шудани падараш иттилое надоранд. Аммо ӯ мегӯяд, моҳи июли имсол ҳангоми таҳияи аснод дар Қазоқистон падараш хабар ёфтааст, ки ба қаллобӣ ва ба муфлисӣ расондани як корхона дар Исфара муттаҳам аст.

Наимҷон Самиеви 56-сола аз соли 2014 ба ин тараф бо хонаводааш дар Русия зиндагӣ мекард. Ӯ аз соли 2008 то 2012 раиси дафтари ҳизби феълан мамнӯи наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд буд ва сипас раёсати ин ҳизбро дар Исфара бар дӯш дошт.

Ҳизби наҳзати исломӣ ба дунболи ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифоъ дар соли 2015 мамнуъ шуд

Пайвандони Наимҷон Самиев мегӯянд, ӯ соли 2014, қабл аз ошӯб, ба Русия рафта ва дар Доғистону дигар минтақаҳои Русия зиндагӣ мекард ва аз роҳи тиҷорат даромад ба даст меовард. Дар ин муддат, ки борҳо марзро убур кардааст, ягон дафъа дастгир нашуда будааст.

Мақомоти Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломиро соли 2015, баъди ошӯби Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини собиқи вазири дифоъ, мамнӯъ карданд ва он бо дархости додситонӣ созмони террористӣ эълон шуд. Мақомот мегӯянд, ошӯби хунин бо роҳнамоии Ҳизби наҳзат сурат гирифтааст. Ин ҳизб иттиҳомро қотеона рад мекунад ва мегӯяд, ки таъқиби "наҳзатиҳо" ба хотири аз майдони сиёсӣ рондани онҳо анҷом шуд. Баъди ин аъзои раёсат ва ҳам чандин узви ин ҳизб боздошт ва ба зиндон маҳкум шуданд.

XS
SM
MD
LG