Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Озод кунед." Даъвати сафири Амрико аз мақомоти Тоҷикистон


Мануэл Микаллер ва Тим Ҷонс. Душанбе, 3-юми майи 2024
Мануэл Микаллер ва Тим Ҷонс. Душанбе, 3-юми майи 2024

Дипломатҳои кишварҳои ғарбӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки ба рушди озодии баён монеа нашавад ва рӯзноманигорони зиндониро раҳо кунад.

Мануэл Микаллер, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 3-юми май (Рӯзи ҷаҳонии озодии баён) дар нишасте дар Душанбе номи ҳар яке аз онҳоро ба забон овард.

Ӯ гуфт: "Аз ин фурсат истифода бурда, боэҳтиром аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунам, ки дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳамкории судманд, он журналистонеро, ки зиндонӣ карда шудаанд, озод кунад. Аз ҷумла, Хуршед Фозилов, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Ҳушом Ғулом, Далери Имомалӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминиро."

Додгоҳҳои Тоҷикистон дар солҳои 2022 ва 2023, пас аз ҳодисаи хунин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, камаш ҳашт журналист ва блогерро аз 7 то 21 сол зиндон маҳкум карданд.

Мақомот онҳоро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ гунаҳкор донистанд, аммо худашон дар паёмҳои ҷудогона аз боздоштгоҳу зиндон гуфтаанд, ки зери фишор ва латукӯб ҷурмҳоро пазируфтанд.

Сафири ИМА раҳоии журналистони тоҷикро хост
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00

Тим Ҷонс, сафири Бритониё дар Душанбе, бо таъкид ба эҳтиром гузоштани ҳукумат ба расонаҳои мустақил гуфт, ҳукумат имкони рушди озодии баёнро дорад.

“Албатта, мушкилиҳо дар бахши озодии баён дар Тоҷикистон, аз ҷумла монеаҳо барои рушди он мавҷуданд. Ҳар як кишвар имкон дорад, ки барои озодии матбуот мусоидат кунад,” – афзуд ӯ.

Тоҷикистон дар шохис ё индекси имсолаи озодии баён, ки онро Гузоришгарони Бидуни Марз (RSF) рӯзи севуми май нашр кард, ду зина поин рафт ва дар мақоми 155-ум ҷой гирифт.

XS
SM
MD
LG