Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туризми мусалмонӣ ба Тоҷикистон: масҷиду ғизо – олӣ, хадамот - нокофӣ


Тоҷикистон дар Шохиси имсолаи туризми ҷаҳонии мусалмонӣ дар миёни 130 кишвар бо 54,7 хол дар мақоми 26-ум қарор гирифтааст. Муаллифони таҳқиқот мегӯянд, феълан ин кишвар барои мусалмонони ҷаҳонгард асосан аз назари дастрасии осон ба макони ибодат ё масҷид дастрас асту масоили дигари назири макони зист ва тамосу мухобирот беҳбуд мехоҳад.

Муаллифони таҳқиқот – ширкати бозорёбии CrescentRating ин рейтингро ҳамроҳ бо MasterCard анҷом дода мегӯянд, нашри натиҷаҳои шароити сайру саёҳат ба Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ба хотири намоиши макони роҳаттарини сайру саёҳат барои мусалмонон дар ҷаҳон аст.

Муаллифони таҳқиқот дар робита бо нишондодҳои Тоҷикистон аз роҳат будани боздид аз ин кишвар мегӯянд, ки зоҳиран дар ин кишвар барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба маконҳои ҷаҳонгардии ин кишвар ва аз назари хадамот, кори каме анҷом мешавад.

Фазал Баҳардин, раҳбари кулли ширкати CrescentRating дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз Сингапур гуфт, мизони тиҷорат ва даромад аз сайёҳони мусалмон дар ҷаҳон дар ҳоли афзоиш аст ва таҳқиқоти мазкур ба таваҷҷӯҳи кишвару дастандаркороне таҳия шудааст, ки метавонанд барои ҷалби маблағҳо ба соҳаи туризми худ аз ҳисоби сайёҳони мусалмон бурд кунанд.

Фазал Баҳардин гуфт: «Соли гузашта 121 миллион мусалмон дар саросари ҷаҳон сайру саёҳат карда, дар ҷараёни ин сафарҳо 157 миллиард долларро сарф кардаанд. Пешгӯии мо ин аст, ки то соли 2020 хароҷоти онҳо то 220 миллиард доллар афзоиш меёбад. Сабаби аввал дар афзоиши мусалмонҳо ва сабаби дигар дар афзоиши синфи миёна дар кишварҳои мусалмоннишин мебошад. Илова ба ин, сафарҳои мусалмонҳои ҷавон ҳам то рафт афзоиш меёбад”.

Муаллифони таҳқиқот дар робита бо нишондодҳои Тоҷикистон мегӯянд, зоҳиран дар ин кишвар барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба маконҳоии ҷаҳонгардии ин кишвар ва аз назари хадамот, кори каме анҷом мешавад. Нишондодҳои Тоҷикистон бахусус дар бахшҳои мисли ҷои хобу зист, мухобироту иртиботот, дастрасӣ ба кишвар, мизони сайру саёҳат поин буда, танҳо аз назари дастрасӣ ба макони ибодат ё масҷид (90 хол), хеле роҳат будааст.

Дар ҳоле, ки сафари ҳавоӣ ба Тоҷикистон бехатар арзёбӣ шуда, гирифтани виза ҳам чандон мушкил нест ва хадамоти фурудгоҳ баҳои миёна (50 хол) гирифтааст. Тоҷикистон аз назари ҷолиб будан барои сафарҳои оилавӣ бо ҳамсару фарзандон ҳам чандон маъруф набудааст ва ҳамагӣ 26 имтиёз дарёфт кардааст.

Фазал Баҳардин мегӯяд, аз назари дастрасӣ ба ғизои ҳалолу макони ибодат, Тоҷикистон ҳамчун як кишвари мусалмоннишин баҳои баланд гирифтааст, вале аз назари сафарҳои дохилии шаҳрвандон ва ҳам хориҷиҳо, тарғиби тиҷоратии ин кишвар дар баробари сайёҳони хориҷӣ ҳанӯз рушднокарда аст.

Гузориши ширкати CrescentRating соли сеюм аст, ки ҷои аввал ва баландтаринро аз назари шароити сайру саёҳати мусалмонон ба Малайзия ихтисос медиҳад. Дар панҷгонаи беҳтарин кишварҳо барои сафари мусалмонон инчунин Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Индонезия, Туркия ва Арабистони Саудӣ зикр мешаванд.

Ёдгориҳои Ҳулбук.
Ёдгориҳои Ҳулбук.

Дар ин кишварҳо, ба қавли муаллифон, аз шароити дарёфти визаву иҷораи меҳмонхона сар карда, то амнияти сафару ғизо, макони истироҳати оилавӣ то хадамоти мухобирот -- ҳама мусоид ва хеле роҳат арзёбӣ мешавад. Дар миёни ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ, Қазоқистон дар ҷои 17, Қирғизистону Узбакистон дар ҷои 25 ва 28 қарор гирифтаанд.

Мақомот дар Тоҷикистон ҳам мегӯянд, дар фикри пешбурди соҳаи ҷаҳонгардӣ мебошанд, то ки ин кишвар тавонад аз роҳи туризм буҷаи давлатро ғанӣ ва кишварро ба макони мавриди таваҷҷӯҳи меҳмонҳои хориҷӣ табдил диҳад.

Соли 2016 беш аз 312 ҳазор сайёҳи хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид карданд, ки бинобар ҳисобҳои Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, ба иқтисоди кишвар 156 миллион доллар суд овардаанд. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки дар кишварҳои ҳамсояи аз назари табиату маконҳои диданӣ монанди мисли Қирғизистон ин нишондодҳо ду баробар бештар будааст.

Дар миёни саддҳои туризм дар Тоҷикистон хадамоти заъифи сайру саёҳат, ноомода будани маконҳои зиёди ҷаҳонгардӣ ва мутахассисон барои қабулу раҳнамоии меҳмонҳои хориҷӣ ёд мешавад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG