Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фиреб баъд аз ҳамлаи террористӣ. Аз бераҳмии ДОИШ то бешармии Кремл


Владимир Путин
Владимир Путин
  • Чаро Вашингтон Маскавро аз эҳтимоли ҳамлаи террористӣ огоҳ кард?
  • Оё дурӯғпарокании Русия дар бораи "Крокус" ба фоидаи Кремл хоҳад буд ё бар зарараш?
  • Ишораҳои Маскав дар бораи даст доштани Ғарб дар ҳамлаҳои террористӣ ба муносибати Амрико ва Русия таъсир мерасонад?
  • Байни таркиши хонаҳо дар Русия дар соли 1999 ва ҳамлаи "Крокус Сити Ҳолл" чӣ пайванд ё монандӣ ҳаст?

Аз номи "Радио Свобода", бахши русии Радиои Озодӣ, Юрий Жигалкин посухи ин ва суолҳои дигарро аз сиёсатшиноси амрикоӣ, ноиби президенти Шӯрои сиёсати хориҷӣ дар Вашингтон Илан Берман ва публитсист, хабарнигори пешини нашрияи Financial Times дар Маскав Дэвид Саттер пурсид.

Котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Амрико Мэтю Миллер изҳороти мақомоти Русияро дар бораи даст доштани Украина, Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои дигари ғарбӣ дар ҳамлаи террористӣ "бешармӣ" ва "дурӯғ" номид. "Президент Путин ва атрофиёнаш бо истифода аз ин фоҷиа талош доранд, ки ҷанги ғайриқонунии худро дар Украина дуруст ҷилва диҳанд," – афзуд ӯ.

Нашрияи "The New York Times" рӯзи 28-уми март дар матлабе кӯшиш кардааст ба ин суол посух ёбад, ки чаро бо вуҷуди ҳушдорҳо ниҳодҳои амниятии Русия натавонистанд аз як ҳамлаи террористӣ пешгирӣ кунанд?

Қабл аз ҳама, ба нигоштаи муаллиф, ин натиҷаи нобоварии аз ҳад зиёд ба ҳамдигар дар сохторҳои амниятии Русия ва хадамоти иктишофии кишварҳои дигар аст. Илова бар ин, талоши хадамоти махсуси Русия бештар ба таъқиби мухолифони сиёсӣ, созмонҳои динӣ, зидди ҳуқуқи башар, Украина ва Ғарб равона шуда, аз таҳдидҳои воқеӣ ғофил мондааст.

Илан Берман мегӯяд, нокомии хадамоти амниятии Русия дар пешгирӣ аз ҳамлаи шохаи "Хуросон"-и гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ба ному шӯҳрати Владимир Путин зарбаи ҷиддӣ хоҳад зад.

– Хулоса: ҳамлаи террористӣ яке аз афсонаҳоро дар бораи ин ки Путин кафили амният аст, аз байн бурд. Мегӯянд, ки русҳо дар ивази амният аз як бахше озодиҳои худ гузашта, чораҳои саркӯбгароёнаро тоқат мекунанд. Русияи даврони Путин метавонад дар Сурия ё Украина биҷангад, вале русҳо метавонанд ором бихобанд. Ҳамлаи террористӣ дар Маскав, дар қалби Русия, ба назари ман, ин созиши нонавиштаро байни мардум ва ҳукумат аз байн мебарад. Ба ибораи дигар, ин як зарбаи бузург ба қонунмандии Путин аст.

"Крокус Сити Ҳолл". Наздикии Маскав, 26-уми марти 2024
"Крокус Сити Ҳолл". Наздикии Маскав, 26-уми марти 2024

– Баъзе аз нозирони амрикоӣ мепурсанд, ки чӣ гуна ва чаро хадамоти амниятии Русия бо вуҷуди ҳушдорҳои Амрико дар бораи ҳамлаи эҳтимолӣ натавонист аз он пешгирӣ кунад? Ин гуна ҳушдорҳо то куҷо муфассалу бо ҷузъиёт ҳастанд?

