Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Хоманаӣ аз "ошӯб ва фитна" дар Эрон


Раҳбари Эрон аз эҳтимоли эҷоди "ноамнӣ ва фитна" дар интихоботи дарпешистодаи президентӣ ҳушдор дод ва номзадҳои интихобот ва тарафдорони онҳоро таҳдид кард, ки "ҳар кас алайҳи амнияти кишвар қиём кунад, бо силлии (шаппотӣ) сахте рӯбарӯ хоҳад шуд."

Оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи чаҳоршанбеи 10 май зимни суханронӣ дар Донишгоҳи Имом Ҳусейн вобаста ба Сипоҳи посдорон гуфт, ки интихобот ҳам метавоанд "мояи обрӯ бишавад ва ҳам мояи заъф ва сустиву мушкилот."

Раҳбари Эрон: "Ҳар кас алайҳи амнияти кишвар қиём кунад, бо силлии (шаппотӣ) сахте рӯбарӯ хоҳад шуд."

Вай таъкид кардааст, ки агар мардум "қонуншиканӣ ва бадахлоқӣ кунанд" ва "бо ҳарфҳои худ душманро умедвор кунанд, интихобот ба зарари мо тамом хоҳад шуд". Суханронии раҳбари Эрон дар ҳоле баён шудааст, ки вай пеш аз ин борҳо интихоботро ба нафъи кишвар ва сабаби хушҳоливу беҳбуди рӯзгори моддӣ ва маънавии миллати Эрон, дониста буд.

Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон дар суханронии рӯзи чаҳоршанбеи худ гуфтааст, ки "ҳадафи кӯтоҳмуддати душман, ба ҳам задани амният ва эҷоди ошӯб ва фитна дар кишвар аст". Вай афзуд, "агар барои бархӯрд бо масъалаи эҷоди ноамнӣ ва эҷоди фитна омода бошем, қатъан хоҳем тавонист онро хунсо кунем."

Раҳбари Эрон ҳамчунин ба бархӯрд ба эътирозгарон ба натиҷаҳои интихоботи президентии соли 2009 ишора карда ва гуфтааст, "имрӯз ҳам ҳамин тавр аст, амнияти кишвар бояд нигаҳ дошта шавад". Вай таъкид кардааст, ки "агар касе бихоҳад бар хилофи амнияти миллии кишвар коре кунад, қатъан бо силлии (шаппотӣ) сахте рӯбарӯ хоҳад шуд."

Раҳбари Эрон ҳамчунин аз номзадҳои интихобот хостааст, ки ба масоили эътиқодӣ, маҳаллӣ, забонӣ ва қавмӣ доман назананд ва "дар масири тарроҳии нотамоми душман қарор нагиранд."

Эътирозҳо ба натиҷаи интихоботи соли 2009, ки ба "Ҷунбиши сабз" маъруф аст, аммо тарафдорони раҳбари Ҷумҳурии исломӣ аз он "фитна" ёд мекунанд, чанд моҳ дар Эрон идома дошт ва тибқи гузоришҳо, ҳазорон нафар дар ин эътирозҳо боздошт ва даҳҳо нафар кушта шуданд.

Мирҳусейн Мусавӣ ва Маҳдӣ Каррубӣ, раҳбарони эътирозгарон ба натиҷаҳои интихоботи соли 2009, аз соли 2010 ба ин тараф дар ҳабси хонагӣ ба сар мебаранд. Оқои Хоманаӣ рӯзи интихоботи соли 2009 низ гуфта буд, ки "умедворем мардум талоши бадхоҳонро барои барпо кардани ноамниҳо, ноком бигзоранд."

Қабл ан ин низ раис ва бархе аз масъулони Додгоҳи олии Эрон дар бораи эҳтимоли такрори ҳодисаҳои монанд ба эътирозҳои соли 2009 ҳушдор доданд. Бахше аз ин ҳушдорҳо пеш аз радди салоҳияти Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва навъе хитоб ба ҷонибдорони ӯ буд.

Мунозираи телевизионии номзадҳои интихоботи президентии Эрон.
Мунозираи телевизионии номзадҳои интихоботи президентии Эрон.

Аммо рӯзои ахир лаҳни номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ алайҳи якдигар тундтар шудааст. Ҳасани Рӯҳонӣ ба пардохт накардани молиёт аз сӯи Остони Қудси Разавӣ эътироз карда ва Иброҳим Раисӣ -- рақиби қудратманди худро, ки дар ҳоли ҳозир раҳбарии ин макони мазҳабиро ба дӯш дорад, фарде хонд, ки дар 38 соли гузашта танҳо дар "эъдом ва зиндонӣ кардан"-и мардум даст доштааст.

Дар муқобил Иброҳим Раисӣ низ Ҳасани Рӯҳониро ба "пархошгарӣ" муттаҳам карда ва гуфтааст, "адабиёти шумо навъе тавҳин ба мардум аст. Хуб, шумо ба ҷои асабоният аз кори худ ба мардум гузориш бидиҳед. Далел надоред рақиби худро мавриди тавҳин қарор диҳед."

Интихоботи президентӣ дар Эрон рӯзи 19 май баргузор мешавад. Раиси ҷумҳур Ҳасани Рӯҳонӣ барои даври дувуми раёсати чаҳорсола вориди сабқат шудааст. Номзадҳои дигар Саид Мустафооқо Мирсалим, Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, Саид Иброҳим Раисӣ, Муҳаммадбоқир Қолибоф ва Саид Мустафо Ҳошимӣ мебошанд.

XS
SM
MD
LG