Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Издивоҷҳо бо оқибатҳои хатарнок барои ҷомеаи Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Як назарсанҷӣ дар Тоҷикистон нишон додааст, ки издивоҷҳои бармаҳал ва бо амри волидайн хонавода барпо кардани ҷавонон барои ҷомеаи кишвар оқибатҳои манфии зиёд дорад.

Назарcанҷӣ муайян кардааст, ки никоҳҳои барвақтӣ ва маҷбурӣ бо муноқишаҳои оилавӣ, талоқ ва ҳатто бо худкушии занон анҷом меёбанд.

Дар Тоҷикистон синни никоҳӣ 18-солагӣ муқаррар шудааст, аммо дар ҳолатҳои истисно ва бо иҷозаи додгоҳ духтарон метавонанд дар17-солагӣ ба шавҳар бароянд.

Назарпурсии "Никоҳҳои барвақтӣ ҳамчун омили талоқ ва худкушӣ" дар Тоҷикистон аз ҷониби Маркази тадқиқоти журналистӣ анҷом шудааст. Дар ин назарпурсӣ, ки бо маблағгузории "Фонди канадагии ташаббусҳои маҳаллӣ" анҷом шуд, беш аз 2,5 ҳазор нафар аз 17 шаҳру навоҳии Тоҷикистон иштирок карданд. Натиҷаҳои он рӯзи 18-уми феврал дар Душанбе муаррифӣ гардид.

Бар асоси ин таҳқиқи афкори умум, тақрибан 45 дарсади мардум ба ин назар будаанд, ки никоҳи барвақтӣ ба ҷанҷолҳои оилавӣ мерасонад. Ба ақидаи тақрибан 36 дарсад, натиҷаи издивоҷи бармаҳал, ҷудоӣ ва аз ҳам пошидани оилаву ятим мондани фарзанд аст.

Хуршеди Атовулло, роҳбари Маркази тадқиқоти журналистӣ.
Хуршеди Атовулло, роҳбари Маркази тадқиқоти журналистӣ.

Хуршед Атовулло, роҳбари Маркази тадқиқоти журналистӣ ва аз муаллифони таҳқиқ мегӯяд, ҳадаф аз назарсанҷӣ, маълум кардани омилҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва худкушӣ, аз худи мардум буд. Ба қавли Хуршед Атовулло, баъзе маълумотҳои расмӣ дар ин бахш гоҳҳо бо воқеият мувофиқат намекард.

Ба ақидаи ин мардум, яке аз сабабҳои асосии никоҳи бармаҳал, дурӣ аз таҳсил, урфу одат, камбизоатӣ ва омилҳои динӣ будаанд. Дар ин миён аксарият, яъне 33 дарсад дониши камро сабаби асосии никоҳи бармаҳал номидаанд.

"Калонсолон хубтар медонанд?"

Муаллифони назарпурсӣ мегӯянд, никоҳҳои маҷбурӣ дар Тоҷикистон аз масоили доғи иҷтимоӣ аст, чун дар аксар ҳолат ҳамсарро на худи ҷавон, балки волидайн интихоб мекунанд. Чун ба андешаи волидайн, "калонсолон хубтар медонанд, ки духтарон бо кӣ бояд издивоҷ кунанд".

​Қисми бештари назардодагон ё 57 дарсади онҳо гуфтаанд, ҳамсари ояндаро бояд худи ҷавонон интихоб кунад. Муаллифон мегӯянд, ин аломати хуб аст, чун нишон медиҳад, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон ба дарки ин рафтаанд, ки издивоҷи маҷбурӣ паёмадҳои хуб надорад.

Дар ин назарсанҷӣ омадааст, никоҳҳои барвақтӣ ва маҷбурӣ хоси тамоми Тоҷикистон аст ва "дар кишвар оилаҳои зиёде ҳастанд, ки духтарони ҷавону бетаҷрибаи худро барвақт ба шавҳар медиҳанд ва ин духтарон бе доштани таҳсил ва касбу кор наметавонанд вазифаҳои худро дар оила нав иҷро кунанд. Дар натиҷа онҳо дар бештар ҳолат аз шавҳарони худ ҷудо мешаванд ва то ин вақт аллакай фарзандор шудаанд. Бархе аз духтарон дар ин ҳолатҳо ба ҷуз худкушӣ дигар роҳеро намебинанд".

"Вақте арӯси ҷавон зери фишор мемонад"

Ба таъкиди муаллифон, андешаи "духтарро ҳарчӣ зудтар бояд ба шавҳар дод" аз омилҳои аслии барвақт оиладор кардани духтарони ҷавон дар кишвар мебошад. Наздики 30 дарсади иштирокдорони назарпурсӣ гуфтаанд, маҳз ин тафаккур боис шудааст, ки духтарон дар синни барвақт ба шавҳар дода шаванд.

Инчунин аз ҳар се назардода як нафари онҳо гуфтааст, оилаҳои ҷавон бо сабаби дур будани волидайн ва худи духтарон аз таҳсил, пош мехӯрад.

Мушкили бармаҳал ба шавҳар додани духтарон ва ҳам никоҳҳои маҷбурӣ солҳои ахир дар Тоҷикистон боиси нигаронии ҷомеа шудааст. Солона ҳазорон духтар пас аз хатми мактаби миёна ба шавҳар дода мешаванд.

Маҳина Холиқова, сокини 27-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ яке аз онҳост. Маҳина 18-сол дошт, ки волидайнаш ба хотири "пирдухтар" нашудан ӯро бо ҷавоне, ки намешинохт, ба шавҳар доданд. Ба гуфтаи Маҳина, зиндагии ӯ бо ин ҷавон ҳафт сол идома кард ва дар охир маҷбур шуд бо ду тифл ба хонаи падар баргардад.

"Дар хонаи хушдоман ягон рӯзи хуш надидам. Қариб ҳар рӯз шавҳарам бо ҳар баҳона маро латукӯб мекард ва озор медод. Аммо ҳамаи инро бо умеди рӯзи беҳтар тоқат мекардам. Билохира, вақте шавҳарам мӯътод шуд, дигар косаи сабрам лабрез гардид. Маҷбур шудам, ба хонаи падар баргардам. Чун мумкин буд ҳодисаҳои нохуши дигар сар занад",-гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Шавҳар кардан бо ҷавони ношинос ва бадбахтиҳои зиёд Маҳинаро дар интихоби ҳамсафари ҳаётӣ эҳтиёткор карда буд. Ӯ баъди ҷудо шудан аз ҳамсари аввал бо марди дигаре оила барпо кард. Аммо мегӯяд, бао фарқ аз аввал ин бор бо шавҳараш аввал хуб шинос шуд ва баъдан оила барпо кард. Маҳина бо такя ба тақдири худ гуфт, волидайн бояд ба ҷавонон, бахусус духтарон имкон бидиҳанд, ки шавҳари ояндаи худро хуб бишносанд. Дар ин ҳолат ба гуфтаи ӯ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон метавонадкоҳиш ёбад.

"Нисфи духтарон бармаҳал ба шавҳар мебароянд"

Ҳомиёни ҳуқуқ издивоҷҳои бармаҳал ва маҷбуриро ҳамчун нақзи ҳуқуқи духтарон арзёбӣ карда мегӯянд, чунин издивоҷҳо ба маънои аз таҳсил, фаъолият ва рушди иҷтимоӣ дар канор мондани онҳо мешавад. Илова ба ин, издивоҷҳои бармаҳал ба зеҳну равони духтарҳо таъсири манфӣ гузошта, онҳоро аз хурдсолӣ зери бори масъулияти оиладорӣ, муносибат бо хешовандони ҳамсар ва гирудорҳои хонаводагӣ мегузорад. Ҳолатҳои дучори хушунат шудани ин гурӯҳи духтарҳо ҳам, ки як сабабаш ноомодагӣ ба равобити ҷинсӣ ва ҳаёти оилавӣ мебошад, кам нест.

Интихоби ҳамсар аз сӯи волидайн ва ҳам бармаҳал ба шавҳар додани духтарон дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон тарафдорон ва муқобилони худро дорад. Бархе мегӯянд, агар дар ҷавони духтаронро ба шавҳар надиҳанд, онҳо "пирдухтар" шуда, дар оянда бадбахт мешаванд.

Ба таъкиди ҳамин гурӯҳи аҳолӣ, духтарони ҷавон ҳанӯз дар зиндагӣ таҷриба надоранд ва беҳтар аст, ки волидайни зиндагидидаи онҳо барояшон ҳамсар интихоб кунанд. Муқобилони ин андеша мегӯянд, бар асоси қавонини дунявӣ ва ҳам динӣ, духтарон дар интихоби шавҳари оянда соҳибихтиёранд ва ин ҳақро набояд аз онҳо гирифт.

Тибқи оморҳои расмӣ, қариб нисфи духтарон билофосила баъди хатми мактаб ба хонаи шавҳар мераванд. Дар ин миён ҳатто кам нестанд онҳое, ки бо иҷозаи додгоҳ дар синни 17-солагӣ ба шавҳар мебароянд.

Дар Тоҷикистон синни никоҳӣ 18-солагӣ муқаррар шудааст, аммо дар ҳолатҳои истисно ва бо иҷозаи додгоҳ духтарон метавонанд дар 17-солагӣ ба шавҳар бароянд.

XS
SM
MD
LG