– Бар пояи баъзе аз таҷрибаҳое, ки дар ин замина дорам, хадамоти иктишофии Амрико даргумон аст, ки ҳадафҳои мушаххаси ҳамлаҳоро медонист. Эҳтимол, дар ин бора маълумот надошт. Маъмулан, чунин огоҳиҳо бар асоси гуфтугӯҳои телефонӣ ё паёмҳои электронӣ дар бораи эҳтимоли ҳамла дар Русия пайдо мешаванд. Мумкин аст, афзоиши иртиботи гурӯҳҳои террористии мансуб ба бахши Осиёи Марказии шохаи “Хуросон”-и ДОИШ ва додаҳои иттилоотӣ аз Афғонистон таваҷҷуҳро ҷалб кардааст. Дар ҳар сурат, рӯшан аст, ки ин маълумот, ба назари хадамоти истихборотии Амрико, ба қадри кофӣ ҷиддӣ буд, ки сарфи назар аз муносибати номатлуб бо Русия, Маскавро аз ҳамлаи эҳтимолӣ ҳушдор дод. Табиист, ки чунин огоҳиҳо на ҳамеша дурустанд, аммо баҳои беэътиноӣ ба он метавонад гарон бошад. Ҳамлаи террористиии ДОИШ-ро ба Эрон ба ёд оред. Дар бораи омодагӣ ба он, тавре маълум шуд, Вашингтон ба Теҳрон ҳушдор дода буд. Теҳрон мисли Маскав ин огоҳиро нодида гирифт. Кремл худро дар вазъияти ҷанг бо Амрико гузошта, нисбат ба ҳамаи он чизе, ки аз тарафи Иёлоти Муттаҳида мерасад, бадгумон аст ва пешниҳодҳоро намепазирад.

– Аммо ин бештар аз нобоварӣ аст. Бар хилофи маълумоти мавҷуда ва ақли солим, Путин кӯшиш мекунад, ки Украинаро ба ёрӣ ба террористон маҳкум кунад, баъзеҳо ҳатто дар бораи даст доштани Амрико дар ин ҳамла гап мезананд…

– Ин кӯшиши Путин аст, ки масъулияти нокомии азими системаи сохтаашро ба дӯши дигарон гузорад. Марги одамони зиёд дар Маскав сусту нотавон будани ӯро ошкор кард. Ин метавонад ишорае ба мухолифонаш ҳам бошад, ки режими Путин осебпазир аст. Рафтори Кремл шабеҳи амалиёте барои дур кардани таваҷҷуҳи русҳо аз бардошти нохушоянд аст. Ҳарчанд бовар дорам, ки ҳукумати Русия ба хубӣ дарк мекунад, ки ин нокомии хадамоти амнияти дохилӣ аст. Қобили зикр аст, ки Владимир Путин дар бораи дахолати Украина ба таври умум сухан ронда, гуфтааст, ки террористҳо мехостанд ба Украина раванд. Путин дар мавриди Украина маҳз барои он худдорӣ мекунад, ки намедонад Иёлоти Муттаҳида дар бораи ин ҳамла боз чӣ маълумоти дигар дорад. Ду ҳафта пеш ӯ ҳушдорҳои Вашингтонро дар бораи ҳамлаҳои эҳтимолии террористӣ дар Маскав “тарсдиҳӣ” номид. Агар пас аз ишора ӯ зидди Украина Иёлоти Муттаҳида ногаҳон далелҳое пешниҳод кунад, ки ин иддаоро пурра рад намоянд, Путин дар назари интихобкунандагони худ бисёр бад намудор хоҳад шуд.

– Оё фарзияи даст доштани мақомоти Русияро дар ин ҳодиса пурра рад мекунед?

– Гарри Каспаров дар ин бора дар "The Wall Street Journal" навишт. Ӯ суол гузошт, оё ин намунаи нави он аст, ки “ФСБ Русияро тарконд”? Бале, таърихи Русияи путинӣ ба мо имкон медиҳад, ки чунин суолҳоро дар миён гузорем. Ман чунин имконро комилан рад намекунам, аммо ҷавобҳои оддӣ маъмулан дурусттаринанд. Мисоли оддӣ: Замоне ки ДОИШ дар авҷи қудрат дар Сурия ва Ироқ буд, таҳлилгарони ғарбӣ маълум карданд, ки сутуни нерӯҳои ба истилоҳ “Давлати исломӣ” дар ин ду кишварро кӣ ташкил медиҳад. Русия ва ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ бузургтарин манбаи ҷангҷӯёни ДОИШ ба шумор мерафтанд. Қисман ба ин далел, Русия муддати дароз ҳадафи таваҷҷуҳ ва таҳдидҳои ДОИШ будааст. Ман фикр мекунам, дар ҳоле ки диққати мақомоти Русия бештар ба ҷанги Украина равона шудааст, гурӯҳи террористӣ танҳо аз фурсат истифода бурд ва зарбаи cахт зад.

Чораҳои иловагии амниятӣ. Маскав, 27-уми марти соли 2024
Чораҳои иловагии амниятӣ. Маскав, 27-уми марти соли 2024

Барои публитсист Дэвид Саттер фоҷиаи Маскав як манзараи рамзии ҳокимияти тақрибан чорякасраи Владимир Путин аст.

– Аз як сӯ бераҳмии ДОИШ ва аз тарафи дигар рафтори беоронаи мақомоти Русияро мебинам. Аъзои ДОИШ ҳамон тавре худашон мегӯянд, омодаанд, ки одамонро бераҳмона бикушанд. Мақомоти Русия мехоҳанд аз ин истифода кунанд. Табиист, ки парвои шаҳрвандони худро надоранд. Зеро шарҳи бардурӯғи ҳодиса ҷустуҷӯи гунаҳкоронро мушкил мегардонад. Мумкин аст, чораҳои зарурӣ намеандешанд, то аз як амали дигари эҳтимолии террористӣ пешгирӣ кунанд. Мутаассифона, мо дар ин ҷо рафтори бисёр ошноро мебинем. Агар худи мақомоти Русия ин кушторро ташкил накарда бошанд, боз ҳам мехоҳанд, ки аз ҳар куштор ва ҳодисаи ба ин монанд ба мақсадҳои сиёсии худ истифода баранд.

– Ба фикри Шумо, онҳо дар ҳоли ҳозир кадом ҳадафҳоро дунбол мекунанд?

– Мақсади ҳозираи онҳо афзоиши ҳисси бадбинии мардум нисбат ба Украина ва таҳкими пуштибонӣ аз ҷанг дар Украина аст. Рӯзномаҳое ба мисли "Аргументи и факти", ки ба Патрушев бисёр наздиканд, кӯшиш мекунанд, ки дар ин фоҷиа тамоми раҳбарони ғарбиро гунаҳкор карда, таваҷҷуҳи мардумро аз ДОИШ дур баранд. Ва ин метавонад ҷустуҷӯи гунаҳкорони ҳамлаи террористиро мушкил гардонад.

– Дэвид Саттер, Шумо дар яке аз китобҳои худ кӯшиш кардед, ки таркиши хонаҳоро дар Русия дар соли 1999 бисанҷед ва мисли баъзе аз таҳлилгарони дигар ба хулосае расидед, ки ин як амалиёти ФСБ будааст. Фарзияи эҳтимолии даст доштани мақомоти Русия дар таркиш дар “Крокус Сити Ҳолл” аз сӯи баъзе аз мухолифон садо дод. Оё байни ҳодисаҳои 22-юми марти имсол ва соли 1999 ягон монандие мебинед?

– Вазъияти ҳозира аз соли 1999 фарқ мекунад. Он вақт як ҳадафи муайян доштанд: Ташкили фазое, ки мардум хусусигардонӣ, фасод ва нафрат ба Елтсинро аз ёд баранд; сахтиҳои солҳои 90-умро фаромӯш кунанд; нафрати худро ба чеченҳо равона намоянд. Вазъияте, ки ҳоло ба амал омадааст, аз чанд ҷиҳати муҳим дигар аст. Пеш аз ҳама, дар ин ҷо ягон ҳадафи мушаххас нест. Агар бигӯем, ки ин ҳамлаи террористиро танҳо барои бад кардани фазо ташкил кардаанд, аз ҳад зиёд аст. Зеро роҳҳои дигари ташдиди фазо вуҷуд дорад ва шарт нест, ки мардум дар пайи ин ҳамла бештар аз ҷанги зидди Украина пуштибонӣ кунанд. Он замон айбро ба гардани чеченҳо бор кардан бисёр осон буд. Пеш аз таркондани хонаҳо, ман ба ин комилан шубҳа надорам, юриши басаевчиёнро ба Доғистон ташкил карданд. Дар ин ҷо дарк кардан душвор аст, ки чаро украиниҳо ё кишварҳои ғарбӣ ба ин тарз ба русҳо ҳамла кунанд. Ба ҷуз ин, зарурате вуҷуд надошт, зеро дар ниҳоят, ҳимоят аз Украина дар муқобили Русия бисёр устувор аст. Ва ба гумон аст, ки як ҳамлаи террористӣ чизеро, ки дар ду соли охир дидем, дигар кунад. Дар омади гап, ФСБ ё Хадамоти Федеролии Амнияти Русия рӯзи 7-уми март аз қасди ҳамлаи террористӣ ба каниса дар вилояти Калуга пешгирӣ кард. Он вақт ошкоро гуфтанд, ки кори ДОИШ аст.

