Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия мехоҳанд вуруди баъзе аз муҳоҷиронро якумрӣ манъ кунанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар Русия тарҳи қонунеро таҳия кардаанд, ки вуруди баъзе аз муҳоҷиронро якумрӣ ба ин кишвар манъ мекунад. Нашрияи “Известия” менависад, лоиҳаи қонунро Ҳизби либерал демократӣ омода кардааст.

Бар асоси ин тарҳ, муҳоҷироне, ки дар Русия зиндонӣ мешаванд, баъди озод шудан бояд якумрӣ аз ҳаққи сафар ба ин кишвар маҳрум карда шаванд. Дар лоиҳа навишта шудааст, фарқ намекунад, ки муҳоҷирон барои кадом ҷиноят дар Русия зиндонӣ шудаанд.

Феълан шаҳрвандони хориҷӣ баъди озод шудан аз зиндонҳои Русия, аз 3 то 10 сол ҳаққи дубора ворид шудан ба ин кишварро надоранд.

Муаллифони тарҳи қонун ба нашрияи “Известия” гуфтаанд, ҷинояткорони собиқ аз кишварҳои хориҷӣ интиқолдиҳандаи эҳтимолии таҳдидҳои террористӣ ҳастанд. Ҳанӯз маълум нест, ки тарҳи қонун дар Думаи давлатӣ то куҷо дастгирӣ меёбад.

Дар пайи ҳамла ба маҷмааи “Крокус”, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар он муттаҳам шуданд, даъватҳо барои сахттар кардани қонунҳои вобаста ба муҳоҷират дар Русия зиёд шуд. Аз ҷумла, рӯзи 1 апрел Вазорати корҳои дохилии Русия пешниҳод кард, ки муҳлати будубоши муҳоҷирон дар ин кишвар дар як сол 90 рӯз таин карда шавад. Русия мизбонҳои садҳо ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аст.

XS
SM
MD
LG