Маскав, 9-уми сентябри соли 1999. Бар асари таркиш 93 кас кушта шуд
Маскав, 9-уми сентябри соли 1999. Бар асари таркиш 93 кас кушта шуд

– Ҳоло мавқеи Владимир Путин пур аз тазод аст. Мегӯяд, ки ҳамлаварон исломиҳои ифротӣ ҳастанд, вале гурӯҳи исломӣ нестанд…

– Ҳоло мегӯянд, ки гап задан дар бораи ДОИШ сафсата аст. Аммо, тавре медонем, режими Путин ба дурӯғ гуфтан бисёр одат кардааст. Онҳо ин маъракаи таблиғотиро барои он оғоз кардаанд, ки мехоҳанд аз ин ҳамла ба суди худ истифода баранд. Ва дар ин ҳолат метавон монандиеро, каме бо фарқият, бо рафтори Путин дар соли 1999 дид. Онҳо дар соли 1999 эҳтимол ин хонаҳоро худашон тарконданд ва сипас таблиғотро оғоз карданд. Дар вазъияти ҳозира, пас аз онки ДОИШ ба одамони бегуноҳ ҳамла карду нотавонии режими Путинро нишон дод, онҳо ният доранд нокомии азими худро пинҳон кунанд ва аз ин куштор барои ҳадафҳои сиёсии худ истифода баранд. Шубҳае нест, ки дар паси ин ҳамлаи террористӣ кӣ истодааст. Мо намунаҳои изтиробангезе аз бераҳмии мутаассибони исломиро дорем. Бояд дар назар гирифт, ин ҳамон гурӯҳест, ки ба таваллудхонаи Кобул ҳамла кард, занони ҳомила ва кӯдакони навзодро кушт; ба издиҳоми назди фурудгоҳи Кобул ҳуҷум овард, ба онҳое, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон мехостанд фирор кунанд. Илова бар ин, аъзои ДОИШ ба далели амалиёти Русия дар Сурия, ки аз ҷумла ба зидди онҳо равона шуда буд, бо Маскав ҳисоби худро доранд. Онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр фаъол буданд ва худашон эълон карданд, ки масъулият ба дӯши онҳост. Хадамоти иктишофии мо тасдиқ мекунад, ки ин ДОИШ аст. Дар ин шубҳае нест.

– Ба назари Шумо, ин як зарбаи ҷиддӣ ба худи Владимир Путин аст?

– Ин зарба ба Путин аст. Ӯ шахсест, ки ҳангоми президент шуданаш гуфта буд, нафари аввали кишвар ба ҳама чиз масъулу ҷавобгар аст. Аммо агар ҳамлаҳои нави террористӣ рух диҳанд ва аҳолӣ бинад, ки мақомот онҳоро ҳимоят карда наметавонанд, ин як мушкили ҷиддӣ хоҳад буд.

– Оё Путин метавонад бо нашру паҳни маълумоти дурӯғ эҳсоси ҳамдардӣ ба Русияро дар Амрико аз даст диҳад ва тарафдорони Украинаро қавитар кунад?

– Онҳо ба дурӯғ гуфтан дар ҳар шароите одат кардаанд. Масалан, вақте ҳавопаймои Boeing-и Малайзияро нобуд карданд; вақте Борис Немтсов кушта шуд. Умед дорам, ки роҳбарияти Амрико дарси мантиқӣ хоҳад гирифт. Маълум аст, ки режими Русия ба мо интихобе намегузорад, вале мо гузинаи дигаре надорем ва ба хотири тамаддун бояд ин режимро боздорем.

XS
SM
MD
